Главная / Маданият ва санъат / Жанрхои разми (чанги), асотири, афсонагуйиву достони, тамсили ва жанри маиши

Жанрхои разми (чанги), асотири, афсонагуйиву достони, тамсили ва жанри маиши

Жанри разми жанри санъати тасвири буда, ба мавзуи чанг бах- шида шудааст.

Жанри разми пеш аз жанри таърихи ба вучуд омадааст. Вай чузъи таркибии жанри таърихи махсуб меёбад, чунки дар тасвир чойи асосиро ишгол мекунад ва ба мухорибахо, эпизодхои хаёти харби бахшида шудааст. Калимаи мазкур (аз фаронсавии bataille) дар тарчума маънои «чанг», «мухориба», «мубориза» дорад.

«Тусатдан хужум килиш». А. Верещагин
«Тусатдан хужум килиш». А. Верещагин

Хамчунин мисли жанри таърихи ин жанр аз рассом инъикоси хакикии ходисахо, мубориза, замони чанг, сару либоси харбиён, асбобу афзоли онхо ва махсусиятхои дигари хамон даврро талаб менамояд.

Размнигор – рассоме, ки мутахассиси тасвири чанг аст. В. Вере- шагин размнигори машхур ба хисоб мерафт.

Жанри асотири (юн. mythos – «гуфтор, ривоят») тасвирест, ки ха- ёлоти халкхои кадимро дар бораи худохо, кахрамонони афсонави ва диловарии онхо ифода менамояд.

Жанри афсонагуйиву достони ба ходисахо ва кахрамонон бахшида шудааст, ки дар бораи онхо асотирхо, ривоятхо, наклу афсонахо, достонхои халкхои чахон накл менамоянд. Барои рас- сомон – тасаввуроти шахси дар бораи асотир.

Жанри тамсили (animal аз калимаи лотини буда, маънояш «хайвон»). Рассомоне, ки хайвонотро тасвир менамоянд, ани­малист меноманд. Дар ин жанр рассомони зиёд фаъолият ме- намоянд. Рассомон-анималистхо кушиш мекунанд на танхо ба шабохати зохири ноил шаванд, балки дар аксхо хислатеро инъи- кос намоянд, ки ба хайвон ё паррандаи тасвиршаванда хос аст, то ин ки фардияти хайвон ифода гардад. Бинобар онхо бояд хислат ва махалли истикомати хайвонотро бидонанд.

Мо дар китоб бо тасвирхои хайвоноти зебо дучор мешавем, ки бо рангхои тобон ифода ёфтаанд. Чи кадаре ки тасвири хайвонот тахайюли ва хакики бошанд, онхо моро бештар ба худ чалб мена- моянд.

Жанри маиши. Жанре, ки тасвири хаёти хамарузаи инсон, тамоми пахлухои хаёти у: мехнат, истирохат, иду рузхои мукаррари, тарзи хаёт ва фаъолияти асосии хаётиро фаро мегирад, жанри маиши номида мешавад.

«Она». А. Сулайманов
«Она». А. Сулайманов
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

46

Адабиёт ва илм дар асри XVI

Вазъияти сиёсие, ки аз аввали асри XVI дар Мовароуннахр ва Хуросон фарохам омад, ба хаёти …