Главная / Илм / ИНГАЛЯТСИЯ

ИНГАЛЯТСИЯ

ingalatsiyaИНГАЛЯТСИЯ (Inhalatio; аз лот. inhalare – нафас кашидан), усули бо нафасгири ба организм ворид кардани бухори дорухо. Шаклхои зерини И. хастанд: 1) буги об ё бухори моддахои буёро нафас гирифтан; 2) нафас кашидани заррачахои хурди моддахои доруи – аэрозолхо, ки дар об хал шудаанд ё дар холати муаллак карор доранд (ин навъи И. – ро аэроингалятсия меноманд); 3) электроаэрозолхо (табобат бо электроаэрозолхо) – аэрозолхои зарядашон мусбат ё манфиро нафас гирифтан; 4) аэроионоингалятсия – нафас гирифтани заррахои хавои атмосфера, ки заряди электрии манфи ё мусбат доранд, яъне аэроионхо (бештар заррахои заряди манфи доштаи оксиген). Бо обхои минерали, аз чумла оби бахр ва равган низ ингалятсия мекунанд. Аз руи харорат И. гарми намдор (махлулро гарм карда), намдор (махлулро гарм накарда) ва буги мешавад.
Маводи доруие, ки ба заррахои хурдтарин пош хурдааст, доираи (майдони ) калони тамоси пайдо карда, ба сатхи зиёдтари луобпардахои рохи нафас бармехурад ва ба хун тез чаббида мешавад. Хангоми беморихои рохи нафас бевосита ба пардахои луобии он таъсир кардани дору бартарии махсус дорад. Махлулхо ва омехтахои махсус ихрочи луобу балгами рохи нафасро осон мекунанд. Хангоми И. буг ва харорат якчоя таъсир мерасонад.
И.-ро асосан барои пешгири ва табобати беморихои шадид ва музмини роххои болои нафас, бронххо ва шуш, барои пешгири ва фуру нишондани хуручи зики нафас, барои табобати газаки пардахои луобии дахон ва г. истифода мебаранд. Дар баъзе корхонахо барои пешгирии беморихои касбие, ки аз сабаби нафас гирифтани чанги истехсолот пайдо мешаванд, навъхои махсуси И.- ро ба кор мебаранд.
Хангоми хунрави аз бини ё хавфи он, хунпартои, зимни баъзе беморихои шуш ва дил, ки камхолии дилу раг ва бекувватии нафас баръало намоён аст, дар мархалахои охирини галаёни хун (фишори баланди хун) истифодаи И. манъ аст. Аз ин ру И.-ро дар хар сурат бояд духтур таъин кунад. И.-ро дар муасиссахои табобати тавассути ингаляторхо мегузаронанд. Моддахои доруиро компрессори дохили ингалятор ба заррахо табдил медихад, ки баъд ба тавассути никоб ё чихози махсус ба бемор мегузаронанд.
И.-ро баъди 1 – 1,5 соати истеъмоли хурок кабул кардан зарур аст. Хангоми И. бемор бояд бо гуфтугу, китобхони ва г. овора нашавад; дар мавриди амрози бини ва чавфхои он зур назада нафасро бо бини, хангоми амрози халкум, хирной, бронх ва шуш бошад, нафасро бо дахон гирифтан ва баровардан зарур аст. Гиребони либосро кушода мондан лозим (ба нафаскаши халал нарасонад). Баъди И. дар муддати як соат гап задан, тамоку кашидан, суруд хондан, истеъмоли хурок тавсия намешавад.
Дар хона аз ингалятори хурд ё ингаляторхои кисагии сохташон гуногун истифода мебаранд; баъзеи онхо («Астмопент», «Ингалипт» ва «Ингакамф») омехтаи доруии тайёр – кофур, ментол, равгани эвкалипт ва г. доранд. Ингаляторхои Махолд, В -176, ИКП-М дорои пошдихак мебошанд (онро пеш аз истифода бо дорувори омехтаи даркори пур мекунанд).
Бо ёрии чунин ингаляторхо рузе 1 – 3 дакикаги 3 – 5 бор И. кардан мумкин аст. Хангоми баъзе беморихои роххои болои нафас бо маслихати духтур И.- и бугиро истифода бурдан мумкин. Дар хотир бояд дошт, ки дар мавриди галаёни хун, беморихои дил, газаки шуш ва бемадори И. манъ аст. И.- и бугиро дар болои дегчаи обаш (4 – 5 истакон) чушидаистодае, ки ба он мувофики таъиноти духтур дорувор илова шудааст, мегузаронанд. Аз когази гафс киф сохта, бо тарафи васеъи он руи дегчаро мепушонанд (сурохи нуги борикро ба дахон гирифта бугро нафас мекашанд. Агар имконияти паи хам гарм кардани об набошад, бо кадри хунук гаштани он оби чуш ва микдори мувофики дорувор мерезанд. Аз болои дегча бе киф хам нафас гирифтан мумкин аст, дар ин маврид ба сар румол ё сачок гирифта, руйро болои дегча медоранд. Ин гуна И.-ро дар як руз 1– 3 дакикаги 1 – 2 бор такрор мекунанд.
Барои пешгирии сухтан И.-и бугиро ба кудакон тахти назорати катъии калонсолон мегузаронанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …