Главная / Илм / КОМПЮТЕР – МОШИНИ УНИВЕРСАЛИ

КОМПЮТЕР – МОШИНИ УНИВЕРСАЛИ

 

Имкониятхо ва хосиятхои компютер. Компютер пеш аз хама як намуд мошин аст. Он бо дигар мошинхои дар рузгори хонаю мактаб, наклиёту истехсолот ва сохахои мухталифи иктисодиёту ичтимоиёт истифодашаванда хеле монанд аст. Масалан, компютер низ чун дигар мошинхо бо ёрии шабакаи барки ё аккумулятор кор мекунад. Он низ аз якчанд кисмхои ба хам алокаманд иборат аст ва барои ичрои ягон максади муайян хизмат мерасонад.

Махз дар чунин шакл тасвиркунии компютер онро бо автомобил, телевизор, дарзмол, мошини сартароши ё плитаи хурокпази хеле монанд месозад. Вале дар баробари монанди, компютер боз дорои хосиятхои махсусе мебошад, ки вайро аз дигар мошинхо ба кулли фарк мекунонанд.

komputerХосияти аз хама асосии компютер ин суръати беандоза баланди хисоббарории он мебошад. Худи мафхуми компютер низ бо хамин хосияташ бештар алокаманд аст: сomputer – хисоббарор. Тасаввур кунед, ки компютерхои аввалин дар як сония метавонистанд садхо хазор ададро бо хам чамъ созанд. Компютерхои хозиразамон бошанд, метавонанд дар як сония миллиард ва аз он зиёдтар ададхоро чамъ намоянд.

Аслан, вакте ки сухан дар бораи зудкории компютер меравад, хатто аз калимаи сония низ истифода намебаранд. Дар чунин мавридхо аз калимахои микросония ё наносония истифода мебаранд: 1сония = 1миллион микросония = 1миллиард наносония  Компютерхо дар баробари хеле зудкор буданашон, боз тачхизоти беандоза боэътимод ба шумор мераванд.

Масалан, шахсе, ки бо ёрии каламу когаз баъзе хисобкунихоро анчом додани аст, метавонад дар давоми як соат як ё якчанд галат содир намояд. Пас аз якчанд соати кори бошад, у аз хастаги метавонад ба микдори зиёдтари галатхо рох дихад. Фарки компютер аз инсон дар он аст, ки компютер хисоббарорихоро зудтар ва аниктар ичро менамояд ва якчанд соат ё хатто руз бетанаффус кор карда, аз хастаги шикоят намекунад.

Дигар арзиши хеле мухими компютер аз он иборат аст, ки вай имконияти кабул кардан, нигох доштан ва истифода бурдани информатсияву команда (фармон)-хоро дорад. Ин хосияти компютер онро ба мошини бехамто ва бемислу монанд табдил медихад. Оё шумо ягон мошини дигарро номбар карда метавонед, ки вай чунин хосиятро доро бошад? Магар мошини мукаррарии чопкунии механики ё электрики метавонад пагох матни имруз чопнамудаашро ба хотир орад?

Албатта хеч гох на! Аммо компютер ба ин кор кодир аст. Он бо ёрии як ё якчанд команда метавонад чунин матнро даххо маротиба ва барои даххо шахси гуногун баркарор намояд.

Хосияти маркази ва мухимтарини компютер ин тачхизоти электрони будани он аст. Махз аз хамин сабаб ва асосан барои хисоббарорихо истифода шуданаш, онро дар огози пайдошавиаш мошини электронии хисоббарор (МЭХ) ном мебурданд.

Компютер хамаи супоришхоро бо ёрии программахо – ба таври автомати, яъне бе иштироки одам, ичро менамояд. Идоракунии аксарияти мошинхои гайри-МЭХ бошад, асосан ба ухдаи инсон гузошта шудааст.

Бояд кайд намуд, ки компютерхои даврони мо на танхо олоти хисоббарории одди, балки мошинхои универсали (хамакора) мебошанд. Универсалии компютерхо дар он зохир мегардад, ки онхо бо  информатсияхои табиати гуногундошта (матни, графики, савту садои, мултимедиави) ва масъалахои ба сохахои гуногуни хаёт дахлдошта сару кор доранд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

slide-0

Воситахои техникии нигахдории информатсия

Бояд кайд намуд, ки информатсияи дар ягон баранда махфузбуда, хатман дар он осори (пай, асар, …