Главная / Илм / МОЕЪҲОИ ИВАЗКУНАНДАИ ХУН

МОЕЪҲОИ ИВАЗКУНАНДАИ ХУН

khunМОЕЪҲОИ ИВАЗКУНАНДАИ ХУН, маҳлулҳое, ки бо мақсади муолиҷа барои ислоҳ кардани таркиби хун ё фаъолияти он кор мефармоянд. М. барои пурра иваз кардани хун ва плазма қодир нестанд, вале метавонанд фаъолияти онҳоро ба эътидол оваранд. Барои истифодаи босамар ва бехатари М. таъсироти матлуб ва номатлуб, тарзи корбаст, оризаҳои эҳтимолӣ ва тариқи рафъ намудани онҳоро донистан ҳатмист.
М.-ро ҳангоми ихтилоли гардиши хун, ки дар натиҷаи талафи он ё шок рух менамояд, бо мақсади аз организм хориҷ намудани заҳрҳо, ба эътидол овардани мубодилаи обу намак, ба организм фиристодани моддаҳои ғизоӣ кор мефармоянд.
М. гемодинамикӣ, дезинтоксикатсиявӣ, тағзиявӣ, танзимӣ ва ғ. мешаванд. Ба М.-и гемодинамикӣ полиглюкин, реополиглюкин ва желатинол мансубанд. Барои ба даст овардани полиглюкин ва реополиглюкин полимери глюкоза – декстронро ба кор мебаранд. Полиглюкин дар мавриди шок ва талафи шадиди хун таъин карда мешавад. Вобаста ба ҳолати бемор аз 250 то 2000 мл полиглюкинро истифода мекунанд. Реополиглюкин барои ба эътидол овардани микросиркулятсия муфид аст. Онро ҳангоми шоки садамавӣ, хунрез (геморравӣ) ва токсикӣ, пешгирии нуқси шадиди гурдаҳо, ҳангоми ҷарроҳии кушодаи дил, оризаҳои хунгузаронӣ ва ғ. кор мефармоянд (чакра-чакра ба вена мефиристанд). Желатинол ҳангоми шоки осебӣ ва сӯхтагӣ, бемориҳои римдор таъин карда мешавад. Онро ба вена ва артерия равон месозанд.
Истифодаи полиглюкин, реополиглюкин ва желатинол одатан барои беморон хушпазир аст ва оризаҳои номатлуб ба бор намеорад. Фақат дар баъзе мавридҳо 5 – 10 чакраи аввал мумкин аст боиси фишор хӯрдани сандуқи сина, тахикардия, паст шудани фишори артерия, сурх гаштани рӯй шавад. Бинобар ин, барои пешгирии аксуламал санҷиши биологӣ гузарондан лозим аст. Ҳангоми рух намудани аксуламал истифодаи М.-ро қатъ намуда, зуд ба вена 10 мм маҳлули 10% хлориди калтсий, 20 мл маҳлули 40% глюкоза, доруҳои дил, доруҳои антигистаминӣ мефиристанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …