Главная / Маданият ва санъат / Хусусиятхои бадеии ашъори Шамсуддин Шохин

Хусусиятхои бадеии ашъори Шамсуддин Шохин

Харифи табъи расои ту кас нашуд,
Шохин, Зи бас ягонаи офох дар сухандонист.

Шамсуддин Шохин дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX яке аз он шоиронест, ки дар хамаи навъхои шеър эчод кардааст. Тозакрихои Шохин дар касида, газал, китъа, рубои, тарчеот, мусаммати мухаммас, маснави ва гайра хеле устодона аст. Шохин аз тарафи дигар, ба бузургтарин шоирон: Анвари, Саъди, Камол, Хофиз, Нозим, Низоми, Бедил пайравихо кардааст. У дар касида бештар ба Хокониву Анвари, дар газал ба Саъдию Хофиз ва Бедил, дар маснави ба Низоми бештар таваччух зохир намудааст. Шохин, ба хусус, дар газал табъи басо баланд дорад, зеро Туграл барин шоир уро устоди хеш медонад. Шохин дар мазмунсози ва маъниофари сохибхунар буда, санъати нозуки баён дорад:

Курбони лаби лаъли шакархои ту гардам, Мафтуни хати голияпирои ту гардам. Лаб мегази, ай шух, надонам, ки чи гуи, Аз нозукии тарзи адохои ту гардам.

Аз сабаби он ки махбуба дар гояти нафосату зебои ба тасвир омадааст, бинобар он чузъиёти тасвири образхои лирики низ хеле хунармандона аст: лаби лаъли шакархо, хати голияпиро, нозукии тарзи адохо ва гайра тавсифхо, истиорахо, ташбехот, кинояву мачоз ва махсусан, таносуби сухан чолибу кобили кабул истифода шудаанд. Чунин тарзи мазмунсозиву маъниофари ба хусус, дар лирикаи ишкии Шохин хеле зиёд мушохида карда мешавад. Мавзуъхои ишки якчоя бо тасвири чузъиёти бахор, гулу лола, насими атрогин, садои паррандахои хушилхон, навои обшорону гох-гохе резиши борони найсон, лахзахои тобиши офтоби тобон дар тасвирсозихои Шохин хунари хосанд.

Ай харифон, вакти гул дар гулситон мачлис кунед, Лоларуе иттифок афтад, ба худ мунис кунед.

Ин мавзуъхо бо хамовозии мусикиву суруд ва маю бодагусори тасвирхои хеле хотирмону таъсирбахши лирикаи Шохин мебошад. Хусусияти чудогонаи лирикаи шоир ба хусус газалиёти вай дар он аст, ки он то андозае тобиши зарофатомез дорад, ки каблан дар ашъори шоирони дигар дучор намешавад. Ин тарзи маъниофариву мазмунсози аз хадди камолоти маънавии Шохин башорат медихад.

Дар лирикаи Шохин мавзуъхои ахлоки, панду андарзи, таълими- тарбияви низ мавкеъ доранд.

Инчунин шикояту танкид, охангхои яъсу навмеди дар лирикаи шоир хеле хунармандона баён шудаанд.

Санъати шоири, хунари эчод, пояи сухангустари, хаёлбофиву мазмунсози, маъниофари ва хадафноки дар лирикаи Шохин хеле дилкашанд.

Сабки сухан, тарзи баён, шеваи эчод, хунари таълифи шоир низ чолиб аст. У аз калимаю таъбирхо, маколу зарбулмасалхо, ифодахои халки, инъикоси урфу одатхои мардуми, расму русум ва гайра ба хунармандии ба худ хос кор мегирад. Хадафро хунармандонаву ухдабароёна баён карда метавонад:

Дамаке аз рухи худ парда барандоз, ки ман

Аз рухат об дихам чашми тамошоиро.

Ё худ:

Гу наварзад ишк хар касс, барнатобад чаври ёр, Хар ки аз гунчишк тарсад, бояд аз арзан гузашт.

Дар ин абёт: «Чашмро об додан» ба маънии лаззат бурдан аз тамошо ва дар байти дуюм маколи «Аз гунчишк тарси, арзан макор» хеле хунармандона кор гирифта шудаанд.

Аз ин ру, накши эчодиёти Шохин барои соддаву оммафахм намудани забони адабии асримиёнаги ва ба зиндагии халк боз хам наздик намудани адабиёти бадеи хеле бузург аст.

Савол ва супоришхо:

  1. Оид ба овони чавонии Шохин маълумот дихед.
  2. Тахсили ибтидои ва мадрасавии Шохин дар кучо гузаштааст?
  3. Сабабхои ба дарбор рох ёфтани шоирро накл кунед.
  4. Мероси адабии Шохин аз чихо иборат аст?
  5. Сахми Шохинро дар рушди газали адабиёти нимаи дуюми асри XIX баён намоед.
  6. Мавзуъ ва мундаричаи газалиёти Шохинро накл кунед.
  7. Газали «Ай, ки аз кадди расо гояти сарви чамани»-ро тахлил намоед.
  8. Мавзуъ ва мундаричаи газали «Хама ачзои ту хубу хама аъзои ту хуш»-ро шарх дихед.
  9. Фаъолияти достонсароии Шохин аз кай огоз шудааст?
  10. Мазмуни мухтасари достони «Лайли ва Мачнун»-ро накл кунед.
  11. Образхои асосии мусбату манфи, лахзаги ва доимии «Лайли ва Мачнун»-ро тахлил намоед.
  12. Умумият ва тавофути «Лайли ва Мачнун»-и Шохин аз асархои хамном аз чи иборат аст?
  13. Мазмуну мухтавои асари «Бадоеъ-ус-саноеъ»- и Шохинро накл кунед.
  14. Дар «Бадоеъ-ус-саноеъ» Шохин бештар кадом масъалахои ичтимоиро баён кардааст?
  15. Мавзуъ ва мундаричаи гоявии маснавии «Тухфаи дустон»-ро баён кунед.
  16. Дар таълифи «Тухфаи дустон» Шохин ба кадом асари асримиёнаги пайрави кардааст?
  17. Мазмуни ду се хикоятро аз «Тухфаи дустон» накл кунед.
  18. Арзиши адабии маснавии «Тухфаи дустон» аз чи иборат аст?
  19. Оид ба санъати эчод ва хунари шоирии Шохин чи медонед?
  20. Макоми Шамсуддин Шохин дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX аз чи иборат аст?

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

mechet-dushanbe-2

Масчиди нав-калони шахри Душанбе

Масчиди калонтарини шахри Душанбе яке аз мачитони калонтарини дунё ва аз хама бузургтарин дар Осиёи …