Главная / Гуногун / МАКТАБ – Иншо (хикоя)

МАКТАБ – Иншо (хикоя)

Ки чун сар барори ба чархи баланд,
Зи мактаб ба майдон чахони саманд.

Низомии Ганчави

Хонданро ман дар хона аз хохару бародарони калониям, ки дар синфхои болои мехонданд, ёд гирифта будам.

Ман, ки табиатан кунчковам, аз онхо харфхоро мепурсидам ва хамаи харфхоро шинохта гирифта будам. Вакте ба синфи як рафтам, аз хамсинфонам каме пеш будам. Онхо нав бо харфхо шинос мешуданд, вале ман аллакай хонда метавонистам. Ёд дорам, он замон як рузномае бо номи “Хакикати Ленинобод” чоп мешуд. Номи ин рузнома бо харфи «л»-и бузург навишта мешуд ва аз паси он дар ду сатр бокии ном меомад. Ман онро «Лхакикати Ленинобод» мехондам, ки боиси завки хама мешуд. Падару модарам маро бо ифтихор ба мехмонон нишон медо- данд, ки бибинед писари мо хануз ба мактаб намераваду хонда метавонад. Хама ахсант мегуфтанду ман боз бештар шавкманди хондан мешудам.

Мактаби дехот дар кухистон

Ман дар шашсолагиям ба мактаб рафтам. Мактаби миёнаи дехаи Панчрудро хондаам, ки замони мактабхонии ман онро мактаби раками 27 меномиданд. Мо – бачахо, рашк мекардем, ки Устод Рудаки хамдехаи мост, вале мактаби дехаи Кулоли ба номи устод Рудакист. Ба кавле, замоне як нафар зодаи дехаи Кулоли корманди масъул будааст ва маркази чамоату мактаби дахсоларо дар дехаи худаш сохта, номи Устодро хам у ба мак- таби дехааш гузоштааст. Баъдхо, кулолиён мактабашонро ба номи як хамдехаи худашон гузоштанд ва панчрудихо фурсат- ро ганимат дониста, зуд мактаби дехаро ба номи бобояшон гузоштанд ва «хак ба хакдор расид». Ин таърих дар киссаи «Рудаки. Зиндаги ва марги дигар»-и нависанда Кодири Рустам хеле чолиб ба калам дода шудааст.

Дар замони Шурави аз синни хафтсолаги ба мактаб меги- рифтанд. Ман хануз хафтро пур накарда будам, вале хеле ба хондан ва мактаб рафтан шавк доштам, аз ин сабаб волидон ичозат доданд, ки синнам нарасида бошад хам, ба мактаб ра- вам. Падару модарам шаходатномаи таваллуди маро ба мактаб надоданд, шояд фикр мекарданд, ки агар ба хафт нарасиданам ошкор шавад, маро аз мактаб берун мекунанду ман дилшикаста мешавам. Муаллимамон доим аз ман талаб мекарданд, ки зод- номаатро биёр, вале волидон боз хам зодномаамро намедоданд ва нихоят рузе падарам фармуданд:

– Ба муаллим гуй, ки худи падарам меоранд.

Муаллим дигар напурсиданд ва ман соли аввалро хондам. Шаходатномаи таваллудамро соли дигар, хангоме ки ба синфи дувум рафтам ба мактаб доданд. Вакте муаллимон диданд, ки соли ман нав ба синни мактаб расидааст, маро бурданду аз нав дар синфи якум хамрохи бачахое, ки нав ба синфи як рафта буданд, шинонданд. Ман, ки хондану навиштанро ёд гирифта, хамаи дарсхои синфи якро гузашта будам, дигар хондан дар ин синф бароям чолиб набуд, бархостаму рафтам ва дар синфи дувум хамрохи хамсинфонам нишастам. Маро мебурданду дар синфи якум мемонданд, аммо ман боз меомадаму хамрохи хамсинфони худам менишастам. Ёдам хаст, бори охир муаллим аз гушам кашола карда, маро ба синфи як бурданд, вале пас аз лахзае бо чашмони ашколуд баргашта, ба чои худам нишастам. Чун диданд, ки ман исрор кардам ва нисбат ба шарикдарсон фа- ъолтару пешсафтар низ будам, дигар маро ба холам гузоштанд ва ман бо хамсинфони аввалии худам хонданро идома додам.

Баъдхо, дар мактаб маро, ки дар дарсхо каме фаъол ва аз хамсолон пешсафтар будам, муаллимон ба дигарон намуна нишон медоданд ва баъзан бахои баланде, ки ба он сазовор набудам, мегузоштанд. Дар натича, ман ба дониши худам аз будаш зиёд эътимод доштаам, ки ин дар аввалин имтихони дохилшави ба мактаби оли маълум ва ба ман дарс шуд.

Соли дувуми тахсилам, дар мактаби деха сахнае аз «Мактаби кухна»-и устод Садриддин Айниро ба намоиш гузоштанд. Чун ман бачаи хурдчусса ва логарандом ва ба тасвири устод мувофик будам, накши Садриддини хурдсолро ба ман супурданд. Асо- сан, накши ман аз он иборат буд, ки худро ба канор кашида, мисли соя дар девор накш шавам, то чубдасти мактабдор, ки

баччахоро мезад, ба ман нарасад ва дар чехраам хисси тарс пайдо бошад. Намоиши кутохе буд, вале хеле муассир ва аз суи тамошобинон хеле хуб кабул шуд.

Бо супориши муаллим хамаи «хунармандон»-е, ки дар на- моиш бози мекарданд, бояд китоби «Мактаби кухна»-ро ме- хонданд. Шояд ин аввалин китоби хондаи ман бошад. Вале ин китоби хурд маро мафтун сохт ва рохи бебозгашти китобхо- ниро бароям боз кард. Сахнахо ончунон устокорона навишта шуда буд, ки дар назар чилва мекард, гуё ин хамаро на ин ки мехонди, балки тамошо мекарди. Мукоисаи мактаби кухна бо мактаби деха таассуротро дучанд мекард. Ин китобак ба дарачае маро шефтаи китобхони кард, ки ба ибораи модарам, «кирми китоб» шудам ва баччагиям дар дунёи пурсехр ва ас- роромези достону киссаву афсона гузашт. Китоб барои ман сандукчаи сехрноке буд, ки дохилаш пур аз дустону душманон ва ходисахои хаячонангез буд. Дар тасаввурам гохе худро Са- маки Айёр медидаму гохе Рустами Дастон. Дигар саргузашти Ятиму Одина, Самаки Айёру Гулливер, кахрамонхои «Шохзода ва Гадо»-ву достонхои «Шохнома» ва гайра олами кудакии маро рангин мекарданд. Ох-ох, чи неъмати бузургест китоб!

Чандин бор муаллимон ба ман барои хуб хондан каламе ё дафтаре чоиза додаанд, ки ин маро хеле рухбаланд мекард. Баъдхо фахмидам, ки ин «чоиза»-хоро падарам ба муаллимон медодаанд, то пайт ёфта, ба ман дода, маро ба хондан ташвик кунанд ва хамин корро барои дигар хохару бародаронам низ карда будаанд.

Хониши дахсола дар Шурави ройгон ва хатми буд. Мисли хар чизи дигари ройгон, сифати ин тахсил низ на он кадр ба- ланд буд. Ба назари ман, барномахои мактаб бештар ба азёдкуни ахаммият дода, кобилияти андеша рондан ва тахлилу тадкикро дар хонанда ривоч намедоданд.

Сатхи дониши муаллимон низ на чандон баланд буд. Ёд до- рам, дар синфи нухум мо дарси алгебра мехондем. Мафхумхои синус, косинус, тангенс, котангенс ва мисли инхо хеле чолиб садо диханд хам, ман дар халли муодилахои онхо хеч чиз на- мефахмидам. Аслан китоби дарси пур аз ин формулхо ва кори мо онхоро ба дафтарамон рубардор кардан буд. Ман чизеро, ки нафахмам, ба хотир гирифта наметавонам, вале агар мавзуъ ба ман фахмо бошад, дигар хеч гох аз ёдам фаромуш намешавад. Барои хамин боре аз муаллим, ки дар тахтаи синф менавишт, пурсидам:

  • Муаллим, агар Шумо ба мо фахмонда дихед, ки хамин мафхумхо чистанд ва чиро ифода мекунанд, мо мисолхоро осон хал мекунем.

Муаллим дар як даст китоб, дар дасти дигар бур, ба суи ман баргашту гуфт:

  • Агар ман медонистам, хамин чо омада муаллими мекар- дам?
  • Ин хел бошад, ман хеч гох ин фанро ёд намегирам, – гуф- там ман.
  • Метавони нахони, – гуфт муаллим ва ба навиштанаш дар тахта идома дод. У дигар хеч гох аз ман чизе напурсид. Хамин тавр, имкони зухури нобигаи математики дар ниходи ман пин- хон монд.

Албатта, омузгорони хубе хам доштем. Рузе муаллими ада- биёт дар огози дарс ба байни синфхона омада, бо табассуми роз- дор, дакикае хомуш ба мо нигох карда истод. Баъд аз диккати хамаро чалб кардан, бо садои форам шеър хонд:

Омад бари ман,

Ки?

Ёр.

Кай?

Вакти сахар. Тарсанда зи ки? Зи хасм. Хасмаш ки?

Падар.

Додам-ш ду буса. Бар кучо?

Бар лаби тар.

Лаб буд?

На!

Чи буд?

Акик. Чун буд?

Чу шакар.

Мо хама моту мабхут шуда, аз ин кори гайримаъмулии устодамон лахзае хомуш мондем. Муаллим пурсид:

– Ин шеъри кист?

Касе чавоби дуруст дода натавонист. Пас аз хама чавобхоро рад кардан, устод бо ангушт ба суи тиреза нишон дод. Мо хама хайрон ба хам нигох мекардем. Табассуми роздор ва ангушти ишораи омузгорамон гуё шахшуда буд ва лахзае пас мо якчанд нафар якбора «Рудаки!» гуфта дод задем. Ангушти муаллим ба суи макбара нигаронда шуда буд. У бо каноат сар такон дода, тасдик кард.

Муаллим он руз моро ба макбараи Устод Рудаки бурда, байтхои дар дохили он ба хати ниёкон навиштаро хонд ва гуфт, ки хар як сокини ин диёр бояд хадди акал чанд байти Устодро азёд донад. Ашъоре, ки ман аз Устоди устодон он замон хифз кардам, дигар хеч гох фаромуш нашуд.

Чизи номатлуби дигаре, ки дар мактаби мо мушохида ме- шуд, ин буд, ки натичаи кори муаллимон ба бахои хонанда вобаста буд. Агар хонанда охири сол бахои гайриканоатбахш бигирад ва дар синфаш монад, муаллимон гап мешуниданд ё хатто чазо медиданд. Натича чунин мешуд, ки онхо хоху нохох ба хонанда бахое гузошта, уро ба синфи болои мегузаронданд. Аз хамсолони ман чандин нафар то охир хондану навиштанро ёд нагирифта бошанд хам, мактабро хатм карданд.

Инчунин, аксари падару модарон умуман бо мактаб хамкори намекарданд ва донишандузии баччахо дар хона факат ба шавки худи онхо вобаста буд.

Гайр аз ин, барномаи мактабхои точики хеле заиф буд. Инро дар киёс мегуям. Масалан диктанависиро мо аз синфи 4-5 сар мекардем, хол он ки дар мактабхои руси аз синфи 1-2 огоз ме- карданд. Айнан хамин тавр, иншонависиро дар мактабхои руси аз синфи 4-5 огоз кунанд, мо факат аз синфи 9 сар мекардем. Сабаби ин фарк то хол ба ман нофахмост. Умуман, мактабхои миёнаи точикии шурави дар рушди шахсии хонанда чандон муассир набуданд ва саводи додаашон хатто барои хондани карору дастурхои хизби коммунист на хамеша ба кор мерафт.

Бояд фикр бикунем, ки чаро мактаби кухнае, ки мо аслан тангу тор мехисобем, Айниву Дониш ва садхо нобигаи дигарро дод, ки мислашон аз мактаби нав кам баромад?

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …