Главная / Гуногун / Муборизаи Бобур Мирзо

Муборизаи Бобур Мирзо

Пас аз забти Ҳирот дар сарзамини паҳновари давлати Шайбониён се сол сулҳу осоиш ҳукмфармо гардид ва ба ин восита ҳаёти хоҷагии мамлакат қадре рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Вале соли 1510 аз ду самт ба давлати Шайбониён зарбаи марговар расонида шуд. Аз шимоли шарқӣ бодиянишинони қазоқ, ки замоне аз Шайбонихон сахт ишкаст хӯрда буданд, бо муғулҳо як шуда, дар наздикии дарёи Сир ба Шайбонихон зарбаи ҳалокатовар расониданд. Дар ҳамин вақт аз тарафи ғарб шоҳи Эрон Исмоили I, ки бо давлати Шайбониён муборизаи сиёсӣ ва мазҳабӣ мебурд, бо қувваи зиёде Марвро иҳота намуд. Дар натиҷа Шайбонихон лашкарашро талаф дода, худ дар майдони ҷанг кушта шуд. Шоҳи Эрон Исмоили Сафэнӣ аз косахонаи сари Шайбонихон ҷоми шароб сохт.

Собиқ ҳокими Фарғона аз авлоди Темуриён Бобур Мирзо дар Кобул меистод. Ӯ хабарн ҳалок гаштани Шайбонихонро шунавида, қарор дод, ки мавриди мувофиқро истифода намуда, барои барқарорнамудани ҳокимияти Темуриён дар Мовароуннаҳр кӯшиш намояд. Бо ин мақсад ӯ ба Ҳисор ҳаракат кард. Муҳорибаи аввалин ва ҳалкунанда дар Пули Сангини дарёи Вахш (назди Нирак) ба ғалабаи Бобур анҷом ёфт. Баъди ин воқеа султонҳои сулолаи шайбонӣ ба ваҳм афтода аз муқовамат даст кашиданд. Бобур Мирзо бори саввум Самарқандро ишғол намуд.

Баъд аз ин Бобур фориғболӣ намуда, касони зиёди наздиконашро аз худ ранҷонид. Ӯ нафаҳмид, ки Шайбониён дар ин сарзамнн нуфузу қуввае доштанд. Аз иштибоҳҳои Бобур истифода намуда, соли 1512 бародарзодаи Шайбонихон Убайдулло Султон ба Бухоро ҳамла намуда, лашкари Бобурро дар назди Кӯли Малик шикаст дод. Бобур боз ба Ҳисор ақибнишинӣ намуд.

Бобур барои ишғоли чаҳоруми Самарқанд қувваи кофӣ надошт. Ӯ ба шоҳи Эрон Исмоил муроҷиат намуда, ёрии ҳарбӣ талабид. Тирамоҳи соли 1512 лашкари 60 ҳазорнафараи Эрон бо сардории Наҷми Сонӣ вориди Мовароуннаҳр гардид. Онҳо ба куҷое, ки по мегузоштаид, сокинонашро аз дами теғ мегузарониданд. Лашкари Эрон дар Қаршӣ қатли ом карда, 15 ҳазор аҳолии онро ҳалок кард. Бинобар ин иттифоқи Бобур бо эрониён боиси норизоияти аҳолӣ гардида, нисбат ба ӯ ҳисси нафрат пайдо шуд.

123

Оромгоҳи Бобур Мирзо /1483-1530/ дар Кобул

Аҳолии маҳаллӣ ва як қисми ашроф дар атрофи Шайбониён муттаҳид гардиданд. Задухӯрд байни хони Бухоро Убайдуллохон ва Бобуру Наҷми Сонӣ дар назди Ғиждувон сурат гирифт. Бо вуҷуди афзалияти қувваҳои иттифоқчиён Бобур иикаст хӯрд ва Наҷми Сонӣ кушта шуд. Бобур маҷбур мешавад, ки боз ба Ҳисор баргардад. Хони хонадони Шайбонӣ Кучкунчихон бар зидди Бобур ба сӯи Ҳисор лашкар кашид. Хони гуреза қувваи муқовимат надошт. Бинобар ин ӯ ба сӯи Қундуз фирор намуд.

Бобур Мирзо ба хоки Ҳиндустон гузашта, баъди ҷангҳои зиёд ғалаба кард ва давлати Темуриёни Ҳиндро поя гузошт. Бо вуҷуди ин ӯ дар фикри ишғоли Самарқанд ва барқарор намудани ҳокимияти Темуриён дар ин мулк буд. Барои иҷрои ин иқдом ӯ соли 1528 писарони худро сафарбар намуд. Вале ташвишҳои Бобур беоқибат монданд ва худи ӯ баъд аз ду соли ин ҳаракат дар синни 47- солагӣ вафот кард.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

buxoro

ВОҚЕАҲОИ НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XVI

Муборизаҳои Бобур Мирзо бе оқибат монданд. Сарзамини Осиёи Миёна ба зери тасарруфи Шайбониён даромад. Вале …