Главная / Гуногун / МУНОСИБАТХОИ ИЧТИМОИЮ ИКТИСОДИ. Кишоварзи дар асри XVI

МУНОСИБАТХОИ ИЧТИМОИЮ ИКТИСОДИ. Кишоварзи дар асри XVI

Дар асри XVI асоси хочагии кишлок дехкони буд. Замин бсштар дар дасти давлат буд. Хон ё султон ба касе, ки мехост заминро инъом мекард. Калонтарин заминдорони мулк аъзоёни сершумори хонадони салтанати буданд.

Мулкхои калони инъомшударо суйургол меномнданд. Сохибони суйургол лар навбати худ як кисми давлатии мулкашонро ба зумрахои нисбатан хурди аъёну ашроф таксим карда метавонистанд.

66

Дигар намуди истифодабари аз замин мулки феодали буд, ки кисми фоидоти он ба фоидаи давлат ва кисми дигараш ба нафъи сохиби замин истифода мешуд.

Намуди саввуми замин “зсъиини хурри холис” ном доигг. Сохибони ин мулк аз андози давлати озод буданд. Ин намуд замннхо дар асри XVI хеле кам буд.

Намуди чахоруми замин —вакф, яъне замини хайрия буд. Аз махсули он масчиду мадрасаву хонакоххо истифода мебурданд. Ё худ аз хисоби даромади замини вакф пулу роххо сохта ё таъмир карда мешуданд. Замини вакф таксимнопазир ва умуман дастнорас дониста мешуд.

Намуди панчуми замин — мулкхои дехконон буд, ки худи онхо кор карда хосил мегирифтанд. Вазъияти дехконони сохибмулк назар ба дехконони ичоранишин бехтар буд. Инчунин онхо назар ба кисмати бокимондаи корандагони замин як дарача имтиёзхо доштанд. Масалан, ба давлат камтар хироч месупориданд.

Ба гайр аз заминхои номбурда дар Осиён Миёна тииндории чимо- иви (общинаги) хануз вучуд дошт.

Олоти кории дехконон асосан омоч, дос, каланду бел буд. Бо хамин олоти одди дехкон гандуму чав, чувори, арзан, шоли, мошу нахуд ва дигар махсули хочагиашро руёнида, заминро обёри мекард. Дар богхои атрофи шахрхо ва дехот себ, нок, зардолу, чормагз ва олу парвариш мекарданд. Яке аз сохахои сердаромад истехсоли гуза (пахта) ва кирмакпарвари буд. Матоъхои абрешими косибони Мовароуннахр ба давлатхои хамсоя ба фуруш мерафт.Махсулоти полези, кишти харбузаву тарбуз, сабзиву пиёз яке аз сохахои маъмул ва муфиди хочагии дехкони буд.

Аксар дехконон замини кам доштанд. Вале заминдороне низ буданд, ки замини кишташон дар худуди якчанд нохия ё вилоят чойгир буд. Яке аз заминдорони калонтарин Хочахои Чуйбори дар асри XVI макоми хосро ишгол мекарданд. Масалан, Хоча Саъд то 17 хазор га замин, якчанд хазор сар моли майдаву калон ва богхои калонро сохиби мекард. Хочахои Чуйбори дар водии Хисор низ сохиби заминхои кишт буданд.

Барои истифодаи замин дехконон ба давлат андоз месупориданд, ки онро молучахот ё хироч меномиданд. Аз 30 то 40 фоизи даромади дехкон сарфи андоз мешуд. Аз богхо ва токзорхо танобона мегирифтанд. Дар асри XVI ин намуд андоз бо маблаги накд ситонида мешуд. Мансабдорон дар махалхо аз давлат маош намегирифтанд. Ахоли вазифадор буд андозро бо номи мухосилона ё зобитона супорад. Маблаги супорида барои маоши мансабдорони махалхо сарф мешуд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …