Главная / Чамъият / Васваса кардани шайтони лаъин

Васваса кардани шайтони лаъин

Васваса кардани шайтони лаъин

Чун банда дар сакароти мавт афтад, шайтони лаъин назди вай ояд ва гуяд: – Эй мискин, хеч медони, ки чандин захмат ва машаккат, ки бар ту ниходаанд, аз барои чист? Ин хама аз барои он аст, ки ту мусулмони, тарк аз ин дин кун, то аз ин хама машаккатхо бирахи.

Агар банда дар дин кавви бошад, гуяд: – Эй малъуни хомтамаъ, дигар хаваси ту аз ман пухта нагардад, ман хама машаккатхоро аз барои ин дин ихтиёр кардаам ва умеди растагори ба баракати ин дин дорам. Баргард, ки максуди ту аз ин барнаёяд.

Пас шайтон аз вай ноумед шавад ва баргардад. Ва агар он бечора дар дин суст бошад ва бар хавои нафс рафта бошад, шайтонро фармонбардори кунад ва имон аз вай зоил шавад ва ба куфр равад. Наъузу биллох.

Расулуллох (с) фармуданд, ки хар мусулмоне бигзарад ба гуристоне аз гуристонхои мусулмонон, ахли гуристон гуянд: – Эй гофил, агар бидони он чи мо медонем, хар оина об шавад гушти ту бар тани ту.

Эй дарвеш, аз корсози марг гофил мабош ва тушаи охират бисёр кун, ки марг сафари дароз аст, то ба кай дар бозичаи дунё саргардон боши? Аз холи гузаштагон ибрат гир:

Ба дунё дил набандад хар ки мард аст,

Ки дунё cap ба cap андуху дард аст.

Ба гуристон назар кун, то бубини,

Ки даврон бо рафиконат чи кардаст.

Расули акрам (с) фармуданд: – Медарояд дар кабр бар мурда фаришта пеш аз он ки дохил шаванд мункару накир. Медурахшад руи у монанди офтоб. Номи он фаришта Румон аст ва он фаришта мурдаро менишонад. Пас мегуяд мурдаро: бинавис он чи амал кардан аз некию бади?

Он банда ба фаришта гуяд: – Ба калом чиз бинависам? Кучост калами ман ва давоту сиёхии ман?

Он фаришта гуядаш: – Барои ту калами ту ангушти туст ва давоти ту дахони туст ва сиёхии ту оби дахони туст.

Он фаришта пурсад: – Бар кадом чиз бинависам чун нест барои ман когазе.

Пас чудо кунад он фаришта аз кафани вай як ракьа ва бидихад уро ва гуяд:

– Ин аст когази ту, пас бинавис бар вай он чи амал карди дар дунё аз неки ва бади.

Пас менависад он чи амал кардааст дар дунё аз хайру неки. Вале дар навиштани бади он мурда аз фаришта хаё кунад. Фаришта уро гуяд: – Эй хатокунанда, вакте ки он бадиро дар дунё мекарди, оё хаё намекарди аз Офарандаи худ ва хаё мекуни алхол аз ман?

Пас бардорад фаришта гурз, то уро бизанад.

Он банда гуяд: – Аз ман гурзро бардор, то он бадихоро бинависам,

Пас бинависад хамаи некихову бадихои худро. Фаришта вайро амр кунад, ки печонад он сафхаро ва мухр кунад. Онро печонад ва гуяд: – Ба кадом чиз мухр кунам онро чун мухр бо ман нест?

Фаришта гуяд, ки мухр кун уро ба нохуни худ.

Пас мухр кунад он сахифаро ба нохуни худ ва онро фаришта дар гардани он шахс то рузи киёмат биёвезад.

Чунончи Худои таъоло фармуд, ки хар инсонро лозим кардаем мо амалномаи уро дар гардани вай.

Баъд аз он мункару накир дохил шавад.

Хамчунин гунахгор амалномаи худро рузи киёмат бинад ва Худои таъоло уро ба хондани он амр кунад. Бихонад у некихои худро ва чун расад ба хондани бадихои худ, хомуш шавад..

Пас гуяд Худои таъоло: – Чаро намехони?

Банда гуяд, ки хаё мекунам аз ту, эй Парвардигори ман.

Худои таъоло гуяд: – Чаро хаё намекарди дар дунё ва алхол хаё мекуни?

Пас, он вакт банда пушаймон шавад, вале уро пушаймони фоида накунад. Пас, фармояд Худои таъоло ба фариштагон: – Бигиред урову тавк ба гардан кунед. Пас ба дузах баред вайро.

Бидонед, кабр охирин манзили дунё ва аввалин манзили охират аст. Ва он равзае хохад буд аз равзахои бихишт ё кандае аз кандахои дузах ва агар дар гур хеч азоби дигар набошад, чуз он ки бандаро зинда гардонанд дар кабр, бечора чашм бикушояд ва худро дар гур бинад.

Бингар, ки хамин чи азобе бувад, ки то киёмат он чо мебояд буд.

Азоби гур хак аст, мар хама кофирону мушрикон ва мунофикону баъзе муъминони осиро.

Азоби гур рухро бошад, мисоли он шахсе дар бог бошаду он чо пур аз гулу риёхин асту обхои равон. Ва у бар тахте хобу чамъи мохруён ба гирди вай халка зада ва ногох ба хоб мебинад, ки уро дар танури оташин меандозанд ё мекушанд, ё мисли он чизхо мебинаду бисёр метарсад. Хол он ки у дар хоб мушохида мекунад дар он боги худ аз ин азобхо мавчуд нест.

Пас, он рухи вай аст, ки ин корхоро тамошо мекунад. Ва он макрухи ва нохуши бо вай мерасад. Боз мисоли рохати гур чунон аст, ки масалан, шахсе дар хонаи тангу торик хуфта бошад, баруи хок танхо, ногох мебинад, ки дар бог ва бустон аст, дар миёни гулу риёхин ва неъматхо ва обхои равон ва

мохруён ба гирди вай нишаста ва у аз онхо дар айни лаззат ва рохат, ногох бедор шавад, маълум шавад, ки онхоро ба хоб дида аст. Ва дар он хонаи тангу торик аз онхо хеч набудааст, балки он рухи вай буда, ки инхо мушохидаи вай щудааст. Ин намудориест, мар азоби гур ва рохати гурро.

Азоби охират рух ва тан хар дуро бошад ва мисоли вай чунон аст, ки дар каряе нобиное ва ланге бошад. Ва онхоро бо якдигар мулокот бошад, яке мар дигареро гуяд, ки эй бародар, иштихои ангур дорам, бубин, то аз кучо хосил мекунем? Ланг гуяд: дар боги фалон Хоча ангур аст, аммо маро пой нест, ки биравам ва ангур орам. Нобино гуяд, ман пой дорам, аммо чашм надорам, надонам, ки аз кадом суй мебояд рафт. Шал гуяд, ман чашми ту мешавам ва ту пои ман шав, то биравем ва ангур орем. Хар ду бар ин иттифок карданд, шал бар гардани нобино нишаст ва уро рох нишон медод, то расиданд ба пои девори бог. Ланг бар сари девор рафт ва дасти нобино гирифт ва ба бог фуру гузошт ва хар ду бо хам рафтанд, то пои дарахти ангур. Ва он микдор, ки хостанд, ангур чиданд. Касд карданд, ки боз гарданд, ногох сохиби бог дар бикушод ва даромад.

Дид, ки девор рахна кардаанд ва ангур чида ва рохи гурез металабанд. Бонг бар онхо зад, ки чаро беичозат ба бог даромадед.

Шал гуяд: – Эй Хоча, ту медони, ки ман пои рафтан надорам ва харгиз боги туро надидаам ва рох намедонистам. Ин кур маро овард.

Кур гуяд, ки, эй Хоча, ту медони, ки ман чашм надорам ва рохро намебинам, ин ланг маро овардааст.

Дар шарь ва дар урфу одат узри хеч як аз инхо шунида намешавад, чунки хар ду ин кор кардаанд. Агар аз онхо авф кунад, караму мурувват ба чой оварда бошад ва агар зарбу лат кунад, низ хар ду мустахиканд.

Хамчунин фардои киёмат Хак таъоло хитоб кунад рухро, ки эй рух, чаро дар ман оси шуди?

Гуяд: – Худовандо, ту донотари, ки то ман мусохиби тан  нагашта будам ва дар олами арвох будам. Аз ман нофармони намеомад, хар чи кард, тан кард. Танро хитоб расад, ки эй  тан, чаро маъсият ва гунох карди? Тан гуяд: Худоё, вакте ки  рух ба ман набуд, чизи бечон будам ва аз ман неки ва бади  намеомад, харчи кард, рух кард. Ин чо низ узри хеч кадомаш  кабул карда намешавад, чун ки гунох ба ёрии якдигар кардаанд.  Пас, Хак таъоло агар гунох аз онхо авф кунад ва онхоро ба  бихишт фиристад, фазл карда бошад ва агар ба дузах фиристад  ва азоб кунад, адл карда бошад. Пас, собит шуд, ки азоби гур рухрост ва азоби киёмат рух ва тан хардуро бошад.

Хикоят. Муддати хафтод сол кори пире гур кандан буд.  Рузе бузурге аз вай савол кард, ки дар ин муддат, ки ин кор мекуни чи чизи ачибе диди?

Гуфт: – Рузе гур мекандам, ки гури дигар пайдо шуд.  Мурдае дар он гур буд, ки хама аъзои вай хок шуда буд, магар  як пойи вай барчой монда буд. Назар карда дидам, ки аз як тарафи лахад каждуме багоят калон биёмад ва неш бар он  пой зад. Он пой тапидан гирифт ва каждум ба чои худ бозгашт.  Чун аз тапидан бозистод, боз он каждум биёмаду неш бар  вай зад. Хамчунин хар гох, ки пой ором гирифти, он каждум  меомаду неш бар он мезад. Ин гувохи он аст, ки азоби гур хакаст.

Хикоят. Хоча Рахматуллох гуфт, ки рузе ба шахре расидам, ки дар он чо мардуме мурда буданд. Чунон ки одати авомхои  онвакта буд, сари гури онхоро меканданд, ки шояд кафан дардахан кашида бошанд.

Чустучу карданд. Аввал хамомчие мурда буд, сари гури вай  бикушоданд. Он бечора cap то пой сухта, хокистар шуда буд. Мардум аз каряхо меомаданду медиданду ибрат мегирифтанд, тo бидони, ки азоби гур хак аст. Пас, эй бародар, ин хама хатар, ки дар пеш дори, ба кори киёмати худ машгул шав ва аз холи гузаштагон ибрат гир.

Чони бандаи муьмину саъодатмандро чунон гиранд, ки обе аз машк ба осони мебарояд. Чони кофирро чунон гиранд, ки сихкабобро аз пашми тар кардашуда мегиранд.

Медароянд дар кабр ду фаришта. Сахтдилу сиёхранг ва сабзчашм, ки овози онхо монанди раъд сахтовоз бошад. Ва чашмхои онхо монанди барки хиракунандаи бинои, бишкофанд заминро ба чанголхои худ ва онхо Мункару Накиранд.

Пас, онхо мурдаро чунбонида бархезонанд ва шинонанд урову гуянд: – Кист рабби ту? Яъне кист Худои ту ва кист Пайгамбари ту ва чист дини ту?

Агар он мурда аз ахди некбахтон бошад, бигуяд, ки рабби ман Аллохи вохид аст ва Пайгамбари ман Мухаммади Мустафо (с) аст ва дини ман ислом аст.

Пас, Мункару Накир вайро гуянд:! Хоб кун, монанди хоб кардани арус, он ки бедор накунад уро магар дусттарин ахли у. Ва Мункару Накир назди сари у дар кабраш як сурох бикушоянд. Пас, назар кунад аз он сурох ба суи манзили худ ва чои нишастани худ дар чаннат то рузи киёмат. Ва у аз сахтихо ва тангихои гур хеч хис накунад.

Агар мурда, Худо панох дихад, кофир бошад, уро гуянд: – Рабби ту кист?

Гуяд: – Ох-ох намедонам.

Пас Мункару Накир уро гуянд: – Надонисти ва нахонди ту.

Пас, овоз кунад уро овозкунандае аз чониби Худои азза ва чалла, ки бизанед уро гурзе аз охан ва бизананд уро. Агар хама махлук чамъ шаванд, он гурзро аз пахлуе ба пахлуи дигар  гардонида натавонанд. Пас кабри у шуълавару танг шавад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …