Главная / Биология / НАЗАРИЯИ ҲУҶАЙРАВИИ СОХТИ ОРГАНИЗМҲО

НАЗАРИЯИ ҲУҶАЙРАВИИ СОХТИ ОРГАНИЗМҲО

Аз гуфтаҳои боло ба хулоса омадан мумкин аст, ки тамоми равандҳои фаъолияти ҳаётӣ дар ҳуҷайра мегузарад. Ҳуҷайра асоси сохтори растанӣ ва ҳайвонотро ташкил мекунад. Барои прокариотҳо, соддатаринҳо, занбўруғҳои дараҷаи паст ва баъзе обсабзҳо мафҳуми ҳуҷайра ва организм мазмунан мувофиқанд. Гуфтан мумкин аст, ки ҳуҷайра системаи элементарии биологӣ буда, қобилияти барқароршавӣ, такроршавӣ ва инкишофро дорад.

Албатта, чунин тасаввурот оиди ҳуҷайра дар илм якбора пайдо нашуданд. Агар ба таърихи омўзиши ҳуҷайра назар афканем, мебинем, ки ҷилди ҳуҷайра дар асри ХVII аз тарафи физик Р.Гук кашф шуда буд. Вай пораи пўкро дар зери микроскоп дида, ба хулоса омад, ки он аз хоначаҳои бо девораҳо ҷудошуда иборат аст. Ў ин хоначаҳоро ҳуҷайра номид.

Асри ХIХ диққати муҳаққиқонро маҳлули ғализе, ки дохили ҳуҷайраро пур кардааст, ҷалб намуд. Соли 1931 ботаники англис Б.Броун ядрои ҳуҷайраро мушоҳида кард. Ин тадқиқот заминаи муҳиме барои муайян кардани монандии

ҳуҷайраи растанӣ ва ҳайвонот гашт. Ботаники олмонӣ М.Шлейден исбот намуд, ки дар ҳар ҳуҷайраи растанӣ ядро мавҷуд аст. Дар охири солҳои 30 асри ХIХ физиологи олмонӣ Т.Шванн сохти ҳуҷайраи организмҳоро омўхта, муайян кард, ки дар баробари тафоввут доштани ҳуҷайраи растанӣ ва ҳайвонот ядрои онҳо ба ҳам монанданд. Шванн ба хулоса омад, ки ҳуҷайра воҳиди сохтории асосии организмҳои зинда буда, ба вуҷуд омадани ҳуҷайраҳо сабзиш ва инкишофи бофтаҳоро муайян месозад.

Назарияи сохти ҳуҷайравӣ аз ҷониби Т.Шванн шарҳ дода шуд ва соли 1839 ба табъ расид. Ин назария дар инкишофи биология аҳамияти калон бозид.

Ихтилофҳое, ки дар байни олами наботот ва олами ҳайвонот буданд, бартараф шуданд. Дар натиҷа ягонагии олами зинда мазмунан асоснок ва назарияи ҳуҷайравӣ яке аз заминаҳои пайдоиши назарияи эволютсионии Ч.Дарвин гар-

дид. Назарияи ҳуҷайрагӣ баъдтар аз тарафи олимони дигар инкшоф дода шуд. Духтури олмонӣ Р.Вирхов (1853) исбот кард, ки берун аз ҳуҷайра ҳаёт нест; қисми асосии таркибии ҳуҷайра ядро буда, ҳуҷайра фақат аз ҳуҷайра бо роҳи тақсимшавӣ пайдо мешавад.

Дар натиҷаи такмил ёфтани техникаи микроскопӣ, аз ҷумла ихтироъ гаштани микроскопи электронӣ ва пешрафти усулҳои биологияи молекулавӣ имконият пайдо шуд, ки ҳуҷайраро ҳамаҷониба омўхта, сохтор ва равандҳои биохимиявии дар он рухдиҳандаро омўзанд.

Дар замони ҳозира моҳияти асосии назарияи ҳуҷайравӣ чунин шарҳ дода шудааст:

  1. Ҳуҷайра воҳиди сохторию вазоифӣ, воҳиди инкишофи ҳамаи организмҳои зинда аст.
  2. Ҳуҷайра сохти мембранавӣ дорад.
  3. Ядро қисми таркибии асосии ҳуҷайра мебошад.
  4. Ҳуҷайра фақат бо роҳи тақсимшавӣ меафзояд. 5. Сохти ҳуҷайравии организмҳо далели он аст, ки наботот ва ҳайвонот пайдоиши умумӣ доранд.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Таърихи кашфи ҳуҷайраро нақл кунед
  2. Назарияи ҳуҷайраро кӣ ва кай аввалин шуда шарҳ додааст?
  3. Моҳияти асосии назарияи ҳуҷайравиро нақл кунед.
  4. Аҳамияти назарияи ҳуҷайравӣ барои биология дар чист?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …