Главная / Техника / ИМКОНИЯТҲОИ СИСТЕМАИ ОПЕРАТСИОНИИ WINDOWS

ИМКОНИЯТҲОИ СИСТЕМАИ ОПЕРАТСИОНИИ WINDOWS

Доир ба имкониятҳои системаи оператсионии MS DOS ва функсияҳои он дар синфи 8 муфассал сухан ронда будем. Ҳоло мо ба омўзиши системаи оператсионии графикии Windows шурўъ менамоем, ки он барои компютерҳои ҳозиразамони IBM PC системаи стандартӣ ба ҳисоб меравад.

Калимаи Windows (Виндовз) дар забони тоҷикӣ тарҷумаи тирезаҳо, равзанаҳоро дорад. Барои чӣ ин системаро Windows номидаанд? Гап дар он аст, ки дар ин система ҳар як программа дар экран дар дохили равзанаи худ тасвир карда мешавад. Бо ёрии элементҳои равзанаҳо бошад, программаҳо идора ва иҷро карда мешаванд.

windows

Windows то имрўз аз вариантҳои аввалаи худ хеле мукаммалтар гардонида шудааст. Вариантҳои Windows 3.1 ва Windows 3.11-ро қабатҳои оператсионии графикӣ ном мебаранд. Чаро ин программаҳоро на системаҳои оператсионӣ, балки қабатҳои программавӣ мегўянд? Барои он ки пеш аз омодаи кор гаштани онҳо, бояд системаи оператсионии MS DOS ба кор шурўъ намояд ва баъд онҳоро ин система ба хотира ҷеғ занад.

Вариантҳои баъдинаи Windows, яъне Windows 95, Windows 98, Windows NT, Windows 2000, Windows ХР бошанд, системаҳои оператсионии графикии мустақил ба ҳисоб мераванд, чунки ҳангоми компютерро ба қувваи барқ пайваст намудан, онҳо ба кор оғоз менамоянд. Ҳар як варианти баъдинаи Windows аз вариантҳои пештарааш имкониятҳои зиёдтар дорад. Рақамҳои ин системаҳо соли пайдошавии онҳоро нишон медиҳанд. Масалан, Windows 98 соли 1998 ихтироъ карда шуда, ба ғайр аз функсияҳои системаи оператсионии MS DOS ва вариантҳои пештараи Windows-ро дар бар гирифтанаш, боз имкониятҳои алоқаи шабакавии компютериро таъмин менамояд.

Кор дар ҳар гуна варианти Windows аз системаи оператсионии MS DOS дида осонтар ва қулайтар аст. Чаро? Аввалан, барои ба воситаи DOS идора намудани компютер бо ёрии клавиатура командаҳои зиёди англисиро ба хотираи он дохил намудан зарур аст.

Худи командаҳо, вазифаҳои онҳо, параметрҳояшон ва ғайраро аз ёд донистан лозим аст, вагарна барои иҷро намудани ягон амалиёт ҳуҷҷатҳои техникии зиёдро доимо мутолиа намудан ва дар назди худ нигоҳ доштан лозим меояд. Баъдан, ҳар як DOS-программа дар экран намуди зоҳирии ба худ хос ва маҷмўи командаҳои хоси худро дорад, ки онҳо аз командаҳои программаҳои дигар ба куллӣ фарқ мекунанд.

Масалан, амалиёти якхелаи нусхабардорӣ ё несткунии фрагменти матни ҳуҷҷат ва ё гирифтани маълумот оиди ин ё он ҷабҳаи программа, ки қариб барои ҳамаи программаҳо хос мебошанд, дар ҳар як программа ба воситаи командаҳои гуногун иҷро карда мешаванд. Барои ҳамин ҳам лозим меояд, ки омўзиши ҳар як DOS-программа аз сифр сар карда шавад.

Чунин норасоӣ ва камбудиҳо дар системаи оператсионии графикии Windows ҳалли худро ёфтаанд. Windows бароиҳамаи программаҳои худ муҳити ягонаи кориро (интерфейс) таъмин менамояд. Яъне амалиёти якхела дар ҳамаи программаҳо бо ёрии командаҳои якхела иҷро карда мешаванд. Ҳатто командаҳои Windows ҳам аз командаҳои DOS ба куллӣ фарқ доранд. Дар Windows ҳар як команда аз рўйхати махсуси меню номидашаванда, бо ёрии муш интихоб ва иҷро карда мешавад ва ҳамин тариқ, зарурати командаро аз ёд донистан аз байн меравад.

Аз тарафи дигар, ҳар як Windows-парограмма дар экран дар шакли нишонае инъикос карда мешавад ва барои онро ба кор даровардан танҳо ба ҳамон нишона таъсир расонидан кифоя аст. Азбаски нишонаҳо доимо дар экран намудоранд, бинобар ҳамин номи программаҳоро аз ёд донистан шарт нест.

Бартарии дигари системаи оператсионии Windows аз DOS дар он аст, ки дар ин ҷо якбора якчанд программаро ба кор дароварда, бо онҳо кор кардан мумкин аст. Илова бар ин информатсияи як программаро дар программаҳои дигар истифода бурдан мумкин аст.

Ҳамин тариқ, системаи оператсионии Windows:

 Интерфейси графикии байни компютер ва истифодабарандаро таъмин менамояд.

 Таъминоти программавии базавӣ ба шумор меравад, ки дар асоси он таҳриргарони матнӣ (масалан, Microsoft Word), таблитсаҳои электронӣ (масалан, Microsoft Excel), базаи маълумотҳо (масалан, Microsoft Access) ва дигар программаҳои амалӣ кор мекунанд.

 Идоракунии хотираи компютер ва амалиёти дохилкунӣ ва хориҷкунии информатсияро ба ўҳдаи худ мегирад.

 Программаҳои хидматии махсусро дар бар мегирад, ки онҳо доимо дурустии худи система, программаҳои он, файлҳо, каталогҳо ва дискҳоро месанҷанд ва ба онҳо хизмат мерасонанд.

Саволҳо:

  1. Windows чӣ гуна системаи оператсионӣ аст?
  2. Кадом вариантҳои системаи оператсионии Windows-ро медонед?
  3. Системаи оператсионии Windows аз MS DOS чӣ бартарӣ дорад?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Мухтасар вазифаҳои системаи оператсионии Windows-ро дар дафтаратон нависед ва бартариҳои онро дар муқоиса бо системаи оператсионии MS DOS номбар кунед.

 

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

klaviatura

КЛАВИАТУРА

Клавиатура барои ба компютер дохил намудани командаҳо ва матни ҳуҷҷатҳо пешбинӣ карда шудааст. Азбаски имрўз …