Главная / Илм / Витаминҳо ва дигар моддаҳо

Витаминҳо ва дигар моддаҳо

Витамин К – (филлохинон) дар ҷараёни хунбандӣ иштирок мекунад. Дар узвҳои сабзи растаниҳо (испаноҳ, карам ва ғайра) инчунин дар сабзию, помидор мавҷуд аст. Маҳсулоти чорво (ғайр аз ҷигар) витамин К надорад.

Витамин Р – биофлавоноидҳо гурӯҳи моддаҳоянд, ки деворчаи рагчаҳои хунгузарро мустаҳкам менамоянд. Рутин ва ватин аз ҷумлаи инҳоянд. Витамин Р дар чои кабуд, лимў, хурмо, ангур, олу, қаламфур ва ғайра мавҷуданд. Витамин РР никотинамид кислотаи никотин дар организм барои оксидшавии биологӣ зарур аст. Дар ҷигар, гурда, гӯшт, шир, инчунин нахӯд, орди гандум зиёд аст.

Дар организми одам норасоии витамини РР ба зудмондашавӣ, беқувватӣ, бехобӣ, шамолкашии пӯст оварда мерасонад.

Витамин Е – токоферол кори мушакҳо ва ғадудҳои таносулро вусъат медиҳад. Дар равғани растанӣ, чормағзи заминӣ, ҷуворимакка, нахӯд, испаноҳ, ҷигар, зардии тухм ва шир мавҷуд аст.

Кислотаи фолатсин дар ҷараёни хунофарӣ иштирок ва аз камхунӣ муҳофизат мекунад. Вай кори рӯдаро мувозинат ва мӯътадил мекунад. Норасоии ин модда дар вақти кам истеъмол кардани сафеда дар таом ва  истеъмоли доруҳои гуногун. Дар таркиби помидор, себ, картошка, ҷигар, гурда ва кабудӣ мавҷуд аст.

Калтсий барои мустаҳкам кардани устухон ва дандонҳо, ки дар маҳсулоти ширӣ бисёртар мавҷуд аст.

Фосфор барои афзоиш кардани устухон ва дандонҳо хизмат карда, дар маҳсулоти ширӣ бисёртар дида мешавад.

Калсий барои фаъолияти кори дил ва системаи асаб хизмат мекунад ва бисёртар дар меваю сабзавот вомехӯрад. Мисол, бисёртар дар картошка, каду, тарбуз, мавиз вомехӯрад.

Натрий асосан дар намаки ошӣ мо онро истеъмол мекунем. Лекин онро ба миқдори зиёд истеъмол кардан мумкин нест.

Оҳан барои ҳаракати хун дар организм хизмат мекунад. Норасоии оҳан дар хӯрок ба камхунӣ оварда мерасонад. Оҳан асосан дар маҳсулоти гӯштӣ мавҷудаст. 

Йод барои кори мӯътадили ғадуди сипаршакл ёрӣ мерасонад, ки он ба инкишоф ва афзоиши қаду баст ва инкишофи организм ёрӣ мерасонад. Норасогии Йод ба он оварда мерасонад, ки ғадуди сипаршакл афзоиш ва калон шуда, ба касалии ҷоғар гирифтор мешавад.

Йод дар намакҳои ошӣ бисёртар дида мешавад. Намаки оширо махсус йоднок менамоянд, ки барои пешгирии бемории ҷоғар лозим аст. Моҳиҳои баҳрӣ, хурмо ва олу бештар дар таркибашон йод доранд. Истифодаи мунтазами онҳо касалиҳои ҷоғарро камтар мекунад.

Фтор барои инкишоф ва афзоиши устухон ва милк ва сири дандон лозим аст. Аз обҳои нӯшокӣ онро истеъмол кардан мумкин аст. Норасогии фтор ба касалиҳои дандон, даҳон ва милки дандон оварда мерасонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …