Главная / Гуногун / Карзи имтиёзноки Хазинаи байналмилалии асъор

Карзи имтиёзноки Хазинаи байналмилалии асъор

Карзи имтиёзноки Хазинаи байналмилалии асъор ба сохахои гуногуни иктисоди милли равона мегардад

189,0 миллион доллари амрикои карзи имтиёзноки Хазинаи байналмилалии асъор, ки ба Чумхурии Точикистон чудо гардидааст, бо дарназардошти вазъи имрузаи иктисоди ва эхтимоли зиёди кохиши хачми даромадхои бучети давлати дар соли 2020, бо бартарият барои ичрои ухдадорихои ичтимоии давлат, аз чумла пардохти музди мехнат ва дигар пардохтхои ичтимои, зиёд намудани хачми маблаггузорихо ба сохаи тандурусти, афзоиши хачми кумакхои унвонии ичтимои барои оилахо ва шахрвандони камбизоат, инчунин, хизматрасонии карзи беруна ва маблаггузории дигар сохахои иктисоди милли равона карда мешаванд. Дар ин бора Вазорати молияи Чумхурии Точикистон иттилоъ медихад.

Мавриди зикр аст, ки ХБА аввали мохи марти соли 2020 чихати дастгирии молиявии кишвархои аъзои ин созмон чихати чудо намудани кумаки молияви дар хачми 1 триллион доллари амрикои хабар дода буд. Дар баробари дигар кишвархои аъзо Чумхурии Точикистон барои дарёфти карзи очили ва имтиёзноки ХБА нимаи аввали мохи марти соли 2020 расман мурочиат намуд. Дархости Хукумати Чумхурии Точикистон аз чониби ин созмони молиявии чахони кабул гардида, гуфтушунидхо тахти сарпарастии хонум Падмажа Ханделвал аз чониби ХБА ва муовини якуми Сарвазири Чумхурии Точикистон Давлатали Саид аз чониби Чумхурии Точикистон фавран шуруъ шуданд. Дар натичаи ин гуфтушунидхо чонибхо барои чалби 80 фоизи квотаи карзгирии барои Чумхурии Точикистон муайяншуда, яъне 189,0 млн доллари амрикои хамчун карзи имтиёзноки дарозмуддат барои 10 сол бо 5 соли имтиёзи ба тавофук расиданд.

Рохбарияти Хазинаи байналмилалии асъор 6 майи соли равон барои ба Чумхурии Точикистон чудо намудани 189,0 млн доллари амрикои карзи имтиёзнок карор кабул намуд ва маблагхои мазкур 8 майи соли 2020 ба суратхисоби махсуси Вазорати молияи Чумхурии Точикистон дар Бонки миллии Точикистон ворид шуданд.
Мутобики шартхои карзгирии очилии Хазинаи байналмилалии асъор, Хукумати Чумхурии Точикистон ухдадор аст, ки хар семоха дар сомонахои расми хисоботи истифодаи маблагхои чудогардида, инчунин, хамасола натичаи санчиши истифодаи ин маблагхоро, ки бояд аз чониби

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …