Главная / Илм / КОМПЮТЕР – МОШИНИ УНИВЕРСАЛӢ

КОМПЮТЕР – МОШИНИ УНИВЕРСАЛӢ

 

Имкониятҳо ва хосиятҳои компютер. Компютер пеш аз ҳама як намуд мошин аст. Он бо дигар мошинҳои дар рўзгори хонаю мактаб, нақлиёту истеҳсолот ва соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёт истифодашаванда хеле монанд аст. Масалан, компютер низ чун дигар мошинҳо бо ёрии шабакаи барқӣ ё аккумулятор кор мекунад. Он низ аз якчанд қисмҳои ба ҳам алоқаманд иборат аст ва барои иҷрои ягон мақсади муайян хизмат мерасонад.

Маҳз дар чунин шакл тасвиркунии компютер онро бо автомобил, телевизор, дарзмол, мошини сартарошӣ ё плитаи хўрокпазӣ хеле монанд месозад. Вале дар баробари монандӣ, компютер боз дорои хосиятҳои махсусе мебошад, ки вайро аз дигар мошинҳо ба куллӣ фарқ мекунонанд.

komputerХосияти аз ҳама асосии компютер ин суръати беандоза баланди ҳисоббарории он мебошад. Худи мафҳуми компютер низ бо ҳамин хосияташ бештар алоқаманд аст: сomputer – ҳисоббарор. Тасаввур кунед, ки компютерҳои аввалин дар як сония метавонистанд садҳо ҳазор ададро бо ҳам ҷамъ созанд. Компютерҳои ҳозиразамон бошанд, метавонанд дар як сония миллиард ва аз он зиёдтар ададҳоро ҷамъ намоянд.

Аслан, вақте ки сухан дар бораи зудкории компютер меравад, ҳатто аз калимаи сония низ истифода намебаранд. Дар чунин мавридҳо аз калимаҳои микросония ё наносония истифода мебаранд: 1сония = 1миллион микросония = 1миллиард наносония  Компютерҳо дар баробари хеле зудкор буданашон, боз таҷҳизоти беандоза боэътимод ба шумор мераванд.

Масалан, шахсе, ки бо ёрии қаламу коғаз баъзе ҳисобкуниҳоро анҷом доданӣ аст, метавонад дар давоми як соат як ё якчанд ғалат содир намояд. Пас аз якчанд соати корӣ бошад, ў аз хастагӣ метавонад ба миқдори зиёдтари ғалатҳо роҳ диҳад. Фарқи компютер аз инсон дар он аст, ки компютер ҳисоббарориҳоро зудтар ва аниқтар иҷро менамояд ва якчанд соат ё ҳатто рўз бетанаффус кор карда, аз хастагӣ шикоят намекунад.

Дигар арзиши хеле муҳими компютер аз он иборат аст, ки вай имконияти қабул кардан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани информатсияву команда (фармон)-ҳоро дорад. Ин хосияти компютер онро ба мошини беҳамто ва бемислу монанд табдил медиҳад. Оё шумо ягон мошини дигарро номбар карда метавонед, ки вай чунин хосиятро доро бошад? Магар мошини муқаррарии чопкунии механикӣ ё электрикӣ метавонад пагоҳ матни имрўз чопнамудаашро ба хотир орад?

Албатта ҳеҷ гоҳ на! Аммо компютер ба ин кор қодир аст. Он бо ёрии як ё якчанд команда метавонад чунин матнро даҳҳо маротиба ва барои даҳҳо шахси гуногун барқарор намояд.

Хосияти марказӣ ва муҳимтарини компютер ин таҷҳизоти электронӣ будани он аст. Маҳз аз ҳамин сабаб ва асосан барои ҳисоббарориҳо истифода шуданаш, онро дар оғози пайдошавиаш мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ) ном мебурданд.

Компютер ҳамаи супоришҳоро бо ёрии программаҳо – ба таври автоматӣ, яъне бе иштироки одам, иҷро менамояд. Идоракунии аксарияти мошинҳои ғайри-МЭҲ бошад, асосан ба ўҳдаи инсон гузошта шудааст.

Бояд қайд намуд, ки компютерҳои даврони мо на танҳо олоти ҳисоббарории оддӣ, балки мошинҳои универсалӣ (ҳамакора) мебошанд. Универсалии компютерҳо дар он зоҳир мегардад, ки онҳо бо  информатсияҳои табиати гуногундошта (матнӣ, графикӣ, савту садоӣ, мултимедиавӣ) ва масъалаҳои ба соҳаҳои гуногуни ҳаёт дахлдошта сару кор доранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …