Главная / Гуногун / Тиҷорат дар Аморати Бухоро (асри 19)

Тиҷорат дар Аморати Бухоро (асри 19)

Тиҷорат дар шаҳрҳо асосан дар бозорҳо сурат мегирифт.

Бозор масоҳати калонеро ишғол менамуд. Бозорҳои Ӯротеппа ва Хуҷанд қариб болопушида буданд (каппон доштанд). Хусусияти хоси шаҳрҳо аз ин иборат буд, ки дар чорсу ва хиёбонҳои асосӣ марказҳои савдо воқеъ гардида, дар он тими дарози гунбаздор сохта мешуд. Аз байни тим куча мегузашт ва дар тарафи он қатори дуконҳо сохта шуда буданд. Маркази савдои Самарқанд ва Шаҳрисабз ҳамин гуна тим дошт. Дар Бухоро панҷ тим мавчуд буд. Чунин иморатҳои бозорро дар Самарқанд ва Шаҳрисабз «чорсӯ», дар Бухоро «ток» мегуянд. Маркази шаҳри Бухороро тамоман бозорҳо ишғол карда буданд. Дар майдони Регистон ва дигар майдонҳо низ дуконҳо вуҷуд доштанд. Одатан дар назди дарвозаи шаҳр бозор мавҷуд буд.

66

Дуконҳо на он қадар калон буда, ба ҳам зич ҷо мегирифтанд, растаҳои бозор ҳар яке моли муайян доштанд. Илова бар ин, корвонсаройҳо бисёр буданд. Дар корвонсаройҳо асосан тоҷирони мусофир ва баъзан маҳаллӣ иқомат мекарданд. Ба Бухоро ҳар сол иборат аз 12-15 ҳазор шутур корвон меомад ва он ҳама борҳо, одамон, аспу аробаҳо асосан дар корвонсаройҳо ҷой мегирифтанд.

Хуҷанд маркази калони савдо ва тиҷорат буд, ки ба воситаи он тоҷирон моли худро ба бозорҳои хонии Хуқанд ва аз он ҷойҳо ба аморати Бухоро мебурданд. Бозори Ӯротеппа ҳам серодам ва калон буд. Ба ин ҷо мардуми Мастчоҳ, Фалғар, Ҳисору хатто Қаротегин меомаданд. Онҳо маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводории худро мефурухтанду аз он ҷо молҳои зарурии рӯзгор ва олоти кишоварзӣ мехариданд.

Дар Хуҷанду Ӯротеппа дуконҳои савдо асосан дар бозорҳои шаҳр ҷой гирифта буданд. Ду бозори Хуҷанд 790 дукон доштанд. Аз 854 дукон ва устохонаҳои ҳунармандии Ӯротеппа 642-тоаш дар бозор ва 212-тоаш дар гузарҳои шаҳр ҷойгир буданд. Аз ин дуконҳо маҳсули косибони маҳаллӣ ва косибони шаҳру вилоятҳои дурдаст ва мамлакатҳои дигарро пайдо кардан мумкин буд.

Бисёр шаҳру вилоятҳо бо навъи муайяни маҳсулоти ҳунармандӣ ва молҳои фурушии худ шуҳрат доштанд.

Масалан, Ҳисор бо матои абр, ханҷар ва гусфандони худ, Ӯротеппа бо корд, матоъҳои пашмин ва кашидадузиҳояш, Хуҷанд бо адрасу шоҳӣ, Қаршӣ бо алоча ва ғайра.

Дар қария ва деҳкадаҳои калон ба истилоҳ «даври бозор» вуҷуд дошт (яъне «бозорнавбат» буд). Масалан, дар Бухоро бозори Когон рӯзи сешанбе, бозори Баҳоваддин рӯзи чоршанбе ва ғайра. Дар Қаратоғ сешанбе ва шанбе, дар Душанбе – чоршанбе ва якшанбе, дар Янги Бозор ва Ҳисор Душанбе, дар Файзобод сешанбе ва дар Регар шанбе рӯзи бозор буд. Таwсимоти рӯзҳои бозор байни шаҳру деoот аз он сабаб буд, ки косибон ва тоsирон аз як бозор ба бозори дигар рафта расида, моли худро фурухта тавонанд. Дар бозори шаҳрҳо ва ноҳияҳои Осиёи Миёна пулҳои тилло, нуқра ва мисӣ дар гардиш буданд. Тоҷирон барои аз як мулк ба мулки дигар гузаронидани моли худ боҷ ва дар бозорҳо закот медоданд.

Хонигариҳои Осиёи Миёна бо дигар мамлакатҳо робитаи мустаҳками тиҷоратӣ доштанд. Савдогарони бухороӣ ва фарғонагӣ бо Эрон, Ҳиндустон, Хитой (махсусан Қошғар) савдо мекарданд. Аз Эрон ба Бухоро шоҳӣ, газворҳои пахтагӣ меоварданд. Аз Ҳиндустон ба ғайр аз чунин молҳо чой, нил, марворид, дигар сангҳои қиматбахо, дорувор, зарфҳо ворид мешуданд.

Дар нимаи аввали асри XIX робитаи савдо бо Русия нисбатан инкишоф ёфт. Аз Осиёи Миёна ба ин мамлакат меваи хушк, пуст, газвори пахтагӣ, пахта, пусти қарокулӣ ва ғайра содир мешуд. Аз Русия ба Осиёи Миёна пули тилло, мис, оҳан, пулод, чуян, мовут, қанд ва ғайра меоварданд.

Вале ҳукмронии сохти феодалӣ ба ривоҷи савдои дохилӣ ва хориҷӣ монеъ буд. Харобии рохҳо ва набудани амният чи дар роҳу чи дар шаҳрҳо пеши тараққиёти тиҷоратро мегирифт. Дар рохҳо аз дасти ғоратгарон молу ҷони савдогарон ҳамеша дар хатар буд. Инчунин дар бозорҳо боҷу хироҷ ва иҷорапулӣ ҳаду андоза надошт.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

судэкспертизаи душанбе

Экспертизаи судӣ ва криминалисӣ дар ш. Душанбе

Экспертизаи судӣ ва криминалисти Вазорати адлияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ш. Душанбе, бо суроғаи кӯчаи Айнӣ …