Главная / Илм / МОЕЪХОИ ИВАЗКУНАНДАИ ХУН

МОЕЪХОИ ИВАЗКУНАНДАИ ХУН

khunМОЕЪХОИ ИВАЗКУНАНДАИ ХУН, махлулхое, ки бо максади муолича барои ислох кардани таркиби хун ё фаъолияти он кор мефармоянд. М. барои пурра иваз кардани хун ва плазма кодир нестанд, вале метавонанд фаъолияти онхоро ба эътидол оваранд. Барои истифодаи босамар ва бехатари М. таъсироти матлуб ва номатлуб, тарзи корбаст, оризахои эхтимоли ва тарики рафъ намудани онхоро донистан хатмист.
М.-ро хангоми ихтилоли гардиши хун, ки дар натичаи талафи он ё шок рух менамояд, бо максади аз организм хорич намудани захрхо, ба эътидол овардани мубодилаи обу намак, ба организм фиристодани моддахои гизои кор мефармоянд.
М. гемодинамики, дезинтоксикатсияви, тагзияви, танзими ва г. мешаванд. Ба М.-и гемодинамики полиглюкин, реополиглюкин ва желатинол мансубанд. Барои ба даст овардани полиглюкин ва реополиглюкин полимери глюкоза – декстронро ба кор мебаранд. Полиглюкин дар мавриди шок ва талафи шадиди хун таъин карда мешавад. Вобаста ба холати бемор аз 250 то 2000 мл полиглюкинро истифода мекунанд. Реополиглюкин барои ба эътидол овардани микросиркулятсия муфид аст. Онро хангоми шоки садамави, хунрез (геморрави) ва токсики, пешгирии нукси шадиди гурдахо, хангоми чаррохии кушодаи дил, оризахои хунгузарони ва г. кор мефармоянд (чакра-чакра ба вена мефиристанд). Желатинол хангоми шоки осеби ва сухтаги, беморихои римдор таъин карда мешавад. Онро ба вена ва артерия равон месозанд.
Истифодаи полиглюкин, реополиглюкин ва желатинол одатан барои беморон хушпазир аст ва оризахои номатлуб ба бор намеорад. Факат дар баъзе мавридхо 5 – 10 чакраи аввал мумкин аст боиси фишор хурдани сандуки сина, тахикардия, паст шудани фишори артерия, сурх гаштани руй шавад. Бинобар ин, барои пешгирии аксуламал санчиши биологи гузарондан лозим аст. Хангоми рух намудани аксуламал истифодаи М.-ро катъ намуда, зуд ба вена 10 мм махлули 10% хлориди калтсий, 20 мл махлули 40% глюкоза, дорухои дил, дорухои антигистамини мефиристанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …