Главная / Гуногун / ПАЙМОНИ МУҲАММАД БО ЯҲУДИЁН

ПАЙМОНИ МУҲАММАД БО ЯҲУДИЁН

Муҳаммад /с/ барои исботи муносибати дўстона бо яҳудиён қарордоде баст, ки тибқи он дину моли онҳоро эмин гузошта ва ба кори онҳо дахолат намекард.

Матни қарордод чунин аст:

“Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон. Ин номаест аз Муҳаммад пайғамбар миёни мўъминону мусалмонон аз Қурайшу Ясриб ва касоне, ки онҳоро пайравӣ карданд ва ба онҳо ба ҷиҳод бархостанд.

Онҳо бо сарфи назар аз сойири мардум миллати воҳидеро ташкил медиҳанд. Муҳоҷирони Қурайш бар русуми хеш пойдоранд. Хунбаҳое, ки ба яке аз онҳо тааллуқ, гирад, бо ҳам адо кунанд. Асирони хешро ба хубию баробарӣ миёни мўъминон фидя диҳанд.

Мўъминон аз по афтодаеро ба ҳоли хеш намегузоранд ва фидя ё хунбаҳои ўро ба некӣ адо кунанд. Мўъмине бо мавлои мўъмини дигар бидуни ў паймон набандад. Мўъминони парҳезкор бар алайҳи он кас, ки туғён кунад ё дар садади зулм барояд, ё муртакиби ҷурм шавад, ё таҷовузе аз ў сар занад ё дар миёни мўъминон фасод кунад, қиём кунанд ва агарчи фарзанди яке аз онҳо бошад, бар зидди ў ҳамдаст шаванд.

tarix

Мўъмине мўъминеро ба ивази кофире накушад ва кофиреро бар зидди мўьмине ёрӣ накунад. Аҳди худо яке аст. Пастарини мусулмонон метавонад чизеро аз тарафи ҳама тааҳҳуд кунад. Мўъминон ҳама бо ҳам дўстанд ва ба дигарон коре надоранд. Аз яҳудон ҳар кас пайрави мо бошад, аз ёварию баробарӣ бархурдор шавад, касе бо ў зулм накунаду касеро бар зидди ў ёрӣ накунем. Сулҳи мўъминон яке аст. Мўъмине бидуни мўъмини дигар дар ҷанг ҷуз ба адолату мусовот сулҳ накунад.

Ҳар тоифае, ки ҳамроҳи мо ҷанг кунад, дастаҳои он мутаоқиби якдигар бошанд. Мусалмонон дар хунҳое, ки аз онҳо дар роҳи худо мерезад, авлиёи якдигарнд. Мўъминони парҳезкор пайрави 5-4280 65 ҳидояту роҳи ростанд. Ҳеҷ яке мушрикон мол ё шахсе аз Қурайшро паноҳ надиҳанд ва мўъминро аз тасаллут бар он ҷилавгирӣ кунанд. Ҳар касс мўминеро бе ҷиҳат бикушаду собит шавад, кушта мешавад, магар он ки касони мақтул розӣ шаванд. Ҳамаи мўъминон бар зидди ў ҳастанд ва ҷуз ин коре бар онҳо раво нест. Ҳеҷ мўъмине, ки ба мундариҷоти ин қарордод эътироф ва ба рўзи қиёмат имон дорад, ҳақ надорад ҷинояткорро ёрӣ карда, ўро паноҳ диҳад ва ҳар кас ўро ёрӣ кунад ё паноҳ диҳад, рўзи қисмат даъвату ғазаби Худо бар ў бошад ва тавбаю фидяе аз ў қабул нашавад. Агар дар чизе ихтилоф пайдо карданд, марҷаи он худову Муҳаммад аст. Яҳудиён ҳар вақт ба ҳанг омаданд, бо мўъминон харҷ кунанд. Яҳудиёни бани Авф бо мўъминон муттаҳиду дар ҳукми як умматанд. Яҳудиён пайрави дини худ ва мусалмонон пайрани дини хешанд.

Бандагонашон низ дар ҳукми онҳо ҳастанд, магар он кас, ки ситам кунад ё муртакиби ҷурм шавад, ки ҷуз худ ва хонаводашро ба заҳмат намеандозад.

Яҳудиёни бани Наҷҷору банӣ Ҳадис ва банӣ Соидаву банӣ Ҷушм ва банӣ Авсу банӣ Саълаба ва Лаҷфанову бани Шутайба ба монанди яҳудиёни банӣ Авфанд ва бо мўъминон муттаҳиданд. Ғуломони бинӣ

Саълаба мисли онҳо ҳастанд. Бастагони Яҳуд низ дар ҳукми онҳо бошанд. Хун аз миён наравад. Ҳар кас хуни касеро бирезад, заҳмати он домапгири уву хонаводааш шавад. Магар ом ки ситам дида бошад. Худо бо бехтарини ин кисмат аст.

Яҳудиён дар ҷанг ўҳдадори махориҷи худ ва мусалмонон ўҳдадори махориҷи хешанду ҳамдигарро бар зидди касе, ки бо пайравони ин қарордод ба ҷанг бархезад, ёрӣ кунанд. Муносибати онҳо бар насиҳату некӣ аст ва аз бадӣ бар канор мемонанд. Ҳеҷ кас дар ҳаққи ҳампаймони худ бадӣ накунад. Ҳама бояд он касеро, ки ситам дидааст, ёри кунанд. Яҳудиёи низ дар мавқеи ҷанг бо мўъминон харҷ кунанд. Дохили Ясриб барои пайравони ин қарордод минтақаи ҳарам аст. Ҳамсояи ҳар касе монанди худи ўст ва зиён задану бад кардан ба ў раво нест. Ҳеҷ касро ҷуз ба иҷозаи касонаш паноҳ набояд дод. Ҳаводису ихтилофоте, ки миёни пайравони ин қарордод рўҳ медихад, марҷаи он ба худову Муҳаммад – расули ўст. Худо бо беҳтарин қисмати ин қарордод аст.

Қурайшу ёрони онҳо паноҳ дода намешаванд. Пайравони ин қарордод якдигарро бар зидди кассе, ки ба Ясриб ҳуҷум меоварад, ёрӣ кунанд. Агар онҳоро ба сулҳ даъват кунанд, пазиранду агар онҳо ба сулҳ даъват кунанд, бояд мўъминон ҳар як ба саҳми худ пазиранд, магар он кас, ки дар бораи дин ҷанг кунад. Яҳудиёни Авс ва ғуломонаш аз ҳуқуқи пайравони ин қарордод бархурдор шаванд ва бар онҳо бо некӣ рафтор шавад. Некӣ ғайр аз бадӣ аст. Ҳеҷ кас коре ба ҷуз барои худ намекунад.

Худо ба росттарину беҳтарин қисмати ин ҳарордод аст. Ин қарордод аз золиму муҷрим ҳимоят намекунад. Ҳар кас аз Мадина берун равад, дар амон аст ва ҳар кас дар он ҷо бимонад дар амон аст, магар золиму муҷрим ва Худо паноҳдиҳандаи накўкорону парҳезкорон аст”.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …