Главная / Илм / Витаминхо ва дигар моддахо

Витаминхо ва дигар моддахо

Витамин К – (филлохинон) дар чараёни хунбанди иштирок мекунад. Дар узвхои сабзи растанихо (испанох, карам ва гайра) инчунин дар сабзию, помидор мавчуд аст. Махсулоти чорво (гайр аз чигар) витамин К надорад.

Витамин Р – биофлавоноидхо гурухи моддахоянд, ки деворчаи рагчахои хунгузарро мустахкам менамоянд. Рутин ва ватин аз чумлаи инхоянд. Витамин Р дар чои кабуд, лиму, хурмо, ангур, олу, каламфур ва гайра мавчуданд. Витамин РР никотинамид кислотаи никотин дар организм барои оксидшавии биологи зарур аст. Дар чигар, гурда, гушт, шир, инчунин нахуд, орди гандум зиёд аст.

Дар организми одам норасоии витамини РР ба зудмондашави, бекуввати, бехоби, шамолкашии пуст оварда мерасонад.

Витамин Е – токоферол кори мушакхо ва гадудхои таносулро вусъат медихад. Дар равгани растани, чормагзи замини, чуворимакка, нахуд, испанох, чигар, зардии тухм ва шир мавчуд аст.

Кислотаи фолатсин дар чараёни хунофари иштирок ва аз камхуни мухофизат мекунад. Вай кори рударо мувозинат ва муътадил мекунад. Норасоии ин модда дар вакти кам истеъмол кардани сафеда дар таом ва  истеъмоли дорухои гуногун. Дар таркиби помидор, себ, картошка, чигар, гурда ва кабуди мавчуд аст.

Калтсий барои мустахкам кардани устухон ва дандонхо, ки дар махсулоти шири бисёртар мавчуд аст.

Фосфор барои афзоиш кардани устухон ва дандонхо хизмат карда, дар махсулоти шири бисёртар дида мешавад.

Калсий барои фаъолияти кори дил ва системаи асаб хизмат мекунад ва бисёртар дар меваю сабзавот вомехурад. Мисол, бисёртар дар картошка, каду, тарбуз, мавиз вомехурад.

Натрий асосан дар намаки оши мо онро истеъмол мекунем. Лекин онро ба микдори зиёд истеъмол кардан мумкин нест.

Охан барои харакати хун дар организм хизмат мекунад. Норасоии охан дар хурок ба камхуни оварда мерасонад. Охан асосан дар махсулоти гушти мавчудаст. 

Йод барои кори муътадили гадуди сипаршакл ёри мерасонад, ки он ба инкишоф ва афзоиши каду баст ва инкишофи организм ёри мерасонад. Норасогии Йод ба он оварда мерасонад, ки гадуди сипаршакл афзоиш ва калон шуда, ба касалии чогар гирифтор мешавад.

Йод дар намакхои оши бисёртар дида мешавад. Намаки оширо махсус йоднок менамоянд, ки барои пешгирии бемории чогар лозим аст. Мохихои бахри, хурмо ва олу бештар дар таркибашон йод доранд. Истифодаи мунтазами онхо касалихои чогарро камтар мекунад.

Фтор барои инкишоф ва афзоиши устухон ва милк ва сири дандон лозим аст. Аз обхои нушоки онро истеъмол кардан мумкин аст. Норасогии фтор ба касалихои дандон, дахон ва милки дандон оварда мерасонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …