Главная / Биология / Тасаввуроти умумӣ дар бораи таснифот наботот

Тасаввуроти умумӣ дар бораи таснифот наботот

Тасаввуроти умумӣ дар бораи таснифот (намуд, авлод, оила, тартиб, синф, шӯъба)

Олами наботот бисёр ҳам гуногунхел ва рангоранг аст. Аз рӯи маълумотҳои олимони набототшинсс бармеояд, ки олами растаниҳо зиёда аз 350 ҳазор намуд ё хелро дарбар мегиранд. Лекин ин ҳадди охирин набуда, набототшиносон дар натиҷаи ҷустуҷӯҳои илмии сершуморашон бисёр намудҳои наву барои илм номаълум- ро дарёфт мекунанд.

Аз рӯи аломату хусусиятҳои ба якдигар монанд ё фарқкунандаашон ба тартиби муайяни илмӣ даровардани растаниҳои гуногунро илми таснифоти наботот ба ӯхда дорад. Таснифоти наботот ба хелу гурӯҳҳо ҷудо намудани растаниҳо ва онхоро номгузорӣ карда, омӯхтан аст. Чунин гурӯҳбандӣ кардани растаниҳо имкон медиҳад, то муайян кунем, ки чӣ андоза онҳо тавассути аломатҳои зоҳириашон байни якдигар монандӣ ё фарқ доранд.

Ҳамин тавр, фардҳои аз ҷиҳати сохт ва фаъолияти ҳаётиашон ба ҳамдигар наздик ё хешро хел ёнамуди растаниҳо меноманд. Дар навбати худ хелҳои ба якдигар наздикро ба а в л о д, авлод — ба оила, оила – ба тартиб, тартиб — ба синф, синф ба шӯъба гурӯҳбандӣ ё муттаҳид карда мешаванд. Бояд қайд кард, ки хел ё намуд воҳиди асосии таснифотй ба шумор меравад. Онҳо дар ҳама гӯшаю канори сайёраамон вомехӯранд. Мо онҳоро мебинем ва ҳис мекунем. Вақте ки сухан дар бораи раста- нии муайян, масалан, картошка, себ, арча, писта ва ғайраҳо меравад, мо дар айни замон хели онҳоро дар назар дорем. Вале ҳангоме, ки оиди гуногунхелии растаниҳои ягон маҳал ё муҳити ҷуғрофӣ, масалан, набототи дараи Варзоб ё Ромит сухан меравад, мо гуногунхелии набототи он маҳалҳоро дар назар дорем. Растаниҳои як намуд метавонанд, ки якдигарро гардолуд кунанд, бордор шаванд ва насл диҳанд (тухм ҳосил кунанд). Намудҳои гуногуни дар таби- ат зиндагикунанда, ки нисбати якдигар номувофиқатй доранд, байни худ дурага шуда наметавонанад. Зеро онҳо бо як қатор аломат- ҳояшон аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Ҳар як намуд дар шароити муайяни макони зист вомехӯрад ва дорои минтақаи муайяни паҳншавӣ мебошад. Баъзе намуди растаниҳо агар минтақаи васеи паҳншавиро доро бошанд (масалан, най ё қамиш дар тамоми мамлакатҳои кураи Замин, хусусан дар муҳиги соҳили дарёву ҷӯйборҳо ва обанборҳо вомехӯрад), баъзе намуди дигари растаниҳо минтақаи паҳншавиашон ниҳоят махдуд мебошад. Дар табиат намудҳое вомехӯранд, ки фақат дар як ҷазираи хурд ё дар қуллаи ягон кӯх ба таври маҳдуд сукунат доранд.

Номгӯи ҳар як намуди растанӣ аз ду калима иборат аст. Агар калимаи аввал номи авлодро ифода кунад, калимаи дуюм номи аслии хелро нишон медиҳад. Чунончи, зардолуи мукаррарӣ, себи хонагӣ, арчаи зарафшонӣ ва ғайраҳо.

Дар миқёси умумиҷаҳонӣ тасниф ё номгузории наботот бо забон ва ҳуруфоти лотинӣ сурат мегирад, ки ин тарзи ифодакунӣ барои тамоми набототшиносони ҷаҳон ба ҳукми қонун даромадааст ва барои ҳамаи онҳо фаҳмост. Чунончи: настарани муқаррарӣ бо забони лотинӣ Коза сагнпа ё ноки тоҷикистонӣ аст.

Дар соҳаи кишоварзӣ дар дохили ҳар як намуди растаниҳои мазрӯъ метавонад боз навъҳои зиёде мавҷуд бошанд. Масалан, агар дар табиат хамагӣ 20 намуди гандум вохӯрад ҳам, дар айни замон зиёда аз 4000 навъи гандум маълум аст, ки онҳо ҳарчанд ба баъзе аломатҳои муҳимашон ба якдигар монанд бошанд ҳам, аз рӯи дигар аломатҳояшон аз якдигар фарқ мекунанд. Зеро дар табиат ташаккулёбии намуд дар давоми солҳои дуру дарози таърихӣ амалӣ мегардад, вале навъи растаниҳои мазрӯъ аз рӯи мақсад ва пешбинии муайян ҳамчун дастранҷи фаъолияти созандагии инсон ба вуҷуд оварда мешавад. Ҳамин тавр, навъ маҳсули дастоварди самараноки инсон ба ҳисоб меравад. Ҳар як навъ дорои хосияти худ буда, аз хел бо он фарқ мекунад, ки навъҳои гуногуни дохили як намуд метавонанд бо якдигар бо осонӣ дурага шаванд.

Настарани самарқандӣ, настарани муқаррарӣ, настарани Овчинников хелҳои гуногуни як авлод — авлоди настаран мебошанд. Дар навбати худ авлоди настаран, авлоди дӯлона, авлоди себ, авлоди шафтолу ва ғайраҳо ба як оила — ба оилаи настаранхо мансубанд. Оилаи настаран, оилаи сангшиканак ба тартиби настарангулҳо сарҷамъ оварда шудааст. Тартиби настарангулҳо, тартиби чиноракгулон бо як қатор дигар тартибҳо синфи растаниҳои дупаллагиро ташкил медиҳанд. Хешигӣ дар дохили растаниҳои ба як оила тааллуқдошта нисбати растанҳои ба як тартиб муттаҳид кардашуда хеле наздик ва назаррас аст. Муносибати хешигӣ дар дохили як авлод нисбат ба оилаи тааллуқдоштааш боз ҳам наздиктар аст. Синфҳои ба якдигар наздикбударо ба шӯъба муттаҳид мекунанд.

Ҳамин тавр, тамоми растаниҳои гулдор (синфи растаниҳои якпалла ва дупалла) шӯъбаи растаниҳои гулдор ё пӯшидатухмҳоро ба вуҷуд меоранд.

Шӯъба воҳиди калони таснифотӣ ба ҳисоб меравад. Тамоми Олами наботот, ки 350 ҳазор намудҳои гуногунро дарбар мегирад, ба 15 — 18 шӯъба сарҷамъ оварда шудааст. Растаниҳои ҳар як шӯъба сохтор ва аломатҳои муҳими умумӣ доранд. Масалан, кулли намояндагони шӯъбаи пӯшидатухмон гул доранд, бордоршавии онҳо дучанда буда, тухммуғҷаашон дар дохили гӯра ҷойгир мебошад.

  1. Таснифоти наботот чӣ аҳамият дорад?
  2. Кадом воҳидҳои таснифотиро медонед ва онҳо барои чӣ хизмат мекунанд?
  3. Намуд чист? Бо мисолҳо шарҳ диҳед.
  4. Барои чӣ растаниҳоро бо забон ва ҳуруфоти лотинӣ номгузорӣ мекунанд?
  5. Навъ чист? Вай аз намуд бо чӣ фарқ мекунад?
  6. Хусусиятҳои умумии шӯъбаи пӯшидатухмонро номбар кунед.
  7. Олами наботот чӣ қадар намудҳоро дар бар мегирад ва онҳоро дар чанд шӯъба муттаҳид мекунанд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …