Главная / Гуногун / Тичорат дар Аморати Бухоро (асри 19)

Тичорат дар Аморати Бухоро (асри 19)

Тичорат дар шахрхо асосан дар бозорхо сурат мегирифт.

Бозор масохати калонеро ишгол менамуд. Бозорхои Уротеппа ва Хучанд кариб болопушида буданд (каппон доштанд). Хусусияти хоси шахрхо аз ин иборат буд, ки дар чорсу ва хиёбонхои асоси марказхои савдо вокеъ гардида, дар он тими дарози гунбаздор сохта мешуд. Аз байни тим куча мегузашт ва дар тарафи он катори дуконхо сохта шуда буданд. Маркази савдои Самарканд ва Шахрисабз хамин гуна тим дошт. Дар Бухоро панч тим мавчуд буд. Чунин иморатхои бозорро дар Самарканд ва Шахрисабз «чорсу», дар Бухоро «ток» мегуянд. Маркази шахри Бухороро тамоман бозорхо ишгол карда буданд. Дар майдони Регистон ва дигар майдонхо низ дуконхо вучуд доштанд. Одатан дар назди дарвозаи шахр бозор мавчуд буд.

66

Дуконхо на он кадар калон буда, ба хам зич чо мегирифтанд, растахои бозор хар яке моли муайян доштанд. Илова бар ин, корвонсаройхо бисёр буданд. Дар корвонсаройхо асосан точирони мусофир ва баъзан махалли икомат мекарданд. Ба Бухоро хар сол иборат аз 12-15 хазор шутур корвон меомад ва он хама борхо, одамон, аспу аробахо асосан дар корвонсаройхо чой мегирифтанд.

Хучанд маркази калони савдо ва тичорат буд, ки ба воситаи он точирон моли худро ба бозорхои хонии Хуканд ва аз он чойхо ба аморати Бухоро мебурданд. Бозори Уротеппа хам серодам ва калон буд. Ба ин чо мардуми Мастчох, Фалгар, Хисору хатто Каротегин меомаданд. Онхо махсулоти кишоварзи ва чорводории худро мефурухтанду аз он чо молхои зарурии рузгор ва олоти кишоварзи мехариданд.

Дар Хучанду Уротеппа дуконхои савдо асосан дар бозорхои шахр чой гирифта буданд. Ду бозори Хучанд 790 дукон доштанд. Аз 854 дукон ва устохонахои хунармандии Уротеппа 642-тоаш дар бозор ва 212-тоаш дар гузархои шахр чойгир буданд. Аз ин дуконхо махсули косибони махалли ва косибони шахру вилоятхои дурдаст ва мамлакатхои дигарро пайдо кардан мумкин буд.

Бисёр шахру вилоятхо бо навъи муайяни махсулоти хунарманди ва молхои фурушии худ шухрат доштанд.

Масалан, Хисор бо матои абр, ханчар ва гусфандони худ, Уротеппа бо корд, матоъхои пашмин ва кашидадузихояш, Хучанд бо адрасу шохи, Карши бо алоча ва гайра.

Дар кария ва дехкадахои калон ба истилох «даври бозор» вучуд дошт (яъне «бозорнавбат» буд). Масалан, дар Бухоро бозори Когон рузи сешанбе, бозори Баховаддин рузи чоршанбе ва гайра. Дар Каратог сешанбе ва шанбе, дар Душанбе – чоршанбе ва якшанбе, дар Янги Бозор ва Хисор Душанбе, дар Файзобод сешанбе ва дар Регар шанбе рузи бозор буд. Таwсимоти рузхои бозор байни шахру деoот аз он сабаб буд, ки косибон ва тоsирон аз як бозор ба бозори дигар рафта расида, моли худро фурухта тавонанд. Дар бозори шахрхо ва нохияхои Осиёи Миёна пулхои тилло, нукра ва миси дар гардиш буданд. Точирон барои аз як мулк ба мулки дигар гузаронидани моли худ боч ва дар бозорхо закот медоданд.

Хонигарихои Осиёи Миёна бо дигар мамлакатхо робитаи мустахками тичорати доштанд. Савдогарони бухорои ва фаргонаги бо Эрон, Хиндустон, Хитой (махсусан Кошгар) савдо мекарданд. Аз Эрон ба Бухоро шохи, газворхои пахтаги меоварданд. Аз Хиндустон ба гайр аз чунин молхо чой, нил, марворид, дигар сангхои киматбахо, дорувор, зарфхо ворид мешуданд.

Дар нимаи аввали асри XIX робитаи савдо бо Русия нисбатан инкишоф ёфт. Аз Осиёи Миёна ба ин мамлакат меваи хушк, пуст, газвори пахтаги, пахта, пусти карокули ва гайра содир мешуд. Аз Русия ба Осиёи Миёна пули тилло, мис, охан, пулод, чуян, мовут, канд ва гайра меоварданд.

Вале хукмронии сохти феодали ба ривочи савдои дохили ва хоричи монеъ буд. Харобии роххо ва набудани амният чи дар роху чи дар шахрхо пеши тараккиёти тичоратро мегирифт. Дар роххо аз дасти горатгарон молу чони савдогарон хамеша дар хатар буд. Инчунин дар бозорхо бочу хироч ва ичорапули хаду андоза надошт.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Магозаи гулхо «Райхон» дар Душанбешахр

Магозаи РАЙХОН ин на танхо магозаи гулхо мебошад балки дар он инчунин тухфахо барои зодруз-мавлуд …