Главная / Биология / НАЗАРИЯИ ХУЧАЙРАВИИ СОХТИ ОРГАНИЗМХО

НАЗАРИЯИ ХУЧАЙРАВИИ СОХТИ ОРГАНИЗМХО

Аз гуфтахои боло ба хулоса омадан мумкин аст, ки тамоми равандхои фаъолияти хаёти дар хучайра мегузарад. Хучайра асоси сохтори растани ва хайвонотро ташкил мекунад. Барои прокариотхо, соддатаринхо, занбуругхои дарачаи паст ва баъзе обсабзхо мафхуми хучайра ва организм мазмунан мувофиканд. Гуфтан мумкин аст, ки хучайра системаи элементарии биологи буда, кобилияти баркароршави, такроршави ва инкишофро дорад.

Албатта, чунин тасаввурот оиди хучайра дар илм якбора пайдо нашуданд. Агар ба таърихи омузиши хучайра назар афканем, мебинем, ки чилди хучайра дар асри ХVII аз тарафи физик Р.Гук кашф шуда буд. Вай пораи пукро дар зери микроскоп дида, ба хулоса омад, ки он аз хоначахои бо деворахо чудошуда иборат аст. У ин хоначахоро хучайра номид.

Асри ХIХ диккати мухаккиконро махлули гализе, ки дохили хучайраро пур кардааст, чалб намуд. Соли 1931 ботаники англис Б.Броун ядрои хучайраро мушохида кард. Ин тадкикот заминаи мухиме барои муайян кардани монандии

хучайраи растани ва хайвонот гашт. Ботаники олмони М.Шлейден исбот намуд, ки дар хар хучайраи растани ядро мавчуд аст. Дар охири солхои 30 асри ХIХ физиологи олмони Т.Шванн сохти хучайраи организмхоро омухта, муайян кард, ки дар баробари тафоввут доштани хучайраи растани ва хайвонот ядрои онхо ба хам монанданд. Шванн ба хулоса омад, ки хучайра вохиди сохтории асосии организмхои зинда буда, ба вучуд омадани хучайрахо сабзиш ва инкишофи бофтахоро муайян месозад.

Назарияи сохти хучайрави аз чониби Т.Шванн шарх дода шуд ва соли 1839 ба табъ расид. Ин назария дар инкишофи биология ахамияти калон бозид.

Ихтилофхое, ки дар байни олами наботот ва олами хайвонот буданд, бартараф шуданд. Дар натича ягонагии олами зинда мазмунан асоснок ва назарияи хучайрави яке аз заминахои пайдоиши назарияи эволютсионии Ч.Дарвин гар-

дид. Назарияи хучайраги баъдтар аз тарафи олимони дигар инкшоф дода шуд. Духтури олмони Р.Вирхов (1853) исбот кард, ки берун аз хучайра хаёт нест; кисми асосии таркибии хучайра ядро буда, хучайра факат аз хучайра бо рохи таксимшави пайдо мешавад.

Дар натичаи такмил ёфтани техникаи микроскопи, аз чумла ихтироъ гаштани микроскопи электрони ва пешрафти усулхои биологияи молекулави имконият пайдо шуд, ки хучайраро хамачониба омухта, сохтор ва равандхои биохимиявии дар он рухдихандаро омузанд.

Дар замони хозира мохияти асосии назарияи хучайрави чунин шарх дода шудааст:

  1. Хучайра вохиди сохторию вазоифи, вохиди инкишофи хамаи организмхои зинда аст.
  2. Хучайра сохти мембранави дорад.
  3. Ядро кисми таркибии асосии хучайра мебошад.
  4. Хучайра факат бо рохи таксимшави меафзояд. 5. Сохти хучайравии организмхо далели он аст, ки наботот ва хайвонот пайдоиши умуми доранд.

Саволхо барои санчиш:

  1. Таърихи кашфи хучайраро накл кунед
  2. Назарияи хучайраро ки ва кай аввалин шуда шарх додааст?
  3. Мохияти асосии назарияи хучайравиро накл кунед.
  4. Ахамияти назарияи хучайрави барои биология дар чист?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …