Главная / Маданият ва санъат / Жанрҳои размӣ (ҷангӣ), асотирӣ, афсонагӯйиву достонӣ, тамсилӣ ва жанри маишӣ

Жанрҳои размӣ (ҷангӣ), асотирӣ, афсонагӯйиву достонӣ, тамсилӣ ва жанри маишӣ

Жанри размӣ жанри санъати тасвирӣ буда, ба мавзуи ҷанг бах- шида шудааст.

Жанри размӣ пеш аз жанри таърихӣ ба вуҷуд омадааст. Вай ҷузъи таркибии жанри таърихӣ маҳсуб меёбад, чунки дар тасвир ҷойи асосиро ишғол мекунад ва ба муҳорибаҳо, эпизодҳои ҳаёти ҳарбӣ бахшида шудааст. Калимаи мазкур (аз фаронсавии bataille) дар тарҷума маънои «ҷанг», «муҳориба», «мубориза» дорад.

«Тӯсатдан ҳужум қилиш». А. Верещагин
«Тӯсатдан ҳужум қилиш». А. Верещагин

Ҳамчунин мисли жанри таърихӣ ин жанр аз рассом инъикоси ҳақиқии ҳодисаҳо, мубориза, замони ҷанг, сару либоси ҳарбиён, асбобу афзоли онҳо ва махсусиятҳои дигари ҳамон даврро талаб менамояд.

Размнигор – рассоме, ки мутахассиси тасвири ҷанг аст. В. Вере- шагин размнигори машҳур ба ҳисоб мерафт.

Жанри асотирӣ (юн. mythos – «гуфтор, ривоят») тасвирест, ки ха- ёлоти халқҳои қадимро дар бораи худоҳо, қаҳрамонони афсонавӣ ва диловарии онҳо ифода менамояд.

Жанри афсонагӯйиву достонӣ ба ҳодисаҳо ва қаҳрамонон бахшида шудааст, ки дар бораи онҳо асотирҳо, ривоятҳо, нақлу афсонаҳо, достонҳои халқҳои ҷаҳон нақл менамоянд. Барои рас- сомон – тасаввуроти шахсӣ дар бораи асотир.

Жанри тамсилӣ (animal аз калимаи лотинӣ буда, маънояш «ҳайвон»). Рассомоне, ки ҳайвонотро тасвир менамоянд, ани­малист меноманд. Дар ин жанр рассомони зиёд фаъолият ме- намоянд. Рассомон-анималистҳо кӯшиш мекунанд на танҳо ба шабоҳати зоҳирӣ ноил шаванд, балки дар аксҳо хислатеро инъи- кос намоянд, ки ба ҳайвон ё паррандаи тасвиршаванда хос аст, то ин ки фардияти ҳайвон ифода гардад. Бинобар онҳо бояд хислат ва маҳалли истиқомати ҳайвонотро бидонанд.

Мо дар китоб бо тасвирҳои ҳайвоноти зебо дучор мешавем, ки бо рангҳои тобон ифода ёфтаанд. Чӣ қадаре ки тасвири ҳайвонот тахайюлӣ ва ҳақиқӣ бошанд, онҳо моро бештар ба худ ҷалб мена- моянд.

Жанри маишӣ. Жанре, ки тасвири ҳаёти ҳамарӯзаи инсон, тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ӯ: меҳнат, истироҳат, иду рӯзҳои муқаррарӣ, тарзи ҳаёт ва фаъолияти асосии ҳаётиро фаро мегирад, жанри маишӣ номида мешавад.

«Она». А. Сулайманов
«Она». А. Сулайманов
Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

sayidoi-nasafi

Адабиёт дар асрҳои XVII-XVIII

Асри XVII- нимаи аввали асри XVIII давраҳои бисёр муҳими таърихи адабиёти тоҷик мебошад. Дар аҳди …