Главная / Гуногун / Муборизаи Бобур Мирзо

Муборизаи Бобур Мирзо

Пас аз забти Хирот дар сарзамини пахновари давлати Шайбониён се сол сулху осоиш хукмфармо гардид ва ба ин восита хаёти хочагии мамлакат кадре ру ба бехбуди ниход. Вале соли 1510 аз ду самт ба давлати Шайбониён зарбаи марговар расонида шуд. Аз шимоли шарки бодиянишинони казок, ки замоне аз Шайбонихон сахт ишкаст хурда буданд, бо мугулхо як шуда, дар наздикии дарёи Сир ба Шайбонихон зарбаи халокатовар расониданд. Дар хамин вакт аз тарафи гарб шохи Эрон Исмоили I, ки бо давлати Шайбониён муборизаи сиёси ва мазхаби мебурд, бо кувваи зиёде Марвро ихота намуд. Дар натича Шайбонихон лашкарашро талаф дода, худ дар майдони чанг кушта шуд. Шохи Эрон Исмоили Сафэни аз косахонаи сари Шайбонихон чоми шароб сохт.

Собик хокими Фаргона аз авлоди Темуриён Бобур Мирзо дар Кобул меистод. У хабарн халок гаштани Шайбонихонро шунавида, карор дод, ки мавриди мувофикро истифода намуда, барои баркарорнамудани хокимияти Темуриён дар Мовароуннахр кушиш намояд. Бо ин максад у ба Хисор харакат кард. Мухорибаи аввалин ва халкунанда дар Пули Сангини дарёи Вахш (назди Нирак) ба галабаи Бобур анчом ёфт. Баъди ин вокеа султонхои сулолаи шайбони ба вахм афтода аз муковамат даст кашиданд. Бобур Мирзо бори саввум Самаркандро ишгол намуд.

Баъд аз ин Бобур форигболи намуда, касони зиёди наздиконашро аз худ ранчонид. У нафахмид, ки Шайбониён дар ин сарзамнн нуфузу куввае доштанд. Аз иштибоххои Бобур истифода намуда, соли 1512 бародарзодаи Шайбонихон Убайдулло Султон ба Бухоро хамла намуда, лашкари Бобурро дар назди Кули Малик шикаст дод. Бобур боз ба Хисор акибнишини намуд.

Бобур барои ишголи чахоруми Самарканд кувваи кофи надошт. У ба шохи Эрон Исмоил мурочиат намуда, ёрии харби талабид. Тирамохи соли 1512 лашкари 60 хазорнафараи Эрон бо сардории Начми Сони вориди Мовароуннахр гардид. Онхо ба кучое, ки по мегузоштаид, сокинонашро аз дами тег мегузарониданд. Лашкари Эрон дар Карши катли ом карда, 15 хазор ахолии онро халок кард. Бинобар ин иттифоки Бобур бо эрониён боиси норизоияти ахоли гардида, нисбат ба у хисси нафрат пайдо шуд.

123

Оромгохи Бобур Мирзо /1483-1530/ дар Кобул

Ахолии махалли ва як кисми ашроф дар атрофи Шайбониён муттахид гардиданд. Задухурд байни хони Бухоро Убайдуллохон ва Бобуру Начми Сони дар назди Гиждувон сурат гирифт. Бо вучуди афзалияти куввахои иттифокчиён Бобур иикаст хурд ва Начми Сони кушта шуд. Бобур мачбур мешавад, ки боз ба Хисор баргардад. Хони хонадони Шайбони Кучкунчихон бар зидди Бобур ба суи Хисор лашкар кашид. Хони гуреза кувваи муковимат надошт. Бинобар ин у ба суи Кундуз фирор намуд.

Бобур Мирзо ба хоки Хиндустон гузашта, баъди чангхои зиёд галаба кард ва давлати Темуриёни Хиндро поя гузошт. Бо вучуди ин у дар фикри ишголи Самарканд ва баркарор намудани хокимияти Темуриён дар ин мулк буд. Барои ичрои ин икдом у соли 1528 писарони худро сафарбар намуд. Вале ташвишхои Бобур беокибат монданд ва худи у баъд аз ду соли ин харакат дар синни 47- солаги вафот кард.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …