ИКЛИМ

Иклим чист? Фаслхои солро номбар кунед ва мухлати тахминии фарорасии онхоро дар махалатон накл намоед. Бахору тобистон, тирамох, зимистон чи хел обу хаво мсшавад? Шеърхоеро ба ёд оред, ки обу хавои фаслхои гуногунро васф карда бошанд (масалан, шеъри Абуабдуллохи Рудаки “Омад бахорн хуррам”. “Бахор омад”-и Озод Аминзода…).

Мафхуми иклим. Барои хар махал ин ё он навъи обу хаво хос аст. Дар хар махал низоми муаяни обу хаво мушохида мегардад. Дар баъзе чойхо ивазшавии обу хаво кам ба назар расида, дар дигар махалхо хаво якбора тагйир меёбад. Чунончи, дар наздикии хати истиво тамоми сол харорати баланд, тагйирёбии каму беши харорат (аз 10 то 50) мушохида мешавад, хар руз нисфирузй абрхо зиёд шуда, дар нимаи дуюми руз борони сахт меборад.

iqlimДар марзи Точикистон бошад, ивазшавии чор фасли сол ва обу хавои аз хамдигар фаркунанда аз тобистони гарм то зимистони хунукиаш муътадил хос аст. Дар куххои баланд, махсусан. дар Помири Шарки, зимистон хеле хунук, бардавом ва камбарф мешавад, харорати хаво то 40″С… – 60″ С паст мефарояд. Тобистон кутохи салкин, харорати миёнаи мохи июл дар водии Мургоб 13.5° С мешавад. Дар чануб, дар хамвории Вахш тобистон хеле гарм (харорати миёнаи мохи июл 29°С), зимистон нисбатан мулоим аст (харорати миёнаи мохи январ 1,5° С), барф агар борад, зуд об мешавад.

Хар махал низоми ба худ хоси обу хаво дорад. Масалан; дар Точикистон тобистон Офтоб бар уфук аз хама баланд буда, рузхо дароз, обу хаво хушки гарм мешавад, зимистон нисбатаи хунук буда, ба он тафовути калони харорати байни шабу руз хос аст. Обу хавои як сол обу хавои Солхои гузаштаро айнан такрор намекунад, баъзан аз нишондихандахои миёна фарк мекунад. Вале, бо вучуди ин, дар водихои Точикистон тобистонро хамеша фасли гармтарин, зимистонро фасли хунуки сол меноманд. Ягон вакт обу хавои зимистон гарм ва тобистон хунук нашудааст.

Низоми бисёрсолаи ба ягон махал хоси обу хаво  махали мазкур номида мешавад. Маънои калимаи иклим (лафзи юнони) моили, тамоюл мебошад. Юнониёни кадим тафовути иклимро бевосита ба тамоюли нурихои Офтоб ба сатхи Замин вобаста медонистанд,

Хусусиятхои иклими махал аз руи хисоби миёнав бисёрсолаи харорати хаво, фишори атмосфери, рутубат, абрноки ва боришот муайян карда мешаванд (Дар бораи ахамияти ин унсурхои иклим ба махали худ накл кунед).

Тавсифи иклим. Мушохидаи иклим ва тасвири он кори мураккаб ва мехнатгалаб аст. Иклим аз руи маълумоти обу хавои мох, мавсим ва сол не, балки аз руи мушохидахо» бисёрсолаи обу хаво тасвир карда мешавад. Онро аз руи нишондихандахои бисёрсолаи харорати миёна, рутубат, абрноки ва микдори солонаи боришот хисоб мекунанд. Одатан, ба тасвири иклим маълумотхоро аз хусусан хароратхои баландтарин ва пасттарнн, микдори зиёдтарин ва камтарини боришот ва гайра дар хамаи даврахои мушохида дохил менамоянд.
Барои тавсифи иклим донистани он мухим аст, ки аз болои марзи махал кадом навхои анбухи хаво мегузаранд. Чунонки шумо аллакай мушохида кардед, анбухи хаво гарм ва хунук».

Омилхои асосии иклимхосилкунанда арзи махал, релеф, наздикии бахру укёнусхо ва бодхои доими мебошанд. Вобаста ба арзи махал иклим гарм, муътадил ва хунук мешавад. Нурхои Офтоб дар минтакаи гарм ба руи Замин хамеша мустаким, дар арзхои муъадил андаке моил меафтанд. Дар арзхои кутби бошад, моххои зиёд Офтоб кариб намудор нест, бинобар ин иклими он чо нихоят хунук аст.

Вобаста ба наздик ё дур будани бахру укёнус иклим бахри ва континентали мешавад.

Зарурати донистани хусусиятхои иклим. Иклим барои инкишофи хаёт дар руи Замин нихоят мухим мебошад. Инкишоф ва чойгиршавии хамаи унсурхон табиат – хок, наботот, олами хайвонот, дарё ва кулхо, низоми обхои зеризаминй ва гайра ба иклим зич вобаста аст. Иклим ба релефи махал хам таъсир мерасонад. Масалан. дар шароити иклими хушку амплитудаи калони харорати шабонарузи дар Точикистон хатто чинсхои кухии сахт (монанди санги хоро) нисбатан тез вайрон мешаванд, Бодхои сахти гарбй реги биёбонро ба масофаи хеле зиёд интикол медиханд. Гизогирии дарё, пайдоиши обхези, ба вучуд омадани бод сс.1 ба микдори гарми ва намй вобаста аст.

Дар куххо ва водихои Точикистон олами фаровони наботот ва хайвонот мавчуд аст, ки онхо  хам ба иклим вобастаанд.

Унсурхои мухими иклим – харорат, боришот, бодхо дар айни замон куввахои бузурге мебошанд, ки сатхи Заминро тагйир медиханд (Доир ба нн масъала аз мушохидахоятон дар махали истикомати худ далелхо оред).

Хусусиятхои иклимро надониста чои сохтмони шахр, рох. сарбанду обанборхоро интихоб кардан номумкин аст.

Ахамияти иклим дар хар навъи фаъолияти хочаги, аз чумла сохаи кишоварзи нихоят калон мебошад.

Ба саломатии инсон хусусиятхои иклим таъсири калон мерасонанд. Онхоро хангоми интихоби чои кор ва истирохат ба назар гирифтан лозим аст. Махсусан. дар шароити куххои баланд (монанди Помир, Тиёншон) на хар кас зиста ва кор карда метавонад, зеро организми хама кас ба шароити иклими куххои баланд ба зудй мутобик шуда наметавонад.

Савол ва супориш

  1. Иклим чист?
  2. Унсурхон асосии иклим кадомхоанд? Л. Хусусиятхои иклими махалатонро аз рун накшаи зерин накл кунед: а) харорати миёнаи бисёрсолаи моххои январ ва  июл, амплитуда: харорати баландтарин ва пасттарини давраи мушохида: б) боршпот (микдори миёнаи солона, моххои сербориш ва камбориш); в) бод (самтхои асосии вазидани бод дар моххои январ, март, июл); г) навъхои обу хавои зимистон, бахор ва Тобистон. Маълумотро аз муаллим бигиред.
  3. Баъзан, масалан, тирамох ба чои обу хавои соф, беабру хушк обу хавои нисбатан хунуки сербориш хос аст, хатто барфи тар меборад. Баьзе одамон мегуянд: “Чи хел иклим тагйир ёфт!” Шарх дихед, ки оё ин дурусг аст?

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …