Главная / Илм / ПРОГРАММАИ СИСТЕМАВИИ «ПОРТФЕЛ»

ПРОГРАММАИ СИСТЕМАВИИ «ПОРТФЕЛ»

Системаи оператсионии Windows программаи системавиеро пешбини намудааст, ки он Портфел (My Briefcase – Портфель) ном дошта, функсияхояш ба функсияхои портфели хакики монанд аст. Агар дар рузгор портфел барои аз як манзил ба манзили дигар кашонидани папкаю хуччатхои зарури лозим бошад, он гох портфели программави низ айнан хамин функсияро бо папкаю хуччатхои электрони ичро менамояд. Вале портфели программави хуччатхоро на ба манзилхо, балки аз як компютер ба компютери дигар мекучонад. Барои ичро намудани ин амал, яъне кучонидани информатсия кифоя аст, ки папка ва хуччатхои дахлдор ба Портфел чойгир карда шуда, пас аз он ба дискет сабт карда шаванд. Баъд дискетро ба компютери дуюм гузошта, дар он Портфелро кушодан лозим аст.

portfel-soxtan

Программаи Портфел на танхо барои кучонидани хуччатхо, балки боз барои мутобикгардонии файлхое, ки бо номи якхела дар компютерхои гуногун нигох дошта мешаванд, хизмат мерасонад. Программаи Портфел файлхои такроршавандаро меёбад ва агар онхо аз руи андозаашон аз хамдигар фарк кунанд, он гох вариантхои кухнаи файлхоро бо варианти навтарин иваз менамояд. Аз программаи Портфел истифода бурда, шумо доимо метавонед дилпур бошед, ки бо варианти охирини файл кор карда истодаед.

Барои ба воситаи Портфел аз як компютер ба компютери дигар кучонидани хуччатхо пайдарпайии амалиёти зеринро ичро намудан лозим аст.

  •  Ба воситаи программахои Компютери ман ё Рохбалад папкаи заруриро кушодан;
  •  Бо ёрии тугмаи рости муш нишонаи хуччати заруриро аз равзанаи папкаи кушодашуда ба нишонаи программаи Портфел дар Мизи кори кучонидан;
  •  Дар менюи контекстии пайдошуда сатри Создать синхронную копию (Нусхаи синхрони сохта шавад)-ро пахш намудан. Нусхаи хуччат ба Портфел сабт карда мешавад;
  •  Нишонаи папкаи Портфелро дар Мизи кори кушодан. Бовари хосил намудан, ки файли хуччати зарури дар Портфел мавчуд аст;
  •  Равзанаи Портфелро пушидан;
  •  Равзанаи Программахои Компютери ман ё Рохбаладро кушодан;
  •  Бо ёрии тугмаи рости муш нишонаи папкаи Портфелро аз Мизи кори ба болои нишонаи диски А: дар Компютери ман ё

Рохбалад гузошта, тугмаи мушро сар додан;

  •  Дар менюи контексти сатри Переместить (Кучонида шавад)-ро пахш кардан. Нусхаи Портфел ба дискет сабт карда мешавад ва нишонаи Портфел аз Мизи кори гум мешавад;
  •  Нишонаи диски А: -ро ду маротиба пахш кардан;
  •  Дар равзанаи диски А: нишонаи Портфелро ду маротиба пахш кардан;
  •  Пас аз дидани нишонаи хуччати зарури, равзанахои Портфел ва А: -ро пай дар пай пушидан;
  •  Дискетро аз компютери якум ба дискдони компютери дуюм гузоштан;
  •  Ба воситаи программахои Компютери ман ё Рохбалад равзанаи диски А: -ро кушодан;
  •  Дар равзанаи диски А: нишонаи Портфелро ду маротиба пахш карда кушодан;
  •  Дар равзанаи Портфел нишонаи хуччати заруриро ду маротибапахш кардан;
  •  Хуччатро тахрир намуда, аз нав ба диск сабт кардан;
  •  Хамаи равзанахои кушодашударо пушидан ва дискетро аз дискдон гирифтан;
  •  Бо ёрии усулхои болои аз нав нишонаи Портфелро ба Мизи кории компютери якум кучонидан.

Саволхо:

  1. Сабаби Портфел ном гирифтани программаи системави дар чист?
  2. Программаи системавии Портфел барои ичро намудани кадом намуд амалиёт пешбини карда шудааст?
  3. Портфел ба гайр аз кучонидани хуччатхо боз кадом функсияхоро ичро менамояд?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед, мазмуни мухтасари онро дар дафтар нависед ва онро накл кунед.
  2. Пешаки ягон файли дар Word сохташударо барои худ интихоб намоед. Барои ба воситаи Портфел аз як компютери синфи компютери ба компютери дигари он кучонидани матни хуччати интихобкардашуда аз пайдарпайии амалиёти дар матни мавзуъ овардашуда истифода баред.
  3. Амалиёти дар банди дуюми супориш овардашударо барои компютерхои дуюм ва сеюми синфи компютери низ такрор намоед.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

РАВАНДХОИ ИНФОРМАТСИОНИ

Тавре кайд кардем, мафхуми информатсия бо амалиётхои дарёфт, гункуни, кабул, нигахдори, захирасози, табдил, ирсол, сабт …