Главная / Илм / ИСПАНОХ

ИСПАНОХ

ispanohИСПАНОХ (Spinacia oleracea), исфанох, исфаноч, як навъ сабзавот. Пояаш рости зугуташакл (70 – 80 см кад мекашад), баргаш сершира, мудаввар, нештаршакл ё дарозруяи сабз, сабзи сиёхтоб ё сабзи кушод, руяш суфта ва чиндор. Барги пояаш майдаи бедумча ё кутохдумчаи суфта. Апр. гул карда, май тухм мебандад. И. дар замини сернам ва хосилхез нагз нашъунамо меёбад. Онро одатан баъди помидор, карам, картошка ва зироати диг. кишт мекунанд. И. дар байни точикон аз кадим сабзавоти маъмул аст. И.-ро ба хурок меандозанд, аз барги тару тозааш хуриш тайёр мекунанд.
Абуалии Сино И.-ро давои бисёр беморихо гуфтааст. Хар руз истеъмол кардани он фаъолияти узвхои хозима, кори дил ва инкишофи устухонхоро муътадил мегардонад, ба шахсони гирифтори бемории канду галаёни хун мадад мерасонад. И. махсусан барои кудакон муфид аст, зеро дар таркибаш ба микдори зиёд витамини D2 дорад. Истеъмоли И. ба шахсоне, ки дар организми онхо мубодилаи намак вайрон аст, чоиз намебошад. И. давои пешоброн, исхоловар, рафъи илтихоб ва таквиятбахш аст. Он нафакат авитаминозро пешгири менамояд, балки барои табобати амрози хун ва шуш, заъфи асаб, гастрит, энтероколит, омосхои гуногун ва г. низ муфид мебошад. И. хоса барои одамони гирифтори беморихои гипертония, диабети канди, кабзияти шикам, рахит, сил, зангила (синга) нафъ дорад. Бинобар дар таркиби И. зиёд будани охани зудхазм он бахри беморони гирифтори анемияи бадасл муфид мебошад. Охан дар ташаккули унсури сурхи хун – гемоглобин ширкат меварзад. Ва махз аз хамин сабаб норасоии охан боиси сар задани анемия мешавад. Секретин ном алкалоиде, ки дар таркиби барги И. вучуд дорад, ба кори меъда ва гадуди зери он таъсири мусбат мерасонад, тарашшухи шираи меъдаро меафзояд, иштихоро мекушояд. Аз ин лихоз истеъмоли И.-ро дар мавриди бемории сил ва диг. амрози сирояти муфид мешуморанд. Ба акидаи табибони халки агар И.-ро бо мудовамат бихуранд, барои тафси меъда, ташнаги, табхои гарм, беморихои узвхои даруни сина ва дарди шуш, сил ва дарди миён даво мешавад. Агар онро бо бокило пухта истеъмол кунанд, назлахои гарми аз сар фурояндаро катъ мекунад. Бо оби И.-и тару тоза гар-гара кунанд, дарди гулу ва забончаи халкумро шифо мебахшад. Оби гиёхи тару тозаи онро бо шакар ширин карда, бинушанд дарди гулу, зардпарвин, душвор шошидан, инчунин сузиши пешобро шифо мебахшад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарстенные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vitaminhoi-b1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи муътадили моддахо (хусусан ангиштобхо ё карбогидратхо) зарур аст. …