Главная / Ҷамъият / Васваса кардани шайтони лаъин

Васваса кардани шайтони лаъин

Васваса кардани шайтони лаъин

Чун банда дар сакароти мавт афтад, шайтони лаъин назди вай ояд ва гӯяд: – Эй мискин, ҳеҷ медонӣ, ки чандин заҳмат ва машаққат, ки бар ту ниҳодаанд, аз барои чист? Ин ҳама аз барои он аст, ки ту мусулмонӣ, тарк аз ин дин кун, то аз ин ҳама машаққатҳо бираҳӣ.

Агар банда дар дин қаввӣ бошад, гӯяд: – Эй малъуни хомтамаъ, дигар ҳаваси ту аз ман пухта нагардад, ман ҳама машаққатҳоро аз барои ин дин ихтиёр кардаам ва умеди растагорӣ ба баракати ин дин дорам. Баргард, ки мақсуди ту аз ин барнаёяд.

Пас шайтон аз вай ноумед шавад ва баргардад. Ва агар он бечора дар дин суст бошад ва бар ҳавои нафс рафта бошад, шайтонро фармонбардорӣ кунад ва имон аз вай зоил шавад ва ба куфр равад. Наъузу биллоҳ.

Расулуллоҳ (с) фармуданд, ки ҳар мусулмоне бигзарад ба гӯристоне аз гӯристонҳои мусулмонон, аҳли гӯристон гӯянд: – Эй ғофил, агар бидонӣ он чӣ мо медонем, хар оина об шавад гӯшти ту бар тани ту.

Эй дарвеш, аз корсози марг ғофил мабош ва тӯшаи охират бисёр кун, ки марг сафари дароз аст, то ба кай дар бозичаи дунё саргардон бошӣ? Аз ҳоли гузаштагон ибрат гир:

Ба дунё дил набандад ҳар кӣ мард аст,

Ки дунё cap ба cap андӯҳу дард аст.

Ба гӯристон назар кун, то бубинӣ,

Ки даврон бо рафиқонат чӣ кардаст.

Расули акрам (с) фармуданд: – Медарояд дар қабр бар мурда фаришта пеш аз он ки дохил шаванд мункару накир. Медурахшад рӯи ӯ монанди офтоб. Номи он фаришта Румон аст ва он фаришта мурдаро менишонад. Пас мегӯяд мурдаро: бинавис он чӣ амал кардан аз некию бадӣ?

Он банда ба фаришта гӯяд: – Ба калом чиз бинависам? Куҷост қалами ман ва давоту сиёҳии ман?

Он фаришта гӯядаш: – Барои ту қалами ту ангушти туст ва давоти ту даҳони туст ва сиёҳии ту оби даҳони туст.

Он фаришта пурсад: – Бар кадом чиз бинависам чун нест барои ман коғазе.

Пас ҷудо кунад он фаришта аз кафани вай як рақьа ва бидиҳад ӯро ва гӯяд:

– Ин аст коғази ту, пас бинавис бар вай он чӣ амал кардӣ дар дунё аз некӣ ва бадӣ.

Пас менависад он чӣ амал кардааст дар дунё аз хайру некӣ. Вале дар навиштани бадӣ он мурда аз фаришта ҳаё кунад. Фаришта ӯро гӯяд: – Эй хатокунанда, вақте ки он бадиро дар дунё мекардӣ, оё ҳаё намекардӣ аз Офарандаи худ ва ҳаё мекунӣ алҳол аз ман?

Пас бардорад фаришта гурз, то ӯро бизанад.

Он банда гӯяд: – Аз ман гурзро бардор, то он бадиҳоро бинависам,

Пас бинависад ҳамаи некиҳову бадиҳои худро. Фаришта вайро амр кунад, ки печонад он сафҳаро ва мӯҳр кунад. Онро печонад ва гӯяд: – Ба кадом чиз мӯҳр кунам онро чун мӯҳр бо ман нест?

Фаришта гӯяд, ки мӯҳр кун ӯро ба нохуни худ.

Пас мӯҳр кунад он саҳифаро ба нохуни худ ва онро фаришта дар гардани он шахс то рӯзи қиёмат биёвезад.

Чунончи Худои таъоло фармуд, ки ҳар инсонро лозим кардаем мо амалномаи ӯро дар гардани вай.

Баъд аз он мункару накир дохил шавад.

Ҳамчунин гунаҳгор амалномаи худро рӯзи қиёмат бинад ва Худои таъоло ӯро ба хондани он амр кунад. Бихонад ӯ некиҳои худро ва чун расад ба хондани бадиҳои худ, хомӯш шавад..

Пас гӯяд Худои таъоло: – Чаро намехонӣ?

Банда гӯяд, ки ҳаё мекунам аз ту, эй Парвардигори ман.

Худои таъоло гӯяд: – Чаро ҳаё намекардӣ дар дунё ва алҳол ҳаё мекунӣ?

Пас, он вақт банда пушаймон шавад, вале ӯро пушаймонӣ фоида накунад. Пас, фармояд Худои таъоло ба фариштагон: – Бигиред ӯрову тавқ ба гардан кунед. Пас ба дӯзах баред вайро.

Бидонед, қабр охирин манзили дунё ва аввалин манзили охират аст. Ва он равзае хоҳад буд аз равзаҳои биҳишт ё кандае аз кандаҳои дӯзах ва агар дар гӯр ҳеҷ азоби дигар набошад, ҷуз он ки бандаро зинда гардонанд дар қабр, бечора чашм бикушояд ва худро дар гӯр бинад.

Бингар, ки ҳамин чӣ азобе бувад, ки то қиёмат он ҷо мебояд буд.

Азоби гӯр ҳақ аст, мар ҳама кофирону мушрикон ва мунофиқону баъзе мӯъминони осиро.

Азоби гӯр рӯҳро бошад, мисоли он шахсе дар боғ бошаду он ҷо пур аз гулу риёҳин асту обҳои равон. Ва ӯ бар тахте хобу ҷамъи моҳрӯён ба гирди вай ҳалқа зада ва ногоҳ ба хоб мебинад, ки ӯро дар танӯри оташин меандозанд ё мекушанд, ё мисли он чизҳо мебинаду бисёр метарсад. Ҳол он ки ӯ дар хоб мушоҳида мекунад дар он боғи худ аз ин азобҳо мавчуд нест.

Пас, он рӯҳи вай аст, ки ин корҳоро тамошо мекунад. Ва он макрӯҳӣ ва нохушӣ бо вай мерасад. Боз мисоли роҳати гӯр чунон аст, ки масалан, шахсе дар хонаи тангу торик хуфта бошад, баруи хок танҳо, ногоҳ мебинад, ки дар боғ ва бӯстон аст, дар миёни гулу риёҳин ва неъматҳо ва обҳои равон ва

моҳрӯён ба гирди вай нишаста ва ӯ аз онҳо дар айни лаззат ва роҳат, ногоҳ бедор шавад, маълум шавад, ки онҳоро ба хоб дида аст. Ва дар он хонаи тангу торик аз онҳо ҳеҷ набудааст, балки он рӯҳи вай буда, ки инҳо мушоҳидаи вай щудааст. Ин намудориест, мар азоби гӯр ва роҳати гӯрро.

Азоби охират рӯҳ ва тан ҳар дуро бошад ва мисоли вай чунон аст, ки дар қаряе нобиное ва ланге бошад. Ва онҳоро бо якдигар мулоқот бошад, яке мар дигареро гӯяд, ки эй бародар, иштиҳои ангур дорам, бубин, то аз куҷо ҳосил мекунем? Ланг гӯяд: дар боғи фалон Хоҷа ангур аст, аммо маро пой нест, ки биравам ва ангур орам. Нобино гӯяд, ман пой дорам, аммо чашм надорам, надонам, ки аз кадом сӯй мебояд рафт. Шал гӯяд, ман чашми ту мешавам ва ту пои ман шав, то биравем ва ангур орем. Ҳар ду бар ин иттифоқ карданд, шал бар гардани нобино нишаст ва ӯро роҳ нишон медод, то расиданд ба пои деворӣ боғ. Ланг бар сари девор рафт ва дасти нобино гирифт ва ба боғ фурӯ гузошт ва ҳар ду бо ҳам рафтанд, то пои дарахти ангур. Ва он микдор, ки хостанд, ангур чиданд. Қасд карданд, ки боз гарданд, ногоҳ соҳиби боғ дар бикушод ва даромад.

Дид, ки девор рахна кардаанд ва ангур чида ва роҳи гурез металабанд. Бонг бар онҳо зад, ки чаро беиҷозат ба боғ даромадед.

Шал гӯяд: – Эй Хоҷа, ту медонӣ, ки ман пои рафтан надорам ва ҳаргиз боғи туро надидаам ва роҳ намедонистам. Ин кӯр маро овард.

Кӯр гӯяд, ки, эй Хоҷа, ту медонӣ, ки ман чашм надорам ва роҳро намебинам, ин ланг маро овардааст.

Дар шарь ва дар урфу одат узри ҳеҷ як аз инҳо шунида намешавад, чунки ҳар ду ин кор кардаанд. Агар аз онҳо авф кунад, караму мурувват ба ҷой оварда бошад ва агар зарбу лат кунад, низ ҳар ду мустаҳиқанд.

Ҳамчунин фардои қиёмат Ҳақ таъоло хитоб кунад рӯҳро, ки эй рӯҳ, чаро дар ман осӣ шудӣ?

Гӯяд: – Худовандо, ту донотарӣ, ки то ман мусоҳиби тан  нагашта будам ва дар олами арвоҳ будам. Аз ман нофармонӣ намеомад, ҳар чи кард, тан кард. Танро хитоб расад, ки эй  тан, чаро маъсият ва гуноҳ кардӣ? Тан гӯяд: Худоё, вақте ки  рӯҳ ба ман набуд, чизи беҷон будам ва аз ман некӣ ва бадӣ  намеомад, ҳарчи кард, рӯҳ кард. Ин ҷо низ узри ҳеҷ кадомаш  қабул карда намешавад, чун ки гуноҳ ба ёрии яқдигар кардаанд.  Пас, Ҳақ таъоло агар гуноҳ аз онҳо авф кунад ва онҳоро ба  биҳишт фиристад, фазл карда бошад ва агар ба дӯзах фиристад  ва азоб кунад, адл карда бошад. Пас, собит шуд, ки азоби гӯр рӯҳрост ва азоби қиёмат рӯҳ ва тан ҳардуро бошад.

Ҳикоят. Муддати ҳафтод сол кори пире гӯр кандан буд.  Рӯзе бузурге аз вай савол кард, ки дар ин муддат, ки ин кор мекунӣ чӣ чизи аҷибе дидӣ?

Гуфт: – Рӯзе гӯр мекандам, ки гӯри дигар пайдо шуд.  Мурдае дар он гӯр буд, ки ҳама аъзои вай хок шуда буд, магар  як пойи вай барҷой монда буд. Назар карда дидам, ки аз як тарафи лаҳад каждуме бағоят калон биёмад ва неш бар он  пой зад. Он пой тапидан гирифт ва каждум ба ҷои худ бозгашт.  Чун аз тапидан бозистод, боз он каждум биёмаду неш бар  вай зад. Ҳамчунин ҳар гоҳ, ки пой ором гирифтӣ, он каждум  меомаду неш бар он мезад. Ин гувоҳи он аст, ки азоби гӯр ҳақаст.

Ҳикоят. Хоҷа Раҳматуллоҳ гуфт, ки рӯзе ба шаҳре расидам, ки дар он ҷо мардуме мурда буданд. Чунон ки одати авомҳои  онвақта буд, сари гури онҳоро меканданд, ки шояд кафан дардаҳан кашида бошанд.

Ҷустуҷӯ карданд. Аввал ҳамомчие мурда буд, сари гӯри вай  бикушоданд. Он бечора cap то пой сӯхта, хокистар шуда буд. Мардум аз қаряҳо меомаданду медиданду ибрат мегирифтанд, тo бидонӣ, ки азоби гӯр хақ аст. Пас, эй бародар, ин ҳама хатар, ки дар пеш дорӣ, ба кори қиёмати худ машғул шав ва аз ҳоли гузаштагон ибрат гир.

Ҷони бандаи мӯьмину саъодатмандро чунон гиранд, ки обе аз машк ба осонӣ мебарояд. Ҷони кофирро чунон гиранд, ки сихкабобро аз пашми тар кардашуда мегиранд.

Медароянд дар қабр ду фаришта. Сахтдилу сиёҳранг ва сабзчашм, ки овози онҳо монанди раъд сахтовоз бошад. Ва чашмҳои онҳо монанди барқи хиракунандаи биноӣ, бишкофанд заминро ба чанголҳои худ ва онҳо Мункару Накиранд.

Пас, онҳо мурдаро ҷунбонида бархезонанд ва шинонанд ӯрову гӯянд: – Кист рабби ту? Яъне кист Худоӣ ту ва кист Пайғамбари ту ва чист дини ту?

Агар он мурда аз аҳди некбахтон бошад, бигӯяд, ки рабби ман Аллоҳи воҳид аст ва Пайғамбари ман Мухаммади Мустафо (с) аст ва дини ман ислом аст.

Пас, Мункару Накир вайро гӯянд:! Хоб кун, монанди хоб кардани арӯс, он ки бедор накунад ӯро магар дӯсттарин аҳли ӯ. Ва Мункару Накир назди сари ӯ дар қабраш як сӯрох бикушоянд. Пас, назар кунад аз он сӯрох ба сӯи манзили худ ва ҷои нишастани худ дар ҷаннат то рӯзи киёмат. Ва ӯ аз сахтиҳо ва тангиҳои гӯр ҳеҷ ҳис накунад.

Агар мурда, Худо паноҳ диҳад, кофир бошад, ӯро гӯянд: – Рабби ту кист?

Гӯяд: – Оҳ-оҳ намедонам.

Пас Мункару Накир ӯро гӯянд: – Надонистӣ ва нахондӣ ту.

Пас, овоз кунад ӯро овозкунандае аз ҷониби Худои азза ва ҷалла, ки бизанед ӯро гурзе аз оҳан ва бизананд ӯро. Агар ҳама махлуқ ҷамъ шаванд, он гурзро аз паҳлӯе ба паҳлӯи дигар  гардонида натавонанд. Пас қабри ӯ шӯълавару танг шавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …