Главная / Илм / БЕДАРДГАРДОНи

БЕДАРДГАРДОНи

bedardgardoniБЕДАРДГАРДОНи (Analgesia, anaesthesia), аналгезия, бартараф ё пешгири кардани хисси дардест, ки хангоми чаррохи, зарбу лат, баъзе беморихо ва амалиёти муоличавию ташхиси пайдо мешавад. Усулхои Б. ду гуруханд: умуми ё наркоз ва чузъи.
Кашфи Б. комёбии бузург буда, боиси пешрафти илми чаррохи гашт. Аз даврахои кадим табибон кушиш мекарданд, ки хангоми иллат ёфтан ва чаррохи аз Б. истифода баранд. Барои ин ба чое, ки бояд чаррохи мешуд, ях мемонданд ё майро истифода мебурданд. Факат баъд аз кашфи наркоз (с. 1846) имконияти Б.-и мукаммал пайдо шуд. Вале наркози пештара чихатхои манфи хам дошт, яъне он як андоза хавфнок хам буд. Махз барои хамин роххои гуногуни Б.-и чузъиро ба кор мебурданд. Дар инкишофи Б. олими намоёни рус А.В. Вишневский, ки усулхои оддии Б.-и чузъи (анестезияи чузъи)-ро пешниход кардааст, сахми калон дорад. Вобаста ба хусусияти чаррохи Б.-ро бо тарзи гуногун мегузаронанд. Мас., хангоми чаррохи дар гузаи чашм бо максади Б. ба чашм махлули кокаин ё дикаин мечаконанд; барои чаррохии сабуктар, мас., дар чавфи бини ё халку димог пешаки ба пардахои луобии он чо хамин махлулхоро мемоланд. Баъзан барои Б.-и кисми муайяни бадан маводи рафъи дард (бештар новокаин)-ро бевосита ба хамон чое, ки асаб мегузарад, тазрик мекунанд. Чунин усули Б.-ро бештар дар стоматология (мас., дандонкани), чаррохии ангушт ва г. истифода мебаранд. Бештар карахтсозии чузъии инфилтративи (иртишохи) маъмул аст. Барои ин махлули новокаинро бо сузан фиристода, бофтахоро бехис месозанд. Ин усули Б. хатто барои гузарондани чаррохии вазнин хам имкон медихад. Дар вакти ба найчаи хароммагз тарзик намудани доруи рафъи дард, вай ба асабхои хароммагз таъсир мерасонад. Чунин усули Б. анестезияи хароммагз ном дорад. Дарёфти усулхои наву бехатари наркоз имкон медихад, ки Б.-и чузъи кам истифода шавад. Вале бо вучуди ин хангоми амалиёти чаррохии хурд ва кутохмуддат, хамчунин дар аснои ба бемор зиён доштани наркоз, Б.-и чузъиро фаровон кор мефармоянд. Ба такмили минбаъдаи усулхои Б. анестезиология машгул аст.

М.К. Гулов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …