Главная / Илм / ИНВАЛИДи

ИНВАЛИДи

invalidiИНВАЛИДи (Invaliditas), маъюби, дар натичаи бемори, лат хурдан ё нукси инкишоф муддати дароз ё доими, пурра ё кисман гум кардани кобилияти мехнати. Инвалидхо вобаста ба дарачаи гум кардани кобилияти мехнати ба се гурух чудо мешаванд. Гурухи 1 – уми инвалидиро ба шахсоне мукаррар менамоянд, ки кобилияти мехнатиро пурра, доими ё муддати дароз гум карда, ба нигохубини доимии дигарон (ёри ё назорат) мухточанд (аз он чумла ба онхое, ки дар корхонахои махсус ё хона ба кадри имкон бо мехнат машгул шуданашон мумкин аст). Гурухи 2 – юми инвалиди ба шахсоне, ки кобилияти мехнатиро пурра, доими ё муддати дароз гум карда бошанд хам, ба нигохубин, ёри ё назорати доимии дигарон мухточ нестанд, инчунин ба касоне ки муддати дуру дароз мехнат карданашон манъ аст (кори чисмони мумкин боиси хуручи бемори гардад, мас., хирагии чашм торафт авч гирад), дода мешавад. Гурухи 3 – юми инвалидиро ба шахсоне медиханд, ки аз сабаби бад шудани саломатиашон касб ё хунари пештараи худро дигар давом дода натавониста, ба ягон кори сабук (мутахассис будан шарт нест) мухточ мешаванд.
Аз тарафи давлат вобаста ба гурухи И. андозаи нафака, хусусият ва номгуи диг. намудхои ёрии ичтимои пешбини карда шудааст. Конунгузории давлат дар холатхои зерин хам нафака доданро пешбини менамояд: бемории умуми, беморихои касби, маъюбии мехнати; И. аз овони кудаки; И. то ибтидои фаъолияти мехнати; захмдоршави (контузия, зарбулат, маъюби) дар мухорибахо ё ичрои диг. вазифахои харби; беморие, ки ба он дар фронт гирифтор шудаанд; касали ё маъюбие, ки ба адои хизмати харби ва амалиёти чанги вобаста нестанд.
Дарачаи гум кардани кобилияти мехнат (гуруххои И.)-ро комиссияи тиббии экспертии коршоямии таъминоти ичтимои муайян ва хамзамон сабабхои И.- ро мукаррар мекунад. Комиссияи мазкур шароиту навъи мехнати инвалидон, мувофики ихтисосу авзои саломати кор кардани онхоро мукаррар намуда, дуруст (мувофики хулосаю тавсияи духтурон) истифода бурдани онхоро тафтиш мекунад, билхоса бахри баркарор гардидани кобилияти мехнатии инвалидон шароити мусоид фарохам меорад. Дар натичаи табобат, инчунин таъсири омилхои мусоиди ичтимои дарачаи гум кардани кобилияти мехнати доимо тагийр меёбад, аз ин сабаб мухлати такроран аз комиссия гузаштани инвалидон муайян карда шудааст: гурухи 1 – ум дар 2 сол як бор, гуруххои 2 – 3-юм соле як маротиба. Ин коида ба инвалидоне, ки иллати чисмони доранд ё гирифтори беморихои музмини бедавоанд, инчунин ба инвалидон – мардони синнашон аз 60 боло ва инвалидон – занони синнашон аз 55 боло дахл надорад. Дар натичаи табобат аксари инвалидон аз нав ба мехнати фаъол ва хаёти чамъияти бармегарданд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …