Главная / Техника / ИМКОНИЯТХОИ СИСТЕМАИ ОПЕРАТСИОНИИ WINDOWS

ИМКОНИЯТХОИ СИСТЕМАИ ОПЕРАТСИОНИИ WINDOWS

Доир ба имкониятхои системаи оператсионии MS DOS ва функсияхои он дар синфи 8 муфассал сухан ронда будем. Холо мо ба омузиши системаи оператсионии графикии Windows шуруъ менамоем, ки он барои компютерхои хозиразамони IBM PC системаи стандарти ба хисоб меравад.

Калимаи Windows (Виндовз) дар забони точики тарчумаи тирезахо, равзанахоро дорад. Барои чи ин системаро Windows номидаанд? Гап дар он аст, ки дар ин система хар як программа дар экран дар дохили равзанаи худ тасвир карда мешавад. Бо ёрии элементхои равзанахо бошад, программахо идора ва ичро карда мешаванд.

windows

Windows то имруз аз вариантхои аввалаи худ хеле мукаммалтар гардонида шудааст. Вариантхои Windows 3.1 ва Windows 3.11-ро кабатхои оператсионии графики ном мебаранд. Чаро ин программахоро на системахои оператсиони, балки кабатхои программави мегуянд? Барои он ки пеш аз омодаи кор гаштани онхо, бояд системаи оператсионии MS DOS ба кор шуруъ намояд ва баъд онхоро ин система ба хотира чег занад.

Вариантхои баъдинаи Windows, яъне Windows 95, Windows 98, Windows NT, Windows 2000, Windows ХР бошанд, системахои оператсионии графикии мустакил ба хисоб мераванд, чунки хангоми компютерро ба кувваи барк пайваст намудан, онхо ба кор огоз менамоянд. Хар як варианти баъдинаи Windows аз вариантхои пештарааш имкониятхои зиёдтар дорад. Ракамхои ин системахо соли пайдошавии онхоро нишон медиханд. Масалан, Windows 98 соли 1998 ихтироъ карда шуда, ба гайр аз функсияхои системаи оператсионии MS DOS ва вариантхои пештараи Windows-ро дар бар гирифтанаш, боз имкониятхои алокаи шабакавии компютериро таъмин менамояд.

Кор дар хар гуна варианти Windows аз системаи оператсионии MS DOS дида осонтар ва кулайтар аст. Чаро? Аввалан, барои ба воситаи DOS идора намудани компютер бо ёрии клавиатура командахои зиёди англисиро ба хотираи он дохил намудан зарур аст.

Худи командахо, вазифахои онхо, параметрхояшон ва гайраро аз ёд донистан лозим аст, вагарна барои ичро намудани ягон амалиёт хуччатхои техникии зиёдро доимо мутолиа намудан ва дар назди худ нигох доштан лозим меояд. Баъдан, хар як DOS-программа дар экран намуди зохирии ба худ хос ва мачмуи командахои хоси худро дорад, ки онхо аз командахои программахои дигар ба кулли фарк мекунанд.

Масалан, амалиёти якхелаи нусхабардори ё несткунии фрагменти матни хуччат ва ё гирифтани маълумот оиди ин ё он чабхаи программа, ки кариб барои хамаи программахо хос мебошанд, дар хар як программа ба воситаи командахои гуногун ичро карда мешаванд. Барои хамин хам лозим меояд, ки омузиши хар як DOS-программа аз сифр сар карда шавад.

Чунин норасои ва камбудихо дар системаи оператсионии графикии Windows халли худро ёфтаанд. Windows бароихамаи программахои худ мухити ягонаи кориро (интерфейс) таъмин менамояд. Яъне амалиёти якхела дар хамаи программахо бо ёрии командахои якхела ичро карда мешаванд. Хатто командахои Windows хам аз командахои DOS ба кулли фарк доранд. Дар Windows хар як команда аз руйхати махсуси меню номидашаванда, бо ёрии муш интихоб ва ичро карда мешавад ва хамин тарик, зарурати командаро аз ёд донистан аз байн меравад.

Аз тарафи дигар, хар як Windows-парограмма дар экран дар шакли нишонае инъикос карда мешавад ва барои онро ба кор даровардан танхо ба хамон нишона таъсир расонидан кифоя аст. Азбаски нишонахо доимо дар экран намудоранд, бинобар хамин номи программахоро аз ёд донистан шарт нест.

Бартарии дигари системаи оператсионии Windows аз DOS дар он аст, ки дар ин чо якбора якчанд программаро ба кор дароварда, бо онхо кор кардан мумкин аст. Илова бар ин информатсияи як программаро дар программахои дигар истифода бурдан мумкин аст.

Хамин тарик, системаи оператсионии Windows:

 Интерфейси графикии байни компютер ва истифодабарандаро таъмин менамояд.

 Таъминоти программавии базави ба шумор меравад, ки дар асоси он тахриргарони матни (масалан, Microsoft Word), таблитсахои электрони (масалан, Microsoft Excel), базаи маълумотхо (масалан, Microsoft Access) ва дигар программахои амали кор мекунанд.

 Идоракунии хотираи компютер ва амалиёти дохилкуни ва хоричкунии информатсияро ба ухдаи худ мегирад.

 Программахои хидматии махсусро дар бар мегирад, ки онхо доимо дурустии худи система, программахои он, файлхо, каталогхо ва дискхоро месанчанд ва ба онхо хизмат мерасонанд.

Саволхо:

  1. Windows чи гуна системаи оператсиони аст?
  2. Кадом вариантхои системаи оператсионии Windows-ро медонед?
  3. Системаи оператсионии Windows аз MS DOS чи бартари дорад?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Мухтасар вазифахои системаи оператсионии Windows-ро дар дафтаратон нависед ва бартарихои онро дар мукоиса бо системаи оператсионии MS DOS номбар кунед.

 

Инчунин кобед

Кисмхои компютерхои фарди

Пеш аз хама аз таъминоти дастгохии компютери фарди огоз менамоем: Расми кисмхои асосии компютер Чи …