Моддаи 191-и Кодекси Андоз. Амалиёт бо бучет дар холати зиёд будани маблаги андози бахисобгирифташаванда нисбат ба маблаги андозе, ки барои давраи хисоботи хисоб карда шудааст
- Нисбат ба андозсупорандае, ки на камтар аз 70 фоизи муомилоти андозбандишавандааш дар давраи хисоботии андоз бояд аз руи меъёри сифр андозбанди шавад, барзиёдии маблаги андози бахисобгирифташаванда нисбат ба маблаги хисобкардашуда дар давраи хисоботи аз чониби макомоти молия якчоя бо макомоти андоз дар давоми 30 рузи таквими аз лахзаи аз чониби макомоти андоз гирифтани аризаи андозсупоранда дар бораи баргардонидани маблаги зиёдати, ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда дар шакли мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати пешниход кардааст, аз бучети дахлдор баргардонда мешавад.
- Маблаги зиёдатии андози бахисобгирифташуда нисбат ба маблаги хисобкардашудаи андоз дар давраи хисоботи дар асоси хуччатхои зерин баргардонида мешавад:
-эъломияи андоз аз арзиши иловашуда барои давраи андоз, ки мувофики тартиби мукарраршуда пешниход шудааст;
-хуччатхое, ки мутобики моддаи 173 Кодекси мазкур барои тасдик намудани содироти молхо лозиманд;
-хулосаи макомоти андоз, ки аз руи санади санчиши мавзуии андози гузаронидашуда дар хусуси тасдики хаккони будани маблаги андоз аз арзиши иловашуда, ки барои баргардонидан пешниход мегардад, тартиб дода шудааст.
- Андоз аз арзиши иловашуда бо рохи пай дар пай ичро намудани амалхои зерин баргардонида мешавад:
-ба хисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда ба хисоби пардохти карзи андози чойдоштаи ин супорандаи андоз аз арзиши иловашуда аз руи дигар андозхо, аз чумла карзи андоз аз арзиши иловашуда барои даврахои пешинаи андоз;
-бахисобгири ба хисоби андоз аз арзиши иловашудае, ки бояд хангоми воридоти молхо супорида шавад;
-ба суратхисоби бонкии супорандаи андоз аз арзиши иловашуда гузарондани пулхое, ки баъди ичрои амалхои пешбиникардаи сархатхои якум ва дуюми хамин кисм боки мондаанд.
- Нисбат ба дигар андозсупорандагоне, ки бо кисми 1 хамин модда фаро гирифта нашудаанд, маблаги зиёдатии андози бахисобгирифташуда, нисбат ба маблаги андози барои давраи хисоботи хисобшуда ба 3 давраи минбаъдаи андоз гузаронида мешавад ва ба хисоби ухдадорихои оид ба андоз барои ин даврахо, инчунин ба хисоби пардохти карздории супорандаи андоз аз арзиши иловашуда аз руи дигар андозхо, аз чумла андоз аз арзиши иловашуда барои даврахои пешинаи андоз гузаронида мешавад. Хама гуна бакияи зиёдати дар давоми 30 рузи баъди гузаштани ин 3 давраи андоз аз бучет баргардонида мешавад.
- Дар хама холатхо, агар аз чониби макомоти андоз ошкор шавад, ки маблагхои муайян ба андозсупоранда иштибохан баргардонда шудаанд, макомоти андоз метавонад талаб намояд, ки чунин маблагхо мувофики тартиби барои чамъоварии андозхо мукарраршуда баргардонида шаванд.
- Тартиби баргардонидани маблаги зиёдатии андози бахисобгирифташаванда нисбат ба маблаги хисобшудаи андоз дар давраи хисоботи бо дарназардошти мукаррароти хамин модда аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.