Главная / Илм / ГИПЕРТЕНЗИЯ

ГИПЕРТЕНЗИЯ

gipertenziyaГИПЕРТЕНЗИЯ (Hypertensio; аз гипер… ва юн. tensio – шиддат), аз меъёр баланд шудани фишори моеъот (хун ё лимфа) дар рагхо. Истилохи «гипертензия»-ро барои ифодаи фишори баланди хун ё лимфа, истилохи «гипертония»-ро бошад, барои баён кардани холати мушакхо кор фармудан бехтар аст. Аммо мувофики анъанаи чандинсола истилохи «гипертония»-ро барои ифодаи «фишори баланди хун» кор мефармоянд.
Г. якумин ва дуюмин мешавад. Г.-и якумин факат ба бемории гипертони хос аст. Г.-и дуюмин баландии фишори шараёнеро мефахмонад, ки бо бемории гипертония алокаманд набуда, яке аз нишонахои бемории дигар (мас., Г.-и шараёнии дуюмин) мебошад. Чунин беморихо, ба монанди газаки гурда ва иллати рагхои он, ихтилоли кори баъзе гадудхои усораи дохили ва г. бештар ба таври нихони чараён мегиранд ва фишори баланди хун аломати нахустини онхо махсуб мешавад. Г.-и шараёнии дуюмин бисёр дучор меояд ва онро ба тарзи дигар, аз чумла тавассути чаррохи табобат мекунанд. Г.-и шараёнии якумин ва дуюминро факат духтур бо истифода аз усулхои махсуси муоина мукаррар менамояд.
Сарфи назар аз тарзи пайдоиш, Г.-и шараёниро систолави меноманд, ба шарте, ки фишори систолавии шараён багоят баланд, вале фишори диастолави андаке баланд, муътадил ё хатто то андозае паст бошад. Чунин Г.-и шараёни муоличаи таъчилиро такозо намекунад. Дар рафти табобати он (хусусан дар пирсолон) барои паст кардани фишори систолавии хун то хадди «нормали» кушидан лозим нест. Зеро ин мумкин аст боиси якбора бад гаштани харакати хун дар рагхои бинобар атеросклероз тангшуда (хусусан рагхои майна ва дил) гардад. Хангоми Г.-и шараёнии диастолави бештар фишори диастолавии хун баланд шуда, табобати бардавом ва босуботро талаб мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …