Главная / Биология / РИБОСОМАХО

РИБОСОМАХО

Рибосомахо шаклан нимдоираи андозаашон 15,0- 35,0 нм буда, аз ду хисса иборатанд (расми 5.8). Дар рибосомахо такрибан микдори сафеда ва КРН баробар аст. Онхо хам дар хучайраи прокариотхо ва хам дар хучайраи эукариотхо мавчуданд.

КРН рибосомави (КРН-р) дар ядро аз малекулаи КДН дар мавзеи ядроча синтез мешавад. Ва дар хамин чой рибосомахо ташаккул ёфта, баъдан аз ядро берун мегарданд. Дар ситоплазма рибосомахо дар шакли озод ва дар кисми болои мембранаи тури эндоплазмави пайваст мешаванд. Вобаста ба навъи синтези сафедахо рибосомахо метавонанд алохида фаъолият намоянд ё дастачамъона комплекси полирибосомаро ташкил диханд. Дар чунин комплекси рибосомахо танхо ба як молекулаи КРН-а пайваст мебошанд.

ribosoma

Агар ба механизми биологии синтези сафеда нигаред, маълум мегардад, ки зинаи транслятсияи рибосомахо ахамияти калон дорад. Дар ин чо таъсири мутакобилаи антикодони КРН-н (наклиёти) бо кодони КРН-а ба амал меояд.

Рибосомахо дар молекулаи КРН-а харакат карда, аз як триплет (сегона) ба триплети дигар мегузаранд.

Хамин тавр, вазифаи асосии рибосомахо аз он иборат аст, ки кодонхои КРН-а-ро нигох дошта, ба осони бо антико-донхои КРН-н пайваст шавад. Дар натичаи он, пайдархамии нуклеотидхои КРН-а ба пайдархамии аминокислотахои занчири полипептиди мувофикат мекунанд.

Мачмаи Голчи

Сохтори асосии мачмаи Голчи мембранаи хамворест, ки кабат ба кабат зич шуда, вакуолахои калон ва хубобчахои хурд дорад (расми 5.9). Сафедахо полисахаридхо ва чарбхое, ки дар мембранаи тури эндоплазмави синтез мешаванд, ба комплекси Голчи ворид шуда, андаруни сохтори он конденсатсия мешаванд ва барои хорич шудан ё истифодаи худи хучайра омода мегарданд.

Ба ибораи дигар, ин моддахо (сафедахо, полисахаридхо, чарбхо) дар мачмаи Голчи роххат гирифта, мувофики он амал мекунанд ва ба чои лозим расонда мешаванд.

Дар мачмаи Голчи лизосомахо ташаккул меёбанд, ки дар хазми моддахои дохилихучайрави фаъолият доранд. Мачмаи Голчи дар хучайрахои гадуди усораи дохили вомехуранд. Дар он чо гормонхо хосил шуда, ба чараёни хун хамрох мегарданд ва ба тамоми хучайрахои бадан равона мешаванд.

Митохондрия

Митохондрия дар хамаи хучайрахои организмхои эукариотии якхучайра ва серхучайра дида мешавад. Ин далели он аст, ки митохондрия дар хучайра ахамияти багоят калон дорад.

Митохондрия дарозруя, лунда ва риштамонанд мешавад (расми 5.10). Диаметри онхо аз 0,2 то 1 мкм буда, дарозиашон то 7 мкм, дарозии шаклхои риштамонанд то 15-20 мкм аст.

Микдори митохондрия дар бофтахо якхела набуда, ба фаъолияти хучайра вобаста аст: дар он узве, ки равандхои синтез баланд аст, микдори онхо зиёд мебошад (чигар), масалан, дар мушакхои кафаси синаи паррандагон. Митохондрия бо рохи таксимшави зиёд мешавад, ки ба хосияти молекулаи КДН вобастаги дорад.

Накшаи сохти митохондрия:

А – буриши дарозруя,

Б – сохти модели,

1 – мембранаи беруни,

2 – мембранаи даруни,

3 – рибосома, 4 – КДН,

5 – хиссачахо.

Девораи митохондрия аз ду кабат – мембранаи беруни ва даруни иборат аст. Девораи беруни хамвор, даруни бошад, бо кабатчахо чудо шудааст, ки онхоро крист (аз лотини crista – шона) меноманд. Дар мембранаи девораи кристхо ферментхои бисёр чой дошта, онхо дар мубодилаи энергетики иштирок мекунанд.

Микдори лоначахои крист, ки масохати мембраниро муайян карда, дар онхо ферментхо чойгиранд, ба амали хучайра вобаста аст. Дар митохондрияи мушакхо лоначахои кристи бисёр буда, тамоми масохати даруни органоидро ишгол кардаанд; дар хучайраи чанин бошад, кристхо каманд.

Вазифаи асосии митохондрия синтези энергияи захирави универсали, яъне АТФ мебошад.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …