Главная / Гуногун / Афсонаи ширкатхои мобилии Точикистон

Афсонаи ширкатхои мобилии Точикистон

Буд набуд, будгор буд,
Замин набуд шудгор буд.

Дар як мамлакати зебову кухистони панч апаву хохар буд. Апаи Билайн-мох, Индиго-биби, Эмелте- гул, Вавилонхон ва аз хама хурди ТК – Майдагул ном доштанд.

Бо мурури замон апахову хохархо бо хам унс гирифта калон мешуданд. Чун ба воя расидан ва духтарони кадрасу зебо гардиданд, овозаю дарвоза тамоми мамлакатро фаро гирифт, хостгорхо низ пушти дари хонаи онхо аз субх то шом ва аз шаб то руз мунтазир мемонданд.
Ман хам чавони кадрасу зебо ният кардам, бо яке аз онхо ойла бунёд кунам. Ба ман бисёртар Эмелте-гул маъкул буд. Бо кади баланд, руйи гирд, дандонхои сапсафед ва муйи суп-сурхи дарозаш маро мафтун карда буд. Хулас баъди чанд соли даводаву паропар билохира Эмелте-гул рози шуду мо шартномаи акдро бо хам бастем.

shirkathoi-mobiliАз аввал бисёр зиндаги мушкил буд. Чун хангоми ба хонаи мо омадани Эмелте-гул, чандин тачхизоти рузгор аз чумла, интернет, мсн, голосовой ва як каттор лавозимоти зиндагиро бо худ наоварда буд.

Мо хам бачаи шахр, эхтиёче ба ин лавозимот надоштем. Чун эхтиёчоти худро дар интернет кафехо бароварда мекардем. Аз ин рафтори мо, Эмелте- гул норахат мешуд. Рашк окибат кори худро кард. Эмелте-гул охиста охиста ба хона интернету мсн-у дигар лавозимоти зиндагиро билохира овардан гирифт. Акнун шабхо ба куча баромадану интернет кафе билкул мамнуъ шуда буд. Харчанд лавозимоти овардаги нуксон доштанд, тез тез аз кор мебаромаданд. Ба хамаи ин нигох накарда, бори зиндаги ба души ман буд.

Аз байн чандин сол гузашт, Эмелте-гулро тамоман шинохтан намешуд. Бехудаву бахуда чангчол мебардошт. Мо бехабар гоху ногох шартхои шартномаро вайрон мекард. Бо хости дили худ онро гох боло ва гох поён меовард. Як руз нопурсида аз хона баромаду бедарак шуд, аз байн чанд руз гузашта бо симои тамоман ношинохтани вориди хона шуд.
Ба замми хамаи ин номашро хам тагир додааст. Акнун вай Эмелте- гул неву Мегафон-гул шудааст.

Хуб мо бачаи мефахмидаги ба инан хам сабрро пешша кардем. Сари хамро шамшер намебурад-гуфта аз паи зиндаги шудем. Боз аз байн чандин соли зиндагии муштарак хам гузашт. Вазъият руз ба руз хароб мешуд. Акнун дигар аз ман намепурсидаги шуд. Кай хохад, чи хел хохад шартномаро тагийр медод. Тарофахои мо кухна шуда гуфта, онро дигар мекард. Агар пеш барои интернегу нозу нузаш андак маблаг сарф мекардам, холо сарамро набардошта мегабайтам тамом шуд, зуд мегабайт биёр. Хар мо намедонам ба кадом як хеши дураш 80 дирам, хамту муфт бо ду дасти адаб бурда медодам. Мабодо агар намедодам, тамом чанд шабу чанд руз кахри мекард.

Рузе аз рузхо аз ин зиндаги хаста шудам, хостам каме хам бошад ба бахри Фесбук равам, каме хам бошад як чанд руз худро аз ин дору мадори зиндаги канор гирам. Чанд рузе дар бахри Фесбук гашту гузор карданам, бинам чор чавон ончунон бо точики гуфтугу доранд, бовар накарданист. Аз хушхоли худро ба онхо наздик кардаму яку якбора хамаашонро шинохтам. Ин чор чавон хамаш бо ман хешу табор. Агар ба лахчаи мардуми одди-якак карда гуем “бочохоям”. Осонакак карда гуям шавхарони Билайн-мох, Индиго-биби, Вавилонхон ва ТК-Майдагул. Ба гайр аз шавхари ТК-Майдагул дигар хамаашон мондаву сарсону саргардон буданд. ТК -Майдагул токат накарда, шахрванди ким кадом як мамлакати бойро сохиб шудаву шавхарашро партофта рафтааст.

Билайнмох бошад, мисли Эмелте-гул тагйири ном кардаст. ZTE мох шудаст.

Индиго-биби аз апаву хохархо кафо намонда, номи аврупои Тссел-бибиро гирифтааст.
Ахволи шавхари Тссел-биби тамоман хароб буд. Чандин бор ба назди хонаи наздикони Тссел-биби рафтааст, касе хатто ба пешвозаш набаромадааст. Билохира токати чавон ток шуда дар пушти дарвозаи волидони Тссел-биби аз у чудо шуду шартномаи акдро бидаронд.
Ягона дар байнашон Вавилонхон тагйири ном накардаасту халос. Аммо феълу рафтораш айни апаву хохараш.

Баьди сухбвтхои тулониву самими ба мани намефахмидаги маьлум гардид, ки хамон мушкилоте, ки ман дар зиндаги бо Мегафон-гул дорам, ин чор сагераи бепадари дигар хам дорад. Хама хайрону сарсону саргардон.
Рости баьди вохури намедонам чи кор кунам?! Бо шарту марти Мегафон-гул зиндаги кунам ва ё чудо шавам. Хубу ганда кариб 18 сол бо хам зиндаги дорем. Гоххо зиндагии талх гоххо ширин.

Ба кароре омадам як мохаки дигар сабро пеша кунам. Бинам агар ягон тагйироту пешрави дар рафтору гуфтори Мегафон-гул пайдо нашавад, аз Мегафон-гул чудо мешаваму баркасдона яке аз апаву е хохарашро мегирам. Туй медихам ва хамаи Шумо азизонро ба оши нахору рестаран даъват мекунам))).

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …