Главная / Чугрофия / ЗАМИН: ШАКЛ ВА БУЗУРГИИ ОН

ЗАМИН: ШАКЛ ВА БУЗУРГИИ ОН

Замин ва дигар сайёрахои системаи Офтоб курашакл мебошанд. Курашаклии онро хануз олими маъруфи Юнони Кадим Арасту исбот карда буд. Баъди исботи курашаклии Замин олимон андозаи Заминро мукаррар карданд, ки натичаи он чунин аст: масохати сатхи Замин 510 млн. километри мураббаъ, дарозии хати истиво (экватор) 40 000 километр, радиуси хати истивои (экватор) Замин 6 378 километр, радиуси кутби 6 356 километр.

globusИн нишон медихад, ки кутбхои Замин каме фурухамидаанд. Аз хамин сабаб радиуси кутби нисбат ба радиуси хати истиво 22 километр кутох аст. Дар айни замон тавассути радифхои маснуии Замин андозаи шакли эллипсии Замин аник карда шудааст, ки ба шакли хакикии он наздик мебошад. Аммо барои осон намудани тахлили ходисахои географии Замин ва фахмидани фаркияти сурати махал ва харитаи географи Заминро хамчун кура тасаввур кардан ба максад мувофик мебошад.

Дар бораи курашакли ва муайян кардани андозахои Замин олимони Шарк, аз чумла Абурайхони Беруни изхори акида намуда, тадкикот бурдааст. У акидаи курашаклии Заминро тарафдори карда, барои чен кардани доираи он кушиш намудааст ва хисоби Абурайхони Беруни аз хисоби хозира хамагй 110 км. фарк мекунад.

Тасвири Замин дар глобус. Глобус курашаклии Заминро ифода менамояд. Он ахамияти илми ва амали дорад. Дар глобус намуди зохирии Замин, тархи укёнусхо, материкхо, чазира ва нимчазирахо, дарёхо, кулхо ва дигар объектхои географи бар хилофи харита шакл, дарози, андозаи худро дигар намекунанд ва самт тагйир намеёбад. Аз хамин сабаб мутахассисони сохахои гуногуни илм хангоми омухтани хосиятхо ва табиати Замин аз глобус хамачониба истифода мебаранд.

Микёс ва намуди глобусхо гуногун мешаванд. Микёси тамоми намуди онхо дар зерашон навишта шудааст. Дар глобус нисбат ба харита микёс дар тамоми самтхо як хел мемонад. Бинобар ин дар он масофаи байни объектхои географиро аник чен кардан мумкин аст. Холо дар мактабхо аз глобусхои Микёсашон 1:8300000.        1:5000000.     1:30000000 истифода мебаранд. Ин Микёсхо нисбат ба Замин чанд маротиба хурд будани глобусро нишон медиханд. Ихтирои глобуси аввалинро (асри XVI) ба олими немис М. Бехайм нисбат медиханд. Аммо олим ва мутафаккири машрикзамин Абурайхони Беруни панч аср пештар глобус сохта буд ва онро барои муайян кардани арзу тули шахрхо истифода бурдааст. У акидаи тагирёбии кишри Замин (эволютсияи геологй)-ро пеш гузошта, оид ба масъалахои пайдоиши куххо, харакати китьаххо чойивазкунии бахру бар мухокима рондааст.

Баъд аз хашт аср (асри XVIII) дар Русия олимони рус нахустин глобуси ахтарнамои оламро сохтанд, ки дар дохили он 12 нафар одам чой мегирад. Ин глобус холо дар шахри Санкт-Петсрбург махфуз аст.

Глобуси Хочи Юсуф. Ба акидаи олимони географ ва муначчимон глобуси ихтироъкардаи олим ва сайёхи точик Хочи Юсуф баъд аз сохта шудани глобуси Абурайхони Беруни (асри IX) ва глобуси астрономии расадхонаи Мирзо Улугбек (асри XV) сеюмин глобус аст дар таърихи илми Шарк. Вале то рузхои мо танхо глобуси Хочй Юсуф Мирфаёзови хучанди (солхои 1842-1925) расидааст. Ин глобус аз нуктаи назари илм хеле мукаммал аст .

Хочи Юсуф ин глобусро соли 1895 сохтааст. Он бо рангхои сурхи баланд, туши сиёх ва зардчатоб оро дода шудаасг. Бо хатхои настаълики арабй ва хати куфи номхои укёнусхо ва китъахо навишта шудаанд. Глобус бо хатхои тулу арз печонда шудааст. Хатхои меридиан ва хатхои мувози бо туши сиёх, доирахои тропики ва кутбхо бо ранги сурх кашида шудаанд. Дарачаи он аз нуктаи меридиани Гринвич набуда, балки аз тарафи гарбии китъаи Африка ибтидо мегирад, ки ин нуктаро олимон то асрхои охир низ нуктаи нул (меридиани ибтидои) мехисобиданд. Дар глобус укёнусхои Ором, Атлантика, Хинд, Бахри Миёназамин. Бахри Сафед акс ёфтаанд.

хочи юсуф

Хочи Юсуф дар вакти навиштани номхои географи ба кадри имкон аз лугат ва истилохоти форсию точики истифода кардааст. Китъаи Австралия бо хафтод адад чазирахо тасвир ёфтааст. Чазирахои китъахои Америкаи Шимоли ва Чануби аз сад бештаранд. Дар кисми чанубии китъаи Африка си адад чазирахо тасвир ёфтаанд. Глобуси Хочй Юсуф нисбат ба глббусхои дигар аз нуктаи назари астрономй хам мукаммал аст. Масалан, доираи (пахнои) хати истиво тахминан 10 см буда, бурчхои чор фасли Замин (мавкеи Замин нисбат ба харакати худ ва Офтоб) – бахор, тобистон, тирамох ва зимистон кашида шудааст. Глобуси Хочи Юсуф дар осорхонаи шахри бостонии Самарканд нигох дошта мешавад.

Савол ва супориш

  1. Шакли Замин чи гуна аст?
  2. Ки аввалнин маротиба курашаклии Заминро исбот кардааст?
  3. Глобус аз харита чи афзалият дорад? 4
  4. Глобус чиро тасвир менамояд?
  5. Барои чи дар глобус сахву хато мушохида намешавад?
  6. Аз рун глобус координатхои шахри Душанберо муайян намоед.

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …