Главная / Гуногун / ҚОИДАҲОИ ДУРУСТИ КОР БО КОМПЮТЕР

ҚОИДАҲОИ ДУРУСТИ КОР БО КОМПЮТЕР

Истифодабарандагони компютер баъзан соатҳои дуру дароз дар назди монитор нишаста кор мекунанд. Махсусан кўдакон ва наврасон бо бозиҳои дўстдоштаи компютерии худ машғул шуда, нафаҳмида мемонанд, ки онҳо аз меъёри зарурӣ дида зиёдтар дар назди компютер нишастаанд. Дар натиҷа, аксарияти вақт онҳодар бораи дарди сар, мондашавии чашмон ва хастагӣ шикоят мекунанд. Ин бесабаб нест. Тасвирҳои экрании монитори компютер бо ёрии нурҳои электронӣ сохта мешаванд. Барои ҳамин ҳам нурфишонии монитор амри зарурист. Гарчанде мониторҳои ҳозира бо воситаҳои махсуси ҳимоя аз нурфишониҳо муҷаҳҳаз гардонида шуда бошанд ҳам, вале онҳо на ҳамеша сатҳи безарарии нурфишониҳои электромагнитиро таъмин карда метавонанд.

zarari-komputer

Лоиҳакашон ва истеҳсолкунандагони компютерҳо доимо кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки таъсири номусоиди компютер ба саломатии инсон ҳар чӣ камтар расад. Онҳо дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас низ ноил гаштанд. Вале новобаста ба ин, шахсоне, ки ба таври интенсивӣ компютерро истифода мебаранд, бештар ба симп-томҳои шиддати биниши чашм, хастагии умумӣ, дарди мушакҳо ва ғайраҳо гирифторанд. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки ин симптомҳо аз рўи надонистани қоидаҳои асосии санитарӣгигиенӣ рўй медиҳанд. Агар реҷаи корӣ дуруст тартиб дода шавад ва информатсияи зарурӣ оиди таъсири компютер ба саломатии инсон дастраси истифодабарандагон гардонида шавад, он гоҳ на танҳо корро дар назди компютер бе зарар гардонидан, балки онро ҳаловатнок низ ташкил намудан мумкин аст.

Баъзе қоидаҳои оддӣ ва хеле муҳими истифодабарии безарари компютерҳо чунин аст:

  1. Утоқе, ки дар он компютер гузошта мешавад, бояд фаррох ва равшан бошад. Агар рўшноӣ табиӣ бошад, вазъ боз ҳам беҳтар мегардад. Вале агар аз рушноии сунъӣ истифода бурдан зарур бошад, он гоҳ барои кор лампаҳои люминестентӣ хубтаранд.
  2. Ҷои кор бояд аз миз (барои гузоштани монитор, клавиатура ва муш), ҷевончаи ҳуҷҷатгузорӣ, креслои махсуси нишаст ва поймонак иборат бошад.
  3. Андозаи мизи корӣ вобаста аз андозаҳои монитору клавиатура муайян карда мешавад, лекин агар тақрибан дарозии он ба 160 см ва бараш ба 90 см баробар бошад, он гоҳ он барои кори мўътадил кифоя аст. Баландии миз бояд ба баландии қади истифодабаранда мувофиқат кунад. Дар ҳолати акс аз поймонакҳои мувофиқ истифода бурдан зарур аст, то ки пойҳо овезон набошанд.
  1. Барои кори бофароғат аз креслои махсуси ҳаракаткунанда истифода бурдан лозим аст, ки дар он ҳама қисмҳояш танзимшаванда бошад: баландӣ, хами пўштмонак, масофаи байни пўштмонак то нишастгоҳ, такягоҳи дастҳо ва ғайраҳо.
  2. Экрани монитор бояд аз чашмон дар масофаи на кам аз 65-70 см ҷойгир бошад. Ба экран аз боло ба поён таҳти кунҷи 15-20 градус нигоҳ кардан лозим аст. Агар ин амал ғайриимкон бошад, он гоҳ мониторро ба мизи иловагии дуюм гузоштан зарур аст, ки баландии он аз баландии мизи асосӣ пасттар бошад.
  1. Агар дар утоқ ба ғайр аз шумо дигар истифодабарандагон низ фаъолият дошта бошанд, он гоҳ ҷои нишасти онҳо бояд ба паси монитор мувофиқ наояд. Нурфишонии монитор ҳамеша дар қисми муқобили экранбудаи он зиёдтар аст.

Саволҳо:

  1. Кадом қисми компютер метавонад ба саломатии инсон таъсири манфӣ расонад?
  2. Кадом қоидаҳои дурусти кор бо компютерро медонед?
  3. Экрани монитор бояд аз чашмон дар кадом масофа ҷойгир бошад?
  4. Нурфишонии монитор аз пеш зиёд аст ё аз қафо?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Коидаҳои дурусти кор бо компютерро дар дафтаратон нависед.

 

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

zolim

Хосияти дуои «Ҳабиб»

Агар касе дар дасти золиме афтад ва ин дуоро бихонад, халос шавад. Ва бо ҳар …