Главная / Чамъият / Китоби иктисоди корхона

Китоби иктисоди корхона

Гирифтани китоби «Иктисоди корхона – ташкилот» дар ин сахифа ройгон аст. Китоб ба забони точики – электрони аст. Скачать >>>> 

Корхона рукни таркибй ва басо мухими иктисоди муосир махсуб мешавад ва накшу ахамияти он дар шароити гузариш ба низоми муносибатхои бозори беш аз пеш меафзояд. Иктисоди корхона (ташкилот)-хо хамчун фанни таълими дар мактабхои тахсилоти олии касбии кишвар омухта мешавад.

Таъмини рушди устувори иктисоди милли ва баланд бардоштани обрую эътибори кишвари сохибистиклоли Точикистон аз босифат тайёр кардани кадрхои сохибкасб, лаёкатманд ва чавобгу ба такозои бозори мехнат вобастагии бевосита дорад.

Китоби иктисоди корхона Накши донишхои хамачонибаи назарияви, мегодологи ва малакахои амалии касби дар ичрои муваффаконаи тахлил ва накшагирии фаъолияти хочагии корхонахо, пешгуихои асосноки нишондихандахои иктисоди барои даврахои кутох, миёна ва дарозмуддат, тахияи лоихахои навоваронаи сармоягузори бенихоят калон аст.

Дар замони муосир ташаккули фикрронии эчодкорона, мустакилона ва сахмгирии шахси дар тартиб додани хулоса ва пешниходхои судманд барои кабули карорхои дурусти идоракуни ва истифодаи окилонаи ресурсхои махдуди иктисоди, бемайлон баланд бардоштани сатхи самарабахши фаъолияти иктисоди ахамияти аввалиндарача пайдо мекунанд.

Аммо нарасидани китоби дарси, хусусан ба забони давлати-точики барои донишчуён вокеан монеаи чидии эчод месозад.

Китобе, ки холо ба таваччухи хонандагон пешниход мегардад, махз бо дастгирии Шурои илми-методии Донишгохи давлатии тичорати Точикистон ва бо карори мушовараи Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон хамчун китоби дарси барои муассисахои тахсилоти олии кишвар тавсия шудааст. Дар ин маводи таълими талаботи накшахои нави таълими ва стандартнхои давлатии тахсилоти олии касби барои ихтисосхои иктисоди ба назар гирифта шудааст.

Дар чараёни тайёр намудани ин китоб маводи таълимие, ки дар кишвархои ИДМ солхои охир аз ин фанн ба забони руси нашр гардидаанд, ба эътибор гирифта шудаанд. Аммо хусусиятхои татбики амалии ислохоти иктисоди бозори дар фаъолияти корхонахои истехсоли ва тичорати таи солхои сохибистиклолии давлатии Точикистон мавкеи хос касб намуд.

Муаллифон аз хонандагони азизу арчманд, ки фикру андешахои бегаразона барои дар оянда такмил додани мундарича ва мазмуну мухтавои китоби мазкур иброз медоранд, эхтиромона арзи сипос менамоянд.

Муаллифони китоб ба хаммухаррир – д.и.и., профессор Шарипов М.М., ба мукарризон: д.и.ц., профессорон – Обидов Ф.О., Низомова Т.Д., Рачабов Р.К., н.и.и., дотсент -Шаропов Ф.Р. ва хамкасбон барои ибрози акида, эрод ва пешниходхои судманд самимона минатдори изхор менамоянд.

Ба мухтарам Наср Бобои Сарфароз барои эродхо ва маслихатхои пурарзиш сипосгузорем. Скачать >>>> 

Сурогаи мо: ш. Душанбе, кучаи А. Дехоти 1/2,

Донишгохи давлатии тичорати Точикистон.

E-mail: tguk@mail.ru

www.tguk.tj

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …