Главная / Биология / Сохти хучайраи растани

Сохти хучайраи растани

Тамоми организмхои зинда, аз он чумла растанихо, аз хучайрахои андозаашон хеле хурд, ки бо чашми одди дида намешаванд, иборатанд. Хучайра ва сохти хучайрагии организмхоро дидан факат бо туфайли такмилу сайкал ёфтани санъати шишасози имконпазир гардид.

Барои ба сохти хучайраи растани шинос шудан препарати пардаи тунуку нафиси магзи пиёзро тайёр кунед. Барои ин пусти хушки пиёзро аз магзаш дур карда, бо теги тез як порча пуст ё пардаи тунуку шаффоферо, ки магзи сафеди пиёзро пушонидааст, чудо намоед.

Бо катрарез ё каламчаи шишагин ба руи шишаи ашёгузор як-ду катра оби соф чакконда, пардаи аз пиёз чудокардаатонро ба он гузоред. Барои он ки пардаи пиёз нагз пахн шавад, онро дар катраи об бо нуги сузан эхтиёткорона хамвор кардан лозим аст. Ба об як катра махлули йод хамрох карда, пардаи пиёзро бо шишаи тунуки руйпуш пушонед. Чунин препарати тайёр, яъне пардаи пиёзро ба мизчаи ашёгузори микроскоп нихода, дидан мумкин аст 14 .

Тарзи тайёр кардани микропрепа- рат (ашё)-и пардаи пиёзДар зери микроскоп хучайрахои пардаи пиёз дарозруя менамоянд ва ба хамдигар чафс чой гирифтаанд . Хар кадом хучайра аз берун бо лифофаи (чилди) шаффоф пушонида шудааст ва дар чо-чои он сурохихои багоят хурдмасомахо ба назар мерасанд. Хучайраи растанихо ба пуфакхое монанданд, ки холигиаш бо моддаи зиндаи хаётан заруру беранги часпак (гализ) — ситоплазма пур шудааст. Ситоплазма тамоми хосиятхои организми зиндаро доро буда, кобили гизогири, расиш, нафаскаши, харакат ва афзоиш мебошад. Ситоплазма охиста бомаром харакат мекунад. Вай хангоми сахт гарм кардан ё ях бастан вайрон шуда хучайрааш нобуд мешавад.

Сохти хучайраи пардаи пиёз

Дар ситоплазма чисмчаи таркибаш хеле гафсу гализ (зич) – ядро чой гирифтааст. Дар ядро ядрочаро дидан мумкин аст. Бо ёрии микроскопи электрони мукаррар кардаанд, ки сохти ядрои хучайра нихоят мураккаб мебошад.

Кариб дар хамаи хучайрахои растани, хусусан, дар хучайрахои нисбатан пир ковоки ё холиги — вакуолахо мавчуданд. Онхо аз шираи хучайра пур мебошанд. Шираи хучайра махлулест, ки дар он канд ва дигар моддахои органикию гайриорганики хал шудаанд.

Дар шираи баъзе хучайрахо моддахои гуногуни рангдех низ буданашон мумкин аст, ки ба гулбарг ва дигар узвхои растаии ранги кабуд, бунафш ва гулоби мебахшанд. Баъзан микдори шираи хучайра дар вакуола чунон бисёр мешавад, ки ситоплазмаро ба девори лифофа чафс гардонда, гуё тамоми хучайраро як вакуолаи калон ишгол мекунад. Хучайрахои меваи пухта ва узвхои серобу сермагзи растани сершира мешаванд. Хангоми буридан ё чарохат ёфта- ни меваи пухта ё ягон узви дигари сероби растани лифофаи хучайра осеб меёбад ва аз вакуолаи он шира чори мегардад.

Дар ситоплазмаи хучайраи растани чисмчахои дигар – пластид- Хо мавчуданд. Микдори пластиди хучайраи узвхои гуногуни растани хархела буда, онхо дар зери асбобхои калонкунанда нагз намудор мешаванд.

Дар растанихои гулдор пластидхои рангашон сабз, зард ё норинчи ва беранг дида мешаванд. Пластидхои хучайраи пиёз беранганд. Ранги ин ё он узви растани ба ранги пластидхо ва моддахои рангдехи шираи хучайра вобаста аст. Пластидхои сабзро хлоропластхо меноманд ва ранги сабзи барги растанихо одатан ба мавчудияти онхо вобаста аст.

Ранг, шакл ва андозаи хучайрахои узвхои хархелаи растани хеле гуногун мешаванд.

  1. Препарати пардаи пиёзро чи тавр тайёр мекунанд?
  2. Сохти хучайра чи гуна аст?
  3. Ранги кадом узвхои растани ба моддахои рангдехи пластидхо вобаста аст?
  4. Пластидхо аз руи рангашон чи хел мешаванд?
  5. Шираи хучайра дар кучо чойгир шудааст ва он чихо дорад?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …