Главная / Гуногун / КОИДАХОИ ДУРУСТИ КОР БО КОМПЮТЕР

КОИДАХОИ ДУРУСТИ КОР БО КОМПЮТЕР

Истифодабарандагони компютер баъзан соатхои дуру дароз дар назди монитор нишаста кор мекунанд. Махсусан кудакон ва наврасон бо бозихои дустдоштаи компютерии худ машгул шуда, нафахмида мемонанд, ки онхо аз меъёри зарури дида зиёдтар дар назди компютер нишастаанд. Дар натича, аксарияти вакт онходар бораи дарди сар, мондашавии чашмон ва хастаги шикоят мекунанд. Ин бесабаб нест. Тасвирхои экрании монитори компютер бо ёрии нурхои электрони сохта мешаванд. Барои хамин хам нурфишонии монитор амри зарурист. Гарчанде мониторхои хозира бо воситахои махсуси химоя аз нурфишонихо мучаххаз гардонида шуда бошанд хам, вале онхо на хамеша сатхи безарарии нурфишонихои электромагнитиро таъмин карда метавонанд.

zarari-komputer

Лоихакашон ва истехсолкунандагони компютерхо доимо кушиш ба харч медиханд, ки таъсири номусоиди компютер ба саломатии инсон хар чи камтар расад. Онхо дар ин самт ба натичахои назаррас низ ноил гаштанд. Вале новобаста ба ин, шахсоне, ки ба таври интенсиви компютерро истифода мебаранд, бештар ба симп-томхои шиддати биниши чашм, хастагии умуми, дарди мушакхо ва гайрахо гирифторанд. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки ин симптомхо аз руи надонистани коидахои асосии санитаригигиени руй медиханд. Агар речаи кори дуруст тартиб дода шавад ва информатсияи зарури оиди таъсири компютер ба саломатии инсон дастраси истифодабарандагон гардонида шавад, он гох на танхо корро дар назди компютер бе зарар гардонидан, балки онро халоватнок низ ташкил намудан мумкин аст.

Баъзе коидахои одди ва хеле мухими истифодабарии безарари компютерхо чунин аст:

  1. Утоке, ки дар он компютер гузошта мешавад, бояд фаррох ва равшан бошад. Агар рушнои табии бошад, вазъ боз хам бехтар мегардад. Вале агар аз рушноии сунъи истифода бурдан зарур бошад, он гох барои кор лампахои люминестенти хубтаранд.
  2. Чои кор бояд аз миз (барои гузоштани монитор, клавиатура ва муш), чевончаи хуччатгузори, креслои махсуси нишаст ва поймонак иборат бошад.
  3. Андозаи мизи кори вобаста аз андозахои монитору клавиатура муайян карда мешавад, лекин агар такрибан дарозии он ба 160 см ва бараш ба 90 см баробар бошад, он гох он барои кори муътадил кифоя аст. Баландии миз бояд ба баландии кади истифодабаранда мувофикат кунад. Дар холати акс аз поймонакхои мувофик истифода бурдан зарур аст, то ки пойхо овезон набошанд.
  1. Барои кори бофарогат аз креслои махсуси харакаткунанда истифода бурдан лозим аст, ки дар он хама кисмхояш танзимшаванда бошад: баланди, хами пуштмонак, масофаи байни пуштмонак то нишастгох, такягохи дастхо ва гайрахо.
  2. Экрани монитор бояд аз чашмон дар масофаи на кам аз 65-70 см чойгир бошад. Ба экран аз боло ба поён тахти кунчи 15-20 градус нигох кардан лозим аст. Агар ин амал гайриимкон бошад, он гох мониторро ба мизи иловагии дуюм гузоштан зарур аст, ки баландии он аз баландии мизи асоси пасттар бошад.
  1. Агар дар уток ба гайр аз шумо дигар истифодабарандагон низ фаъолият дошта бошанд, он гох чои нишасти онхо бояд ба паси монитор мувофик наояд. Нурфишонии монитор хамеша дар кисми мукобили экранбудаи он зиёдтар аст.

Саволхо:

  1. Кадом кисми компютер метавонад ба саломатии инсон таъсири манфи расонад?
  2. Кадом коидахои дурусти кор бо компютерро медонед?
  3. Экрани монитор бояд аз чашмон дар кадом масофа чойгир бошад?
  4. Нурфишонии монитор аз пеш зиёд аст ё аз кафо?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Коидахои дурусти кор бо компютерро дар дафтаратон нависед.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …