Главная / Чамъият / Коим шудани рузи киёмат

Коим шудани рузи киёмат

Коим шудани рузи киёмат

Расул алайхи-с-салом чун номи киёматро бишунавад. гуяд:

– Ё Чабраил, Хак таъоло бо уммати ман чи кард, холи гунахгорони уммати ман ба кучо расид?

-Чабраил (а) гуяд: – Ё Расулаллощ, хануз Хак субхонащу ват аъоло хеч касро аз одамиён зинда нагардонидааст. Фармуд, ки аввал ту ба хисобгощ ойь, то бо уммати ту чунон муомида кунам, ки ту рози боши.

Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам хазрати Хак таъолоро шукр кунад, либоси бихиштиро пушад, точ дар cap нихад, камари шафоат дарбандад ва бар бурок – аспи иззат савор шуда, ба арасоти киёмат хозир шавад. Баъд аз он халоикро зинда гардонад. Чун cap аз гур бароранд, аввал кушиши онхо он бошад, ки ба сари бинии худ назар кунанд, то бубинанд, ки сафедруй барангехта шудаанд ё сиёхруй, наъузу биллох. Он гох осмонхоро бинанд пора-пора шуда ва  ситорахоро бинанд фуру рехта ва дарёхо бар чуш омада ва дар якдигар чамъ шуда ва ба манзалаи як дарё гашта, куххо аз бех баркандашуда ва мисли пашми шапида шуда дар хаво паррон гашта. Хисоботи адл зохир шуда, хавлу сиёсати киёмат ба хама чо расида, хасрату надомат боло гирифта.

Халоикро дар киёмат дар хисоботи арасот панчох мавкиф биистонанд ва дар хар мавкиф хазор сол онхоро боздоранд. Алам, яъне парчам – байраки иззати хар пайгамбареро бигузоранд.

Уммати хар пайгамбаре дар пойи байраки у чамъ мешаванд. Он гох фармон шавад, то хама пайгамбарон бо уммати худ ба пойи байраки хазрати Мухаммади Мустафо (с) хозир шаванд.

Байраки Расули моро салаллоху алайхи ва саллам ливои  хамд гуянд. Он гох номахо паррон шаванд. Баъзеро номаи  аъмол ба дасти рост диханд ва баъзеро ба дасти чап. Хар кас кирдори худро бинад дар нома навишташуда, он чи карда бошад дар дунё, хама ба ёди у расонанд.

Ба хар шахс хитоб мерасад, ки эй пири умрзоеъкарда, нома  бихон ва эй чавони бебок, нома бихон, эй олими беамал, нома бихон. Эй зохиди нопорсо, нома бихон. Эй зане, ки руи худ  ба номахрам намудаи, нома бихон. Эй намозхоро аз вахт  гузаронида, нома бихон. Эй падару модарро озордода, нома бихон. Эй банда, номаи худ бихон, яъне хисоби худ худ кун, гувохи худ худ дех, козии худ худ бош, хукми худ худ баровар.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …