Главная / Маданият ва санъат / «Бахориёт»-и Сайидои Насафи

«Бахориёт»-и Сайидои Насафи

«Бахориёт» ва ё «Хайвонотнома» асари тамсилии Миробид Сайидои Насафи буда, дар рузгори Абдулазизхони аштархони (1645-1680) соли 1091х. (1680м.) дар муддати ду-се руз таълиф шудааст ва дар ин бора худи шоир чунин ишора дорад:

Ин нусха, Сайидо ба ду-се руз шуд тамом,

Дар рузгори хазрати Абдулазизхон.

Таърих аз хазору навад як гузашта буд,

Аз хичрати Расул-шахи охируззамон.

bahori-saydo

Асар хачман чандон калон набуда аз 184 байт иборат мебошад. «Бахориёт» дар бахри Музореи мусаммани ахраби макфуфи махзуф ё максур навишта шудааст ва афоъили он чунин аст:

ё худ:-У

яъне: мафъулу фоъилоту мафоъилу фоъилун ё фоъилон. Асар чун суннати устувор бо хамду санои Худо огоз мешавад:

Аввал ба номи он ки муббарост аз макон,

Халлоки вахшу тайру Худованди инсу чон.

Он сониъе, ки шохиди уянд хар вучуд,

Он кодире, ки дар сифати уст хар забон.

Асар аз мукаддима, кисмати асоси ва хотима иборат буда, мукаддимаи он хамди Худо ва наъти Расули акрам (с.) -ро дар бар мегирад:

Баъд аз санову хамди Худованди зулчалол,

Миннат нихам зи наъти Расули Худо ба чон.

Баъд аз он, шоир кайд мекунад, ки бахри рафъи хастаги ва парешонии табъи мардумон ният дорад, ки аз вухуш-хайвонот сухан бикунад. Шоир барои мушохида ба сахро баромада сараввал мушакеро мебинад, ки назди дари хонаи худ нишаста хештанситои дорад:

Мехохам аз вухуш замоне сухан кунам,

Дафъи малол то шавад аз табъи мардумон.

Рузе мани гариб дар айёми навбахор,

Аз кунчи хона чониби сахро шудам равон.

Дидам нишаста бар дари сурох мушаке,

Мекард худ ба худ сифати хешро баён.

Худситои ва таърифкугии муш то ба чое мерасад, ки боиси хашм гирифтани чонвари дигаре мешавад:

Ачдоди ман ба мири мушон такя мекунад,

Имруз дар баробари ман кист дар чахон.

Гурбаи даргузаре инро шунида токаташ ток мегардад ва мушро сахт танкид намуда, худашро таъриф мекунад:

Ай беадаб, ту шарм надори зи руи ман?

Ачдоди ту шуданд хама пеши ман калон.

Обои олии[1] ту бувад куршабпарак

Абнои софили[2] ту хам аз чинси сифлагон.

Пур кардаи зи хок ба хар хона рафтаи,

Ай, хонахои халк зи дасти ту хокдон!

Дандонзанист кори ту хар чо, ки дона аст,

Хасти хамеша душмани анбори мардумон.

Гурба худистои намуда мегуяд:

Бар ман бубину нек тамано бикун маро,

Яъне зи шер сурати ман медихад нишон.

Паррандае, ки бигзарад аз пеши чашми ман,

Уро ба чанги хеш дарорам хамон замон.

Азбаски дар миёнаи мардум мукаррамам,

Чоям хамеша хаст ва пахлуи мехмон.

Ба хамин тарик, худтаърифкунии гурбаро шунида саг ба низоъ хамрох мешавад. Вай гурбаро сарзаниш намуда, худашро ситоиш мекунад. Яъне дар «Бахориёт» хамаги 18 хайвон иштирок мекунад, ки яке пас аз дигаре зухур карда сифатхои манфии тарафи мукобилро як-як номбар намуда, мазаммат менамояд ва пасон ва худситои шуруъ мекунад. Тартиби ширкати чонварон дар асар чунин аст: муш, гурба, саг, гусфанд, гург, гов, уштур, сангпушт, хорпушт, рубох, харгуш, маймун, оху паланг, фил, карк, шер ва мурча бо баёни хислатхои бади хамдигар ва зикри сифатхои хуби хеш мунозираи хеле тезутунд менамоянд.

Шоир дар тасвири мунозираи хайвонот хеле мушохидахои дакику нозук менамояд, зеро зиддиятхои тибии чонваронро, ки хатто мардумон низ медонанд, кайд намуда нафъу зарари расонидаи онхоро таъкидан баён мекунад: мушу гурба, гурба ва саг, гусфанду гург ва г.

Дар асар худситоии хеле зиёдеро шер дар бораи худ ва ачдодаш раво мебинад, ки он боиси хашм гирифтани мурча мегардад. Шер каркро сарзаниш мекунад, ки:

Ай сахтрую сусткадам, чобуки макун,

Хасти ту пеш як кадам аз гови подабон

Тифлон аз забони ту пархез мекунанд,

Боши ту дар миёнаи ин кавм бадзабон.

Ачдоди ман ба шерри Худо даст додаанд,

Аз чашми ман ва агар на ки меёфти Амон.

Харгиз шикории дигареро нахурдаам,

Як рах ба хуни мурда наёлудаам дахон.

Дар бешае, ки мераваму мекунам карор,

Берун зи кахтсол шаванд ахли он макон.

Бо хар ки бингарам, чигараш об мешавад,

Аз мур камтаранд ба чашмам баходурон.

Сарзаниши шер, ки баходурон ба мурча мукоиса карда мешавад, тахкир шудани мурча ба садои фахромези шер боиси хашм гирифтани мурча мешавад. Хадафи мурча аслам донпайдокуни буд, вале мазаммати шерро шунида газаб мекунад ва абнои чинси хешро мисол меорад, ки агар мо иттифок шавему сарчамъ гардем, шерри чахонро пуст хохем канд:

Дар фикри дона мурчае буд дар гузар,

Омад ба Шеру гуфт, ки:-Эй Рустами замон!

Аз иттифоки мурчагон гофили магар,

В-арна чаро хакир шуморию нотавон?

Хуроки ахли байти ман аст аз ниточи ту,

Доим пур аст хонам аз шер баччагон.

Тифлони шермасти ман имруз шергир,

Хешони нотавони мананд аз ту комрон.

Таъсири суханони мурча то ба хадде мерасад, ки хамаи чонварон аз кирдори хеш пушаймон мешаванд ва онхо хатто аз хамдигар узр хоста ошти мекунанд. Шоир лахзаи мазкурро чунин ба калим овардааст:

Чун аз забони мурча ин харф шуд баланд,

Таслим карда карда расиданд вахшиён.

Гуфтанд узрхо зи тахи дил ба якдигар,

Афтод пои оштиё андар он миён.

Мантикан агар андеша карда шавад, «Бахориёт» бо кибру гурур огоз шуда бо низоъхои паёпай чараён гирифта то ба интихо кариб давом мекунад. Мухим он аст, ки бо сулх ва ошти тамом мешавад ва хатто чонварон аз хамдигар узрпурси менамоянд, ки максади эчодкор табиши фалсафи мегирад. Яъне хама гуна чанг ба сулх хотима меёбад. Пас ин хамин маъниро низ дорад, ки чанг, кибру гурур, хавобаланди, худхохи умри тулони надорад ва хатман пушаймони ба бор меорад.

Албатта, ба чунин натичаи фалсафи расидани Миробид Сайидои Насафи бесабаб нест. Шоир аз анъанахои адабии тоисломи ва асримиёнаги иттилооти комил дошта дар эчодиёти худ аз онхо кор гирифтааст. Сайидо дар хамин замина низ тозакорихо карда метавонад ва у чунин хам кардааст. У бо эчоди ин асари худ ду чанбаи суннати адабии миллиро таквият бахшидааст: яке осори тамсилиро тахким бахшидаву дигаре адабиёти мунозиравиро эхё кардааст. Намунаи комили асари тамсили-мунозирави «Дарахти Ассурик ва буз» аст, ки дар адабиёти асримиёнаги таъсири фаровон гузоштааст. Махсусан дар асри XI тавассути эчодиёти Носири Хусрав ва бештар дар осори Асадии Туси мунозира чилои тозае касб мекунанд. Намунахои комили мунозира панч касидаи Асадии Туси: «Замину осмон», «Тиру камон», «Шабу руз», «Габр ва мусулмон» «Арабу ачам» ба хисоб меравад. Дар ин асархо интихоби мавзуъ ва масъалагузори, халли масъала ва натичагири аз он тамоман нав, нихоят мухим ва арзишманд мебошад.

«Бахориёт»-и Сайидо хамчун асари адаби, пеш аз хама дар накши 18- чонвар нишон додани муносибатхои табакави дар чамъият аст. Дар руи замин агар пуркувваттарин чонвар шер бошад, хакиру нотавон мурча ба шумор меравад.

Шоир хушдор медихад, ки хисоли хамида фурутани, хоксори, шикастанафаси, халими, дурандеши, сабури, хайрхохи, некукори, дидарои, тавозуъ барои солимии чомеъа хатми ва ногузир мебошад. Дар мукобили хисоли хамида, ки номбар кардем, хислатхои разила: кибр, гурур, худхохи, кутохназари, хавобаланди, сабукандеши, бузургманиши, чохталаби, нодили, пастфитрати, сифлаги, дунхиммати, разили, гаразхохи, фитнаангези гузошта мешавад. Шоир ду пахлуи хисоли инсониро (хамида ва разиларо) хатто дар ниходи як чонвар чой медихад. Ачоиб он аст, ки зикри хислатхои хамила ва дар хамин замина содир гардидани кибру гурур ва хам тафохури бебунёд, аз забони худи ин ва ё он чонвар таъкид карда мешавад. Вале аз тарафхои манфии хаёту фаъолияти худ он чонвар забон намекушояд.

Сифатхои зишту носавоби он аз тарафи чонвари мукобили вай номбар гардида, сарзаниш карда мешавад. Вале аз тарафхои манфии хаёту фаъолияти худ он чонвар забон намекушояд. Сифатхои зишту носавоби он аз тарафи чонвари мукобили вай номбар гардида, сарзаниш карда мешавад, ки хеле хуб ва табиист. Чараёни хатти харакати сюжет ва тезутунд гардидани муносибатхо, гуё чуёи хакикати вокеи аст. Ин аст ки шоир онро дар накши табакахои басо беозору захматкаштарини рузгор мурча мебинад ва хеле хуб хам пайдо мекунад, зеро чараёни бархурдхо, муковимати низоъхо, бахамоии тазодхо чунин рохи халли мушкилотро пеш меорад. Бузургии шоир, эчодкор ва мафкурабардор хам дар хамин аст, ки рохи баромадан аз вазъияти баамаломадаро пайдо карда тавонад. Ин мушкилотро Сайидо дар созгории табакахои ичтимои дар меёбад. У таъкид менамояд, ки хар як табакаи ичтимои дар чомеъа чой, маколе ва мавкеи худро дорад.

[1]     Обои оли- падару бобоён

[2]     Софил-паст

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …