Главная / Гуногун / МАКТАБ – Иншо (ҳикоя)

МАКТАБ – Иншо (ҳикоя)

Ки чун сар барорӣ ба чархи баланд,
Зи мактаб ба майдон ҷаҳонӣ саманд.

Низомии Ганҷавӣ

Хонданро ман дар хона аз хоҳару бародарони калониям, ки дар синфҳои болоӣ мехонданд, ёд гирифта будам.

Ман, ки табиатан кунҷковам, аз онҳо ҳарфҳоро мепурсидам ва ҳамаи ҳарфҳоро шинохта гирифта будам. Вақте ба синфи як рафтам, аз ҳамсинфонам каме пеш будам. Онҳо нав бо ҳарфҳо шинос мешуданд, вале ман аллакай хонда метавонистам. Ёд дорам, он замон як рӯзномае бо номи “Ҳақиқати Ленинобод” чоп мешуд. Номи ин рӯзнома бо ҳарфи «л»-и бузург навишта мешуд ва аз паси он дар ду сатр боқии ном меомад. Ман онро «Лҳақиқати Ленинобод» мехондам, ки боиси завқи ҳама мешуд. Падару модарам маро бо ифтихор ба меҳмонон нишон медо- данд, ки бибинед писари мо ҳанӯз ба мактаб намераваду хонда метавонад. Ҳама аҳсант мегуфтанду ман боз бештар шавқманди хондан мешудам.

Мактаби дехот дар кухистон

Ман дар шашсолагиям ба мактаб рафтам. Мактаби миёнаи деҳаи Панҷрӯдро хондаам, ки замони мактабхонии ман онро мактаби рақами 27 меномиданд. Мо – бачаҳо, рашк мекардем, ки Устод Рӯдакӣ ҳамдеҳаи мост, вале мактаби деҳаи Кулолӣ ба номи устод Рӯдакист. Ба қавле, замоне як нафар зодаи деҳаи Кулолӣ корманди масъул будааст ва маркази ҷамоату мактаби даҳсоларо дар деҳаи худаш сохта, номи Устодро ҳам ӯ ба мак- таби деҳааш гузоштааст. Баъдҳо, кулолиён мактабашонро ба номи як ҳамдеҳаи худашон гузоштанд ва панҷрӯдиҳо фурсат- ро ғанимат дониста, зуд мактаби деҳаро ба номи бобояшон гузоштанд ва «ҳақ ба ҳақдор расид». Ин таърих дар қиссаи «Рӯдакӣ. Зиндагӣ ва марги дигар»-и нависанда Қодири Рустам хеле ҷолиб ба қалам дода шудааст.

Дар замони Шӯравӣ аз синни ҳафтсолагӣ ба мактаб меги- рифтанд. Ман ҳанӯз ҳафтро пур накарда будам, вале хеле ба хондан ва мактаб рафтан шавқ доштам, аз ин сабаб волидон иҷозат доданд, ки синнам нарасида бошад ҳам, ба мактаб ра- вам. Падару модарам шаҳодатномаи таваллуди маро ба мактаб надоданд, шояд фикр мекарданд, ки агар ба ҳафт нарасиданам ошкор шавад, маро аз мактаб берун мекунанду ман дилшикаста мешавам. Муаллимамон доим аз ман талаб мекарданд, ки зод- номаатро биёр, вале волидон боз ҳам зодномаамро намедоданд ва ниҳоят рӯзе падарам фармуданд:

– Ба муаллим гуй, ки худи падарам меоранд.

Муаллим дигар напурсиданд ва ман соли аввалро хондам. Шаҳодатномаи таваллудамро соли дигар, ҳангоме ки ба синфи дувум рафтам ба мактаб доданд. Вақте муаллимон диданд, ки соли ман нав ба синни мактаб расидааст, маро бурданду аз нав дар синфи якум ҳамроҳи бачаҳое, ки нав ба синфи як рафта буданд, шинонданд. Ман, ки хондану навиштанро ёд гирифта, ҳамаи дарсҳои синфи якро гузашта будам, дигар хондан дар ин синф бароям ҷолиб набуд, бархостаму рафтам ва дар синфи дувум ҳамроҳи ҳамсинфонам нишастам. Маро мебурданду дар синфи якум мемонданд, аммо ман боз меомадаму ҳамроҳи ҳамсинфони худам менишастам. Ёдам ҳаст, бори охир муаллим аз гӯшам кашола карда, маро ба синфи як бурданд, вале пас аз лаҳзае бо чашмони ашколуд баргашта, ба ҷои худам нишастам. Чун диданд, ки ман исрор кардам ва нисбат ба шарикдарсон фа- ъолтару пешсафтар низ будам, дигар маро ба ҳолам гузоштанд ва ман бо ҳамсинфони аввалии худам хонданро идома додам.

Баъдҳо, дар мактаб маро, ки дар дарсҳо каме фаъол ва аз ҳамсолон пешсафтар будам, муаллимон ба дигарон намуна нишон медоданд ва баъзан баҳои баланде, ки ба он сазовор набудам, мегузоштанд. Дар натиҷа, ман ба дониши худам аз будаш зиёд эътимод доштаам, ки ин дар аввалин имтиҳони дохилшавӣ ба мактаби олӣ маълум ва ба ман дарс шуд.

Соли дувуми таҳсилам, дар мактаби деҳа саҳнае аз «Мактаби кӯҳна»-и устод Садриддин Айниро ба намоиш гузоштанд. Чун ман бачаи хурдҷусса ва лоғарандом ва ба тасвири устод мувофиқ будам, нақши Садриддини хурдсолро ба ман супурданд. Асо- сан, нақши ман аз он иборат буд, ки худро ба канор кашида, мисли соя дар девор нақш шавам, то чӯбдасти мактабдор, ки

баччаҳоро мезад, ба ман нарасад ва дар чеҳраам ҳисси тарс пайдо бошад. Намоиши кӯтоҳе буд, вале хеле муассир ва аз сӯи тамошобинон хеле хуб қабул шуд.

Бо супориши муаллим ҳамаи «ҳунармандон»-е, ки дар на- моиш бозӣ мекарданд, бояд китоби «Мактаби кӯҳна»-ро ме- хонданд. Шояд ин аввалин китоби хондаи ман бошад. Вале ин китоби хурд маро мафтун сохт ва роҳи бебозгашти китобхо- ниро бароям боз кард. Саҳнаҳо ончунон устокорона навишта шуда буд, ки дар назар ҷилва мекард, гӯё ин ҳамаро на ин ки мехондӣ, балки тамошо мекардӣ. Муқоисаи мактаби кӯҳна бо мактаби деҳа таассуротро дучанд мекард. Ин китобак ба дараҷае маро шефтаи китобхонӣ кард, ки ба ибораи модарам, «кирми китоб» шудам ва баччагиям дар дунёи пурсеҳр ва ас- роромези достону қиссаву афсона гузашт. Китоб барои ман сандуқчаи сеҳрноке буд, ки дохилаш пур аз дӯстону душманон ва ҳодисаҳои ҳаяҷонангез буд. Дар тасаввурам гоҳе худро Са- маки Айёр медидаму гоҳе Рустами Дастон. Дигар саргузашти Ятиму Одина, Самаки Айёру Гулливер, қаҳрамонҳои «Шоҳзода ва Гадо»-ву достонҳои «Шоҳнома» ва ғайра олами кӯдакии маро рангин мекарданд. Оҳ-оҳ, чӣ неъмати бузургест китоб!

Чандин бор муаллимон ба ман барои хуб хондан қаламе ё дафтаре ҷоиза додаанд, ки ин маро хеле рӯҳбаланд мекард. Баъдҳо фаҳмидам, ки ин «ҷоиза»-ҳоро падарам ба муаллимон медодаанд, то пайт ёфта, ба ман дода, маро ба хондан ташвиқ кунанд ва ҳамин корро барои дигар хоҳару бародаронам низ карда будаанд.

Хониши даҳсола дар Шӯравӣ ройгон ва ҳатмӣ буд. Мисли ҳар чизи дигари ройгон, сифати ин таҳсил низ на он қадр ба- ланд буд. Ба назари ман, барномаҳои мактаб бештар ба азёдкунӣ аҳаммият дода, қобилияти андеша рондан ва таҳлилу тадқиқро дар хонанда ривоҷ намедоданд.

Сатҳи дониши муаллимон низ на чандон баланд буд. Ёд до- рам, дар синфи нӯҳум мо дарси алгебра мехондем. Мафҳумҳои синус, косинус, тангенс, котангенс ва мисли инҳо хеле ҷолиб садо диҳанд ҳам, ман дар ҳалли муодилаҳои онҳо ҳеч чиз на- мефаҳмидам. Аслан китоби дарсӣ пур аз ин формулҳо ва кори мо онҳоро ба дафтарамон рӯбардор кардан буд. Ман чизеро, ки нафаҳмам, ба хотир гирифта наметавонам, вале агар мавзӯъ ба ман фаҳмо бошад, дигар ҳеч гоҳ аз ёдам фаромӯш намешавад. Барои ҳамин боре аз муаллим, ки дар тахтаи синф менавишт, пурсидам:

  • Муаллим, агар Шумо ба мо фаҳмонда диҳед, ки ҳамин мафҳумҳо чистанд ва чиро ифода мекунанд, мо мисолҳоро осон ҳал мекунем.

Муаллим дар як даст китоб, дар дасти дигар бӯр, ба сӯи ман баргашту гуфт:

  • Агар ман медонистам, ҳамин ҷо омада муаллимӣ мекар- дам?
  • Ин хел бошад, ман ҳеч гоҳ ин фанро ёд намегирам, – гуф- там ман.
  • Метавонӣ нахонӣ, – гуфт муаллим ва ба навиштанаш дар тахта идома дод. Ӯ дигар ҳеч гоҳ аз ман чизе напурсид. Ҳамин тавр, имкони зуҳури нобиғаи математикӣ дар ниҳоди ман пин- ҳон монд.

Албатта, омӯзгорони хубе ҳам доштем. Рӯзе муаллими ада- биёт дар оғози дарс ба байни синфхона омада, бо табассуми роз- дор, дақиқае хомӯш ба мо нигоҳ карда истод. Баъд аз диққати ҳамаро ҷалб кардан, бо садои форам шеър хонд:

Омад бари ман,

Кӣ?

Ёр.

Кай?

Вақти саҳар. Тарсанда зи кӣ? Зи хасм. Хасмаш кӣ?

Падар.

Додам-ш ду бӯса. Бар куҷо?

Бар лаби тар.

Лаб буд?

На!

Чӣ буд?

Ақиқ. Чун буд?

Чу шакар.

Мо ҳама моту мабҳут шуда, аз ин кори ғайримаъмулии устодамон лаҳзае хомӯш мондем. Муаллим пурсид:

– Ин шеъри кист?

Касе ҷавоби дуруст дода натавонист. Пас аз ҳама ҷавобҳоро рад кардан, устод бо ангушт ба сӯи тиреза нишон дод. Мо ҳама ҳайрон ба ҳам нигоҳ мекардем. Табассуми роздор ва ангушти ишораи омӯзгорамон гӯё шахшуда буд ва лаҳзае пас мо якчанд нафар якбора «Рӯдакӣ!» гуфта дод задем. Ангушти муаллим ба сӯи мақбара нигаронда шуда буд. Ӯ бо қаноат сар такон дода, тасдиқ кард.

Муаллим он рӯз моро ба мақбараи Устод Рӯдакӣ бурда, байтҳои дар дохили он ба хати ниёкон навиштаро хонд ва гуфт, ки ҳар як сокини ин диёр бояд ҳадди ақал чанд байти Устодро азёд донад. Ашъоре, ки ман аз Устоди устодон он замон ҳифз кардам, дигар ҳеч гоҳ фаромӯш нашуд.

Чизи номатлуби дигаре, ки дар мактаби мо мушоҳида ме- шуд, ин буд, ки натиҷаи кори муаллимон ба баҳои хонанда вобаста буд. Агар хонанда охири сол баҳои ғайриқаноатбахш бигирад ва дар синфаш монад, муаллимон гап мешуниданд ё ҳатто ҷазо медиданд. Натиҷа чунин мешуд, ки онҳо хоҳу нохоҳ ба хонанда баҳое гузошта, ӯро ба синфи болоӣ мегузаронданд. Аз ҳамсолони ман чандин нафар то охир хондану навиштанро ёд нагирифта бошанд ҳам, мактабро хатм карданд.

Инчунин, аксари падару модарон умуман бо мактаб ҳамкорӣ намекарданд ва донишандӯзии баччаҳо дар хона фақат ба шавқи худи онҳо вобаста буд.

Ғайр аз ин, барномаи мактабҳои тоҷикӣ хеле заиф буд. Инро дар қиёс мегӯям. Масалан диктанависиро мо аз синфи 4-5 сар мекардем, ҳол он ки дар мактабҳои русӣ аз синфи 1-2 оғоз ме- карданд. Айнан ҳамин тавр, иншонависиро дар мактабҳои русӣ аз синфи 4-5 оғоз кунанд, мо фақат аз синфи 9 сар мекардем. Сабаби ин фарқ то ҳол ба ман нофаҳмост. Умуман, мактабҳои миёнаи тоҷикии шӯравӣ дар рушди шахсии хонанда чандон муассир набуданд ва саводи додаашон ҳатто барои хондани қарору дастурҳои ҳизби коммунист на ҳамеша ба кор мерафт.

Бояд фикр бикунем, ки чаро мактаби кӯҳнае, ки мо аслан тангу тор меҳисобем, Айниву Дониш ва садҳо нобиғаи дигарро дод, ки мислашон аз мактаби нав кам баромад?

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

Занони аробакаши Точик

Занони аробакаши Точик

Бинобар сабаби вазнин буданги сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон занони тоҷик ба аробакашӣ машғул шуда то …