Главная / Биология / РИБОСОМАҲО

РИБОСОМАҲО

Рибосомаҳо шаклан нимдоираи андозаашон 15,0- 35,0 нм буда, аз ду ҳисса иборатанд (расми 5.8). Дар рибосомаҳо тақрибан миқдори сафеда ва КРН баробар аст. Онҳо ҳам дар ҳуҷайраи прокариотҳо ва ҳам дар ҳуҷайраи эукариотҳо мавҷуданд.

КРН рибосомавӣ (КРН-р) дар ядро аз малекулаи КДН дар мавзеи ядроча синтез мешавад. Ва дар ҳамин ҷой рибосомаҳо ташаккул ёфта, баъдан аз ядро берун мегарданд. Дар ситоплазма рибосомаҳо дар шакли озод ва дар қисми болои мембранаи тури эндоплазмавӣ пайваст мешаванд. Вобаста ба навъи синтези сафедаҳо рибосомаҳо метавонанд алоҳида фаъолият намоянд ё дастаҷамъона комплекси полирибосомаро ташкил диҳанд. Дар чунин комплекси рибосомаҳо танҳо ба як молекулаи КРН-а пайваст мебошанд.

ribosoma

Агар ба механизми биологии синтези сафеда нигаред, маълум мегардад, ки зинаи транслятсияи рибосомаҳо аҳамияти калон дорад. Дар ин ҷо таъсири мутақобилаи антикодони КРН-н (нақлиётӣ) бо кодони КРН-а ба амал меояд.

Рибосомаҳо дар молекулаи КРН-а ҳаракат карда, аз як триплет (сегона) ба триплети дигар мегузаранд.

Ҳамин тавр, вазифаи асосии рибосомаҳо аз он иборат аст, ки кодонҳои КРН-а-ро нигоҳ дошта, ба осонӣ бо антико-донҳои КРН-н пайваст шавад. Дар натиҷаи он, пайдарҳамии нуклеотидҳои КРН-а ба пайдарҳамии аминокислотаҳои занҷири полипептидӣ мувофиқат мекунанд.

Маҷмаи Голҷӣ

Сохтори асосии маҷмаи Голҷӣ мембранаи ҳамворест, ки қабат ба қабат зич шуда, вакуолаҳои калон ва ҳубобчаҳои хурд дорад (расми 5.9). Сафедаҳо полисахаридҳо ва чарбҳое, ки дар мембранаи тўри эндоплазмавӣ синтез мешаванд, ба комплекси Голҷӣ ворид шуда, андаруни сохтори он конденсатсия мешаванд ва барои хориҷ шудан ё истифодаи худи ҳуҷайра омода мегарданд.

Ба ибораи дигар, ин моддаҳо (сафедаҳо, полисахаридҳо, чарбҳо) дар маҷмаи Голҷӣ роҳхат гирифта, мувофиқи он амал мекунанд ва ба ҷои лозим расонда мешаванд.

Дар маҷмаи Голҷӣ лизосомаҳо ташаккул меёбанд, ки дар ҳазми моддаҳои дохилиҳуҷайравӣ фаъолият доранд. Маҷмаи Голҷӣ дар ҳуҷайраҳои ғадуди усораи дохилӣ вомехўранд. Дар он ҷо гормонҳо ҳосил шуда, ба ҷараёни хун ҳамроҳ мегарданд ва ба тамоми ҳуҷайраҳои бадан равона мешаванд.

Митохондрия

Митохондрия дар ҳамаи ҳуҷайраҳои организмҳои эукариотии якҳуҷайра ва серҳуҷайра дида мешавад. Ин далели он аст, ки митохондрия дар ҳуҷайра аҳамияти бағоят калон дорад.

Митохондрия дарозрўя, лўнда ва риштамонанд мешавад (расми 5.10). Диаметри онҳо аз 0,2 то 1 мкм буда, дарозиашон то 7 мкм, дарозии шаклҳои риштамонанд то 15-20 мкм аст.

Миқдори митохондрия дар бофтаҳо якхела набуда, ба фаъолияти ҳуҷайра вобаста аст: дар он узве, ки равандҳои синтез баланд аст, миқдори онҳо зиёд мебошад (ҷигар), масалан, дар мушакҳои қафаси синаи паррандагон. Митохондрия бо роҳи тақсимшавӣ зиёд мешавад, ки ба хосияти молекулаи КДН вобастагӣ дорад.

Нақшаи сохти митохондрия:

А – буриши дарозрўя,

Б – сохти моделӣ,

1 – мембранаи берунӣ,

2 – мембранаи дарунӣ,

3 – рибосома, 4 – КДН,

5 – ҳиссачаҳо.

Девораи митохондрия аз ду қабат – мембранаи берунӣ ва дарунӣ иборат аст. Девораи берунӣ ҳамвор, дарунӣ бошад, бо қабатчаҳо чудо шудааст, ки онҳоро крист (аз лотинӣ crista – шона) меноманд. Дар мембранаи девораи кристҳо ферментҳои бисёр ҷой дошта, онҳо дар мубодилаи энергетикӣ иштирок мекунанд.

Миқдори лоначаҳои крист, ки масоҳати мембраниро муайян карда, дар онҳо ферментҳо чойгиранд, ба амали ҳуҷайра вобаста аст. Дар митохондрияи мушакҳо лоначаҳои кристӣ бисёр буда, тамоми масоҳати даруни органоидро ишғол кардаанд; дар ҳуҷайраи ҷанин бошад, кристҳо каманд.

Вазифаи асосии митохондрия синтези энергияи захирави универсалӣ, яъне АТФ мебошад.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

janin

ДАВРАИ ИНКИШОФИ ҶАНИНӢ

Аксарияти ҳайвоноти серҳуҷайра қатъи назар аз мураккабии сохт, зинаи инкишофи ҷанинро аз сар мегузаронанд. Давраи …