Главная / Илм / ИНВАЛИДӣ

ИНВАЛИДӣ

invalidiИНВАЛИДӣ (Invaliditas), маъюбӣ, дар натиҷаи беморӣ, лат хӯрдан ё нуқси инкишоф муддати дароз ё доимӣ, пурра ё қисман гум кардани қобилияти меҳнатӣ. Инвалидҳо вобаста ба дараҷаи гум кардани қобилияти меҳнатӣ ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд. Гурӯҳи 1 – уми инвалидиро ба шахсоне муқаррар менамоянд, ки қобилияти меҳнатиро пурра, доимӣ ё муддати дароз гум карда, ба нигоҳубини доимии дигарон (ёрӣ ё назорат) мӯҳтоҷанд (аз он ҷумла ба онҳое, ки дар корхонаҳои махсус ё хона ба қадри имкон бо меҳнат машғул шуданашон мумкин аст). Гурӯҳи 2 – юми инвалидӣ ба шахсоне, ки қобилияти меҳнатиро пурра, доимӣ ё муддати дароз гум карда бошанд ҳам, ба нигоҳубин, ёрӣ ё назорати доимии дигарон мӯҳтоҷ нестанд, инчунин ба касоне ки муддати дуру дароз меҳнат карданашон манъ аст (кори ҷисмонӣ мумкин боиси хуруҷи беморӣ гардад, мас., хирагии чашм торафт авҷ гирад), дода мешавад. Гурӯҳи 3 – юми инвалидиро ба шахсоне медиҳанд, ки аз сабаби бад шудани саломатиашон касб ё ҳунари пештараи худро дигар давом дода натавониста, ба ягон кори сабук (мутахассис будан шарт нест) мӯҳтоҷ мешаванд.
Аз тарафи давлат вобаста ба гурӯҳи И. андозаи нафақа, хусусият ва номгӯи диг. намудҳои ёрии иҷтимоӣ пешбинӣ карда шудааст. Қонунгузории давлат дар ҳолатҳои зерин ҳам нафақа доданро пешбинӣ менамояд: бемории умумӣ, бемориҳои касбӣ, маъюбии меҳнатӣ; И. аз овони кӯдакӣ; И. то ибтидои фаъолияти меҳнатӣ; захмдоршавӣ (контузия, зарбулат, маъюбӣ) дар муҳорибаҳо ё иҷрои диг. вазифаҳои ҳарбӣ; беморие, ки ба он дар фронт гирифтор шудаанд; касалӣ ё маъюбие, ки ба адои хизмати ҳарбӣ ва амалиёти ҷангӣ вобаста нестанд.
Дараҷаи гум кардани қобилияти меҳнат (гурӯҳҳои И.)-ро комиссияи тиббии экспертии коршоямии таъминоти иҷтимоӣ муайян ва ҳамзамон сабабҳои И.- ро муқаррар мекунад. Комиссияи мазкур шароиту навъи меҳнати инвалидон, мувофиқи ихтисосу авзои саломатӣ кор кардани онҳоро муқаррар намуда, дуруст (мувофиқи хулосаю тавсияи духтурон) истифода бурдани онҳоро тафтиш мекунад, билхоса баҳри барқарор гардидани қобилияти меҳнатии инвалидон шароити мусоид фароҳам меорад. Дар натиҷаи табобат, инчунин таъсири омилҳои мусоиди иҷтимоӣ дараҷаи гум кардани қобилияти меҳнатӣ доимо тағийр меёбад, аз ин сабаб мӯҳлати такроран аз комиссия гузаштани инвалидон муайян карда шудааст: гурӯҳи 1 – ум дар 2 сол як бор, гурӯҳҳои 2 – 3-юм соле як маротиба. Ин қоида ба инвалидоне, ки иллати ҷисмонӣ доранд ё гирифтори бемориҳои музмини бедавоанд, инчунин ба инвалидон – мардони синнашон аз 60 боло ва инвалидон – занони синнашон аз 55 боло дахл надорад. Дар натиҷаи табобат аксари инвалидон аз нав ба меҳнати фаъол ва ҳаёти ҷамъиятӣ бармегарданд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …