Главная / Гуногун / ПАЙМОНИ МУХАММАД БО ЯХУДИЁН

ПАЙМОНИ МУХАММАД БО ЯХУДИЁН

Мухаммад /с/ барои исботи муносибати дустона бо яхудиён карордоде баст, ки тибки он дину моли онхоро эмин гузошта ва ба кори онхо дахолат намекард.

Матни карордод чунин аст:

“Ба номи Худои бахшояндаи мехрубон. Ин номаест аз Мухаммад пайгамбар миёни муъминону мусалмонон аз Курайшу Ясриб ва касоне, ки онхоро пайрави карданд ва ба онхо ба чиход бархостанд.

Онхо бо сарфи назар аз сойири мардум миллати вохидеро ташкил медиханд. Мухочирони Курайш бар русуми хеш пойдоранд. Хунбахое, ки ба яке аз онхо тааллук, гирад, бо хам адо кунанд. Асирони хешро ба хубию баробари миёни муъминон фидя диханд.

Муъминон аз по афтодаеро ба холи хеш намегузоранд ва фидя ё хунбахои уро ба неки адо кунанд. Муъмине бо мавлои муъмини дигар бидуни у паймон набандад. Муъминони пархезкор бар алайхи он кас, ки тугён кунад ё дар садади зулм барояд, ё муртакиби чурм шавад, ё тачовузе аз у сар занад ё дар миёни муъминон фасод кунад, киём кунанд ва агарчи фарзанди яке аз онхо бошад, бар зидди у хамдаст шаванд.

tarix

Муъмине муъминеро ба ивази кофире накушад ва кофиреро бар зидди муьмине ёри накунад. Ахди худо яке аст. Пастарини мусулмонон метавонад чизеро аз тарафи хама тааххуд кунад. Муъминон хама бо хам дустанд ва ба дигарон коре надоранд. Аз яхудон хар кас пайрави мо бошад, аз ёварию баробари бархурдор шавад, касе бо у зулм накунаду касеро бар зидди у ёри накунем. Сулхи муъминон яке аст. Муъмине бидуни муъмини дигар дар чанг чуз ба адолату мусовот сулх накунад.

Хар тоифае, ки хамрохи мо чанг кунад, дастахои он мутаокиби якдигар бошанд. Мусалмонон дар хунхое, ки аз онхо дар рохи худо мерезад, авлиёи якдигарнд. Муъминони пархезкор пайрави 5-4280 65 хидояту рохи ростанд. Хеч яке мушрикон мол ё шахсе аз Курайшро панох надиханд ва муъминро аз тасаллут бар он чилавгири кунанд. Хар касс муминеро бе чихат бикушаду собит шавад, кушта мешавад, магар он ки касони мактул рози шаванд. Хамаи муъминон бар зидди у хастанд ва чуз ин коре бар онхо раво нест. Хеч муъмине, ки ба мундаричоти ин карордод эътироф ва ба рузи киёмат имон дорад, хак надорад чинояткорро ёри карда, уро панох дихад ва хар кас уро ёри кунад ё панох дихад, рузи кисмат даъвату газаби Худо бар у бошад ва тавбаю фидяе аз у кабул нашавад. Агар дар чизе ихтилоф пайдо карданд, марчаи он худову Мухаммад аст. Яхудиён хар вакт ба ханг омаданд, бо муъминон харч кунанд. Яхудиёни бани Авф бо муъминон муттахиду дар хукми як умматанд. Яхудиён пайрави дини худ ва мусалмонон пайрани дини хешанд.

Бандагонашон низ дар хукми онхо хастанд, магар он кас, ки ситам кунад ё муртакиби чурм шавад, ки чуз худ ва хонаводашро ба захмат намеандозад.

Яхудиёни бани Наччору бани Хадис ва бани Соидаву бани Чушм ва бани Авсу бани Саълаба ва Лачфанову бани Шутайба ба монанди яхудиёни бани Авфанд ва бо муъминон муттахиданд. Гуломони бини

Саълаба мисли онхо хастанд. Бастагони Яхуд низ дар хукми онхо бошанд. Хун аз миён наравад. Хар кас хуни касеро бирезад, захмати он домапгири уву хонаводааш шавад. Магар ом ки ситам дида бошад. Худо бо бехтарини ин кисмат аст.

Яхудиён дар чанг ухдадори махоричи худ ва мусалмонон ухдадори махоричи хешанду хамдигарро бар зидди касе, ки бо пайравони ин карордод ба чанг бархезад, ёри кунанд. Муносибати онхо бар насихату неки аст ва аз бади бар канор мемонанд. Хеч кас дар хакки хампаймони худ бади накунад. Хама бояд он касеро, ки ситам дидааст, ёри кунанд. Яхудиёи низ дар мавкеи чанг бо муъминон харч кунанд. Дохили Ясриб барои пайравони ин карордод минтакаи харам аст. Хамсояи хар касе монанди худи уст ва зиён задану бад кардан ба у раво нест. Хеч касро чуз ба ичозаи касонаш панох набояд дод. Хаводису ихтилофоте, ки миёни пайравони ин карордод рух медихад, марчаи он ба худову Мухаммад – расули уст. Худо бо бехтарин кисмати ин карордод аст.

Курайшу ёрони онхо панох дода намешаванд. Пайравони ин карордод якдигарро бар зидди кассе, ки ба Ясриб хучум меоварад, ёри кунанд. Агар онхоро ба сулх даъват кунанд, пазиранду агар онхо ба сулх даъват кунанд, бояд муъминон хар як ба сахми худ пазиранд, магар он кас, ки дар бораи дин чанг кунад. Яхудиёни Авс ва гуломонаш аз хукуки пайравони ин карордод бархурдор шаванд ва бар онхо бо неки рафтор шавад. Неки гайр аз бади аст. Хеч кас коре ба чуз барои худ намекунад.

Худо ба росттарину бехтарин кисмати ин харордод аст. Ин карордод аз золиму мучрим химоят намекунад. Хар кас аз Мадина берун равад, дар амон аст ва хар кас дар он чо бимонад дар амон аст, магар золиму мучрим ва Худо панохдихандаи накукорону пархезкорон аст”.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …