Главная / Илм / ГИРСУТИЗМ

ГИРСУТИЗМ

girsutizmГИРСУТИЗМ (Hyrsutismus; аз лот. hirsutus – муйдор), аз хад зиёд муй баровардани занхо. Хангоми Г. дар занхо бурут ва риш мебарояд; дар дасту по ва тан муйхои сершумор месабзанд.
Сабаби Г. асосан афзудани тарашшухи усораи гадудхои таносули мардон – андрогенхо ё зиёд шудани хассосияти бофтахо нисбат ба он аст.
Г. метавонад бунияви (конститутсияви, мас., дар занхои тандуруст) бошад; он хамчунин имкон дорад дар мавриди истифодаи андрогенхо ё пайвастхои ба онхо монанд пайдо шавад. Бисёр беморихои эндокрини (синдроми андрогенитали, омоси тухмдон ва гадуди болои гурда, акромегалия, бемории Итсенко-Кушинг) низ ба пайдоиши Г. мусоидат мекунанд. Баъзан Г. дар аснои хомилаги, давраи климакс, осебхои магзи сар (омос, энсефалит, саръ ва г.) ба мушохида мерасад. Гохо сабаби рух намудани он таъсироти гуногуни мавзеи ба пуст ё амрози пуст мебошад. Дар баъзе беморон Г. бинобар ихтилоли мубодилаи андрогенхо дар пуст ба вучуд меояд.
Барои муоличаи Г. кабл аз хама сабаби онро рафъ намудан лозим аст. Ба баъзе одамон протседурахои махсуси косметики, дорухои зиддиандрогени таъин мекунанд. Фарчоми Г. ба табобати бемории асоси вобаста аст. Ниг. низ Вирилизм.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sinto

Синтоизм: пайдоиш ва таърихи он

Синтоия /аз япони – рохи худоён/ – дини японхост, ки дар асрхои VI-VII ба вучуд …