Главная / Гуногун / МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ. Кишоварзӣ дар асри XVI

МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ. Кишоварзӣ дар асри XVI

Дар асри XVI асоси хоҷагии қишлоқ деҳқонӣ буд. Замин бсштар дар дасти давлат буд. Хон ё султон ба касе, ки мехост заминро инъом мекард. Калонтарин заминдорони мулк аъзоёни сершумори хонадони салтанатӣ буданд.

Мулкҳои калони инъомшударо суйургол меномнданд. Соҳибони суйурғол лар навбати худ як қисми давлатии мулкашонро ба зумраҳои нисбатан хурди аъёну ашроф тақсим карда метавонистанд.

66

Дигар намуди истифодабарӣ аз замин мулки феодалӣ буд, ки қисми фоидоти он ба фоидаи давлат ва қисми дигараш ба нафъи соҳиби замин истифода мешуд.

Намуди саввуми замин “зсъиини ҳурри холис” ном доигг. Соҳибони ин мулк аз андози давлатӣ озод буданд. Ин намуд замннҳо дар асри XVI хеле кам буд.

Намуди чаҳоруми замин —вақф, яъне замини хайрия буд. Аз маҳсули он масҷиду мадрасаву хонақоҳҳо истифода мебурданд. Ё худ аз ҳисоби даромади замини вақф пулу роҳҳо сохта ё таъмир карда мешуданд. Замини вақф тақсимнопазир ва умуман дастнорас дониста мешуд.

Намуди панҷуми замин — мулкҳои деҳқонон буд, ки худи онҳо кор карда ҳосил мегирифтанд. Вазъияти деҳқонони соҳибмулк назар ба деҳқонони иҷоранишин беҳтар буд. Инчунин онҳо назар ба қисмати боқимондаи корандагони замин як дараҷа имтиёзҳо доштанд. Масалан, ба давлат камтар хироҷ месупориданд.

Ба ғайр аз заминҳои номбурда дар Осиён Миёна тииндории ҷимо- ивӣ (общинагӣ) ҳанӯз вуҷуд дошт.

Олоти кории деҳқонон асосан омоч, дос, каланду бел буд. Бо ҳамин олоти оддӣ деҳқон гандуму ҷав, ҷуворӣ, арзан, шолӣ, мошу нахӯд ва дигар маҳсули хоҷагиашро рӯёнида, заминро обёрӣ мекард. Дар боғҳои атрофи шаҳрҳо ва деҳот себ, нок, зардолу, чормағз ва олу парвариш мекарданд. Яке аз соҳаҳои сердаромад истеҳсоли ғӯза (пахта) ва кирмакпарварӣ буд. Матоъҳои абрешими косибони Мовароуннаҳр ба давлатҳои ҳамсоя ба фурӯш мерафт.Маҳсулоти полезӣ, кишти харбузаву тарбуз, сабзиву пиёз яке аз соҳаҳои маъмул ва муфиди хоҷагии деҳқонӣ буд.

Аксар деҳқонон замини кам доштанд. Вале заминдороне низ буданд, ки замини кишташон дар ҳудуди якчанд ноҳия ё вилоят ҷойгир буд. Яке аз заминдорони калонтарин Хоҷаҳои Ҷӯйборӣ дар асри XVI мақоми хосро ишғол мекарданд. Масалан, Хоҷа Саъд то 17 ҳазор га замин, якчанд ҳазор сар моли майдаву калон ва боғҳои калонро соҳибӣ мекард. Хоҷаҳои Ҷӯйборӣ дар водии Ҳисор низ соҳиби заминҳои кишт буданд.

Барои истифодаи замин деҳқонон ба давлат андоз месупориданд, ки онро молучаҳот ё хироҷ меномиданд. Аз 30 то 40 фоизи даромади деҳқон сарфи андоз мешуд. Аз боғҳо ва токзорҳо танобона мегирифтанд. Дар асри XVI ин намуд андоз бо маблағи нақд ситонида мешуд. Мансабдорон дар маҳалҳо аз давлат маош намегирифтанд. Аҳолӣ вазифадор буд андозро бо номи муҳосилона ё зобитона супорад. Маблағи супорида барои маоши мансабдорони маҳалҳо сарф мешуд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …