Главная / Биология / Тасаввуроти умуми дар бораи таснифот наботот

Тасаввуроти умуми дар бораи таснифот наботот

Тасаввуроти умуми дар бораи таснифот (намуд, авлод, оила, тартиб, синф, шуъба)

Олами наботот бисёр хам гуногунхел ва рангоранг аст. Аз руи маълумотхои олимони набототшинсс бармеояд, ки олами растанихо зиёда аз 350 хазор намуд ё хелро дарбар мегиранд. Лекин ин хадди охирин набуда, набототшиносон дар натичаи чустучухои илмии сершуморашон бисёр намудхои наву барои илм номаълум- ро дарёфт мекунанд.

Аз руи аломату хусусиятхои ба якдигар монанд ё фарккунандаашон ба тартиби муайяни илми даровардани растанихои гуногунро илми таснифоти наботот ба ухда дорад. Таснифоти наботот ба хелу гуруххо чудо намудани растанихо ва онхоро номгузори карда, омухтан аст. Чунин гурухбанди кардани растанихо имкон медихад, то муайян кунем, ки чи андоза онхо тавассути аломатхои зохириашон байни якдигар монанди ё фарк доранд.

Хамин тавр, фардхои аз чихати сохт ва фаъолияти хаётиашон ба хамдигар наздик ё хешро хел ёнамуди растанихо меноманд. Дар навбати худ хелхои ба якдигар наздикро ба а в л о д, авлод — ба оила, оила – ба тартиб, тартиб — ба синф, синф ба шуъба гурухбанди ё муттахид карда мешаванд. Бояд кайд кард, ки хел ё намуд вохиди асосии таснифотй ба шумор меравад. Онхо дар хама гушаю канори сайёраамон вомехуранд. Мо онхоро мебинем ва хис мекунем. Вакте ки сухан дар бораи раста- нии муайян, масалан, картошка, себ, арча, писта ва гайрахо меравад, мо дар айни замон хели онхоро дар назар дорем. Вале хангоме, ки оиди гуногунхелии растанихои ягон махал ё мухити чугрофи, масалан, набототи дараи Варзоб ё Ромит сухан меравад, мо гуногунхелии набототи он махалхоро дар назар дорем. Растанихои як намуд метавонанд, ки якдигарро гардолуд кунанд, бордор шаванд ва насл диханд (тухм хосил кунанд). Намудхои гуногуни дар таби- ат зиндагикунанда, ки нисбати якдигар номувофикатй доранд, байни худ дурага шуда наметавонанад. Зеро онхо бо як катор аломат- хояшон аз хамдигар фарк мекунанд.

Хар як намуд дар шароити муайяни макони зист вомехурад ва дорои минтакаи муайяни пахншави мебошад. Баъзе намуди растанихо агар минтакаи васеи пахншавиро доро бошанд (масалан, най ё камиш дар тамоми мамлакатхои кураи Замин, хусусан дар мухиги сохили дарёву чуйборхо ва обанборхо вомехурад), баъзе намуди дигари растанихо минтакаи пахншавиашон нихоят махдуд мебошад. Дар табиат намудхое вомехуранд, ки факат дар як чазираи хурд ё дар куллаи ягон кух ба таври махдуд сукунат доранд.

Номгуи хар як намуди растани аз ду калима иборат аст. Агар калимаи аввал номи авлодро ифода кунад, калимаи дуюм номи аслии хелро нишон медихад. Чунончи, зардолуи мукаррари, себи хонаги, арчаи зарафшони ва гайрахо.

Дар микёси умумичахони тасниф ё номгузории наботот бо забон ва хуруфоти лотини сурат мегирад, ки ин тарзи ифодакуни барои тамоми набототшиносони чахон ба хукми конун даромадааст ва барои хамаи онхо фахмост. Чунончи: настарани мукаррари бо забони лотини Коза сагнпа ё ноки точикистони аст.

Дар сохаи кишоварзи дар дохили хар як намуди растанихои мазруъ метавонад боз навъхои зиёде мавчуд бошанд. Масалан, агар дар табиат хамаги 20 намуди гандум вохурад хам, дар айни замон зиёда аз 4000 навъи гандум маълум аст, ки онхо харчанд ба баъзе аломатхои мухимашон ба якдигар монанд бошанд хам, аз руи дигар аломатхояшон аз якдигар фарк мекунанд. Зеро дар табиат ташаккулёбии намуд дар давоми солхои дуру дарози таърихи амали мегардад, вале навъи растанихои мазруъ аз руи максад ва пешбинии муайян хамчун дастранчи фаъолияти созандагии инсон ба вучуд оварда мешавад. Хамин тавр, навъ махсули дастоварди самараноки инсон ба хисоб меравад. Хар як навъ дорои хосияти худ буда, аз хел бо он фарк мекунад, ки навъхои гуногуни дохили як намуд метавонанд бо якдигар бо осони дурага шаванд.

Настарани самарканди, настарани мукаррари, настарани Овчинников хелхои гуногуни як авлод — авлоди настаран мебошанд. Дар навбати худ авлоди настаран, авлоди дулона, авлоди себ, авлоди шафтолу ва гайрахо ба як оила — ба оилаи настаранхо мансубанд. Оилаи настаран, оилаи сангшиканак ба тартиби настарангулхо сарчамъ оварда шудааст. Тартиби настарангулхо, тартиби чиноракгулон бо як катор дигар тартибхо синфи растанихои дупаллагиро ташкил медиханд. Хешиги дар дохили растанихои ба як оила тааллукдошта нисбати растанхои ба як тартиб муттахид кардашуда хеле наздик ва назаррас аст. Муносибати хешиги дар дохили як авлод нисбат ба оилаи тааллукдоштааш боз хам наздиктар аст. Синфхои ба якдигар наздикбударо ба шуъба муттахид мекунанд.

Хамин тавр, тамоми растанихои гулдор (синфи растанихои якпалла ва дупалла) шуъбаи растанихои гулдор ё пушидатухмхоро ба вучуд меоранд.

Шуъба вохиди калони таснифоти ба хисоб меравад. Тамоми Олами наботот, ки 350 хазор намудхои гуногунро дарбар мегирад, ба 15 — 18 шуъба сарчамъ оварда шудааст. Растанихои хар як шуъба сохтор ва аломатхои мухими умуми доранд. Масалан, кулли намояндагони шуъбаи пушидатухмон гул доранд, бордоршавии онхо дучанда буда, тухммугчаашон дар дохили гура чойгир мебошад.

  1. Таснифоти наботот чи ахамият дорад?
  2. Кадом вохидхои таснифотиро медонед ва онхо барои чи хизмат мекунанд?
  3. Намуд чист? Бо мисолхо шарх дихед.
  4. Барои чи растанихоро бо забон ва хуруфоти лотини номгузори мекунанд?
  5. Навъ чист? Вай аз намуд бо чи фарк мекунад?
  6. Хусусиятхои умумии шуъбаи пушидатухмонро номбар кунед.
  7. Олами наботот чи кадар намудхоро дар бар мегирад ва онхоро дар чанд шуъба муттахид мекунанд?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …