Главная / Илм / МИЗОЧ

МИЗОЧ

МИЗОЧ, сиришт, ниход, табиат, хулк, хусусияти ботинии табиии одам, мувофики назарияи тибби кадим ва тибби халкии як катор мамлакатхои Шарк сиришт ва табиати инсон аст, кайфиятест, ки аз омезиши чор унсур (ё аносири арбаа) – оташ, бод, хок ва об ба хам мерасад. М. дар асоси иртибот ва алокамандии чор унсур, ки ном бурда шуданд, 4 хилт (моддахои асосии моеъи дохили бадан – хун, балгам, сафро ва савдо) ва 4 хусусияти иклими – харорат (гарми), бурудат (хунуки), рутубат (нами) ва юбусат (хушки) кашф ва мукаррар карда шудааст. Онхо ба табиати 4 фасли сол (бахор, тобистон, тирамох ва зимистон) ва 4 узви асосии бадан (дил, майна, сипурз ва чигар) нисбат дода шудаанд. Назарияи М. аз кадимтарин ва машхуртарин назарияхои илми тиб мебошад. Ба акидаи бисёре аз уламои тиб чор унсур, ки онхоро аркон ё асли хамаи чисмхо низ меноманд, басит (гайри мураккаб) будаанд, яъне бо гайри зоти худ таркиб наёфтаанд ва хангоме, ки аркон бисёр реза-реза мешаванд, аъзои онхо бо хам омехта гардида, ба хадде феълу афъол менамоянд, ки сурати вахдати кайфияти дигаре, сурати вахдони хосил мекунанд, ки он М. аст. Сабаби пайдоиши беморихо, тамоми хусусиятхои физиологии бадани инсон (аз кудаки навзод то кухансолон), норасоихо ва дигаргунихои иклимию чугрофи дар аснои бемори, табиати хурок, нушокихо, дорухо ва г. хама вобаста ба М. дониста мешуд. Ба кавли Арасту, Букрот ва Чолинус ахлоти чахоргона (чор халт), яъне хун, балгам, сафро ва савдо, хар кадом дар бадани инсон аз унсурхои мухими беруна (аз 4 унсур) ба вучуд меоянд. Абуалии Сино ин назарияро рад намуда, исбот мекунад, ки ахлоти чахоргона дар дохили узвхои худи бадан хосил мешаванд. Ахлоти чахоргона дар як ранг, дар як холат ва мизон намеистанд, балки хамеша дар холати тагйир ва харакат мебошанд ва манбаи куввахои асосии организм (хайвони, нафсони, хис, харакат ва тафаккур) ба шумор мераванд. Тавсифи ин ахлот, табиати онхо, салохият ва фоидаи онхо дар бадан дар чадвал дода шудаанд.
Физиологи рус И. П. Павлов нахустин бор хелхои мизочи одамонро аз руи навъхои системаи асаб чудо карда, 4 гурухи онро – сангвини (дамави), холери (савдови), меланхоли (сафрои) ва флегмати (балгами) мукаррар ва аз чихати илми асоснок намуд, ки ин гуруххо ба назарияи М. мувофикат мекунанд ва хар яке аз онхо, чунон ки дар чадвал дида мешавад, ба афзалияти ин ё он хилт дар бадан алокаманд аст.
М.-и инсон ба чигунагии омезиши чор унсур ва 4 хосияти онхо вобастааст. Аз ин чихат М. ба ду навъ таксим мешавад: М.-и муътадил ва М.-и номуътадил. Ба ибораи тибби гуем, «чун ачзои аркон (чор унсур) мумосси якдигар шавад, кайфияти мутазодаи баъзе дар баъзе амал кунад ва агар мизоч бар манхачи васат (ба якдигар майлкунанда) дар миёни кайфиёти мутаада вокеъ шавад, чунин мизочро муътадили хакики хонанд. Чунин мизоч вучуд надорад, онро факат ба тарики фараз тавон ангошт». Яъне М.-и муътадил (М.-и одами чавону солим, ки аз хар чихат – аз чихати кувва, хис, тафаккур, заковат ва г. комил бошад) дар табиат вучуд надорад ё кам вомехурад. Аммо М.-е, ки дар миёни кайфияти мутазода моили якдигар бошад, яъне М.-и номуътадил, иборат аз 8 кисм аст: 1) факат моил ба харорат (гарм); 2) факат моил ба бурудат (хунук); 3) факат моил ба рутубат (тар); 4) факат моил ба юбусат (хушк); 5) моил ба харорат ва юбусат (М.-и оташ); 6) моил ба харорат ва рутубат (М.-и обу хаво); 7) моил ба бурудат ва юбусат (М.-и хок) ва 8) моил ба бурудат ва рутубат (М.-и об).
М.-и номуътадил 4 дарача дошта, хар кадоме ба 3 поя таксим мешавад. Хамаи чисмхо, минералхо, хуроквори, наботот, дорухо, аз чумла узвхои хайвонот, аз руи ранг, буй, таъм ва таъсири худ ба организм мувофики хамин дарачахо ва пояхо тасниф карда шудаанд. 4 дарачаи М.-ро аз руи таъсири дору ба организм муайян мекарданд, ки меъёри он такрибан чунин буд (ба ибораи тибби): 1) агар микдори ками он ба бадани ахдос (чавон ва солим) кайфияте зиёду голиб нанамояд, микдори бисёр ва такрори истеъмоли он тагйири каме намояд, аммо нокису мухтал (вайрон) насозад, дарачаи аввали гуянд; 2) агар микдори ками он кайфияти голиб ва зоид намояд, аммо зиёдатии микдор ва такрори истеъмоли он ба хадди зарар ва фасод нарасад, дарачаи сония номанд; 3) агар зиёдатии микдор ва касрати истеъмоли он ба зарару фасод ва нуксону ихтилол расад, лекин мухлик (халокатовар) набошад, дарачаи солиса гуянд; 4) агар зарари бисёр ва азим дар рух ва куввахо намояд, ба хадди халокат расонад ва мухлик бошад, дарачаи робиа номанд. Тибби кадим чунин мешуморад, ки мизони 4 ахлот ё М.-и инсон дар бадан бояд ба дарачаи зарури, яъне кадре бошад, ки барои организм хатман лозим аст. Агар ба сабаби шароити иклим ё риоя накардани режим ва г. ин мизон вайрон шавад, он боиси бемори ва хатто халокат мегардад. Беморонро дар асоси принсипи «унсурхои ба хам зид» муолича мекарданд. Мас., беморие, ки аз афзоиши мизони гарми ва хушки пайдо шудааст, бо дорухои хунук ва тар, аммо беморие, ки ба сабаби афзудани мизони хунуки ва нами пайдо шудааст, бо доруи гарму хушк муолича карда мешуд. Агар М.-и бемор гарм ва дорухое, ки ба у додан зарур аст, низ табиатан гарм бошанд, ба он дору то дарачаи муайян гиёх ё хурокхои табиатан хунук илова карда мешуд ва г. Мувофики назарияи тибби кадим М.-и одамон ба чинс, синну сол, иклим вобастааст. Дар «Ал-Конун» гуфта мешавад, ки М.-и кудакон ва наврасон назар ба калонсолон гармтар ва намноктар, М.-и кухансолон сарду хушк, М.-и занон назар ба М.-и мардон хунуктар ва намноктар, М.-и сокинони мамлакатхои шимол назар ба М.-и шахсоне, ки дар чануб истикомат мекунанд, намноктар аст. Ба хар узви дохилии бадан М.-и махсусе низ хос мебошад. Ба кавли Ибни Сино тартиб ва нисбати узвхои гарми бадан чунин аст: гармии М.-и рух зиёдтар аст (>) аз дил > хун > чигар > шуш > мушакхо >сипурз > гурда ва г.; узвхои М.-и хунук: балгам хунуктар (>) аз чарбу > муй > устухон > тагояк > пайхо > пардахо > асабхо > хароммагз > майнаи сар > пуст ва г.; узвхои тар: рутубати балгам зиёдтар аст (>) аз хун > равган > майнаи сар > хароммагз > пистон > тухмдон > шуш > чигар > сипурз > гурда > мушакхо > пуст; узвхои М.-и хушк: хушкии муйхо зиёдтар (>) аз устухон > тагояк > пайхо > пардахо > рагхо > асабхои харакат > дил > асабхои хиссиёт > пуст. Агзия ва адвия (хурокворихо ва дорухо) ба чунин гуруххо таксим мешаванд: 1) гизои мутлак – хурокворихое, ки факат хусусияти гизои дошта, М.-и одамро тагйир намедиханд; 2) давои мутлак – моддахое, ки хосияти гизои надоранд, вале метавонанд М.-и одамро дигар кунанд; 3) гизои давои – моддахое, ки хосияти гизоии онхо назар ба таъсири давоии онхо зиёдтар ё кавитар аст (бодиринг, каду, харбуза, ангур, шалгам, сабзи, мош, лубиё ва г.); 4) давохои гизои – моддахое, ки таъсири давоии онхо нисбат ба хусусияти гизоиашон зиёдтар аст (наъно, сир, косни, тут, олу ва г.); 5) моддаи зулхосиятайн – дар баробари таъсир ба М. боз таъсири махсус хам доранд. Мас., захрхо, ки баръакси фаъолияти организм таъсир карда тамоми узвхо, куввахо ва гармии табиии баданро хароб намуда, боиси дарду машаккат ва хатто холати марговар мегарданд; подзахрхо ва тарёкхо, ки бо таъсири махсуси худ куввахо, гарми ва танзими баданро баркарор, таъсири захрхоро бартараф ва организмро солиму мустахкам менамоянд.
Ахлот Табиат Салохият Анвои мизочи одамон
Хун (лот. Sanguis) хор ва ратб (гарм ва тар) мизочи бод Лавни (ранги) у ахмар, таъми у дилнокаш ва ширинтар аз дигар ахлот, фоидаи у дар бадан ин аст, ки тагзия, тасхин ва тартиб мекунад Сангвини
Сафро (юн. Chole) хор ва ёбис (гарм ва хушк) Лавни у ахмар моил ба суфрат (зардча), таъми у талхтар, фоидаи у дар бадан он аст, ки чизе аз у бо хун мунзам шавад, тагзияи баъзе аъзо кунад хамчун рия ва бахдат, худ талаттифи хун бошад, катъи рутуботи лазча (часпак) аз чигар кунад ва баданро гарм дорад, муовини дафъи фузулот шавад. Холери
Савдо (юн. Melancholia борид ва ёбис (хунук ва хушк) Таъми у турш аст, салохияти он дорад, ки чизе аз он бо хун мунзам шавад, баъзе аъзоро хамчун эзом (устухон) гизо дихад ва аз техол (сипурз) ба замми меъда мунсиб шавад, бар шахват бияфзояд ва хуни ракикро гализ гардонад чун бо у мухталит шавад. Меланхоли
Балгам (лимфа; юн. Phlegma борид ва ратб (хунук ва тар) Таъми он ба таъми об кариб аст, салохияти он дорад, ки хун шавад, фоидаи у дар бадан он аст, ки агар вакте бадан гизо наёбад, табиати уро нафч (нами) дихад ва ба мартабае расонад, ки гизо шавад ва низ аз фавоиди у он аст, ки тартиби аъзо кунад алалхусус мафосилро (банду бугумхоро). Флегмати

Ад.: Капранов В. А., Рахим Хошим, Хикмати асархо, Д., 1975; Абуали ибни Сино, Конуни тиб, китоби I, Д.,1991; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1999.

Ю. Н. Нуралиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …