ИҚЛИМ

Иқлим чист? Фаслҳои солро номбар кунед ва мӯҳлати тахминии фарорасии онҳоро дар маҳалатон нақл намоед. Баҳору тобистон, тирамоҳ, зимистон чӣ хел обу ҳаво мсшавад? Шеърхоеро ба ёд оред, ки обу ҳавои фаслҳои гуногунро васф карда бошанд (масалан, шеъри Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ “Омад баҳорн хуррам”. “Баҳор омад”-и Озод Аминзода…).

Мафҳуми иқлим. Барои ҳар маҳал ин ё он навъи обу ҳаво хос аст. Дар ҳар маҳал низоми муаяни обу ҳаво мушоҳида мегардад. Дар баъзе ҷойҳо ивазшавии обу ҳаво кам ба назар расида, дар дигар маҳалҳо ҳаво якбора тағйир меёбад. Чунончи, дар наздикии хати истиво тамоми сол ҳарорати баланд, тағйирёбии каму беши ҳарорат (аз 10 то 50) мушоҳида мешавад, ҳар рӯз нисфирӯзй абрҳо зиёд шуда, дар нимаи дуюми рӯз борони сахт меборад.

iqlimДар марзи Тоҷикистон бошад, ивазшавии чор фасли сол ва обу ҳавои аз ҳамдигар фарқунанда аз тобистони гарм то зимистони хунукиаш мӯътадил хос аст. Дар кӯҳҳои баланд, махсусан. дар Помири Шарқӣ, зимистон хеле хунук, бардавом ва камбарф мешавад, ҳарорати ҳаво то 40″С… – 60″ С паст мефарояд. Тобистон кӯтоҳи салқин, ҳарорати миёнаи моҳи июл дар водии Мурғоб 13.5° С мешавад. Дар ҷануб, дар ҳамвории Вахш тобистон хеле гарм (ҳарорати миёнаи моҳи июл 29°С), зимистон нисбатан мулоим аст (ҳарорати миёнаи моҳи январ 1,5° С), барф агар борад, зуд об мешавад.

Ҳар маҳал низоми ба худ хоси обу ҳаво дорад. Масалан; дар Тоҷикистон тобистон Офтоб бар уфуқ аз ҳама баланд буда, рӯзҳо дароз, обу ҳаво хушки гарм мешавад, зимистон нисбатаи хунук буда, ба он тафовути калони ҳарорати байни шабу руз хос аст. Обу ҳавои як сол обу ҳавои Солҳои гузаштаро айнан такрор намекунад, баъзан аз нишондиҳандаҳои миёна фарқ мекунад. Вале, бо вуҷуди ин, дар водиҳои Тоҷикистон тобистонро ҳамеша фасли гармтарин, зимистонро фасли хунуки сол меноманд. Ягон вақт обу ҳавои зимистон гарм ва тобистон хунук нашудааст.

Низоми бисёрсолаи ба ягон маҳал хоси обу ҳаво  маҳали мазкур номида мешавад. Маънои калимаи иқлим (лафзи юнонӣ) моилӣ, тамоюл мебошад. Юнониёни қадим тафовути иқлимро бевосита ба тамоюли нуриҳои Офтоб ба сатҳи Замин вобаста медонистанд,

Хусусиятҳои иқлими маҳал аз рӯи ҳисоби миёнав бисёрсолаи ҳарорати ҳаво, фишори атмосферӣ, рутубат, абрнокӣ ва боришот муайян карда мешаванд (Дар бораи аҳамияти ин унсурҳои иқлим ба маҳали худ нақл кунед).

Тавсифи иқлим. Мушоҳидаи иқлим ва тасвири он кори мураккаб ва меҳнатгалаб аст. Иқлим аз рӯи маълумоти обу ҳавои моҳ, мавсим ва сол не, балки аз рӯи мушоҳидаҳо» бисёрсолаи обу ҳаво тасвир карда мешавад. Онро аз рӯи нишондихандахои бисёрсолаи ҳарорати миёна, рутубат, абрнокӣ ва миқдори солонаи боришот ҳисоб мекунанд. Одатан, ба тасвири иқлим маълумотҳоро аз хусусан ҳароратҳои баландтарин ва пасттарнн, миқдори зиёдтарин ва камтарини боришот ва ғайра дар ҳамаи давраҳои мушоҳида дохил менамоянд.
Барои тавсифи иклим донистани он муҳим аст, ки аз болои марзи маҳал кадом навҳои анбӯҳи ҳаво мегузаранд. Чунонки шумо аллакай мушоҳида кардед, анбӯҳи ҳаво гарм ва хунук».

Омилҳои асосии иқлимҳосилкунанда арзи маҳал, релеф, наздикии баҳру уқёнусҳо ва бодҳои доимӣ мебошанд. Вобаста ба арзи маҳал иқлим гарм, мӯътадил ва хунук мешавад. Нурҳои Офтоб дар минтақаи гарм ба рӯи Замин ҳамеша мустақим, дар арзҳои мӯъадил андаке моил меафтанд. Дар арзҳои қутбӣ бошад, моҳҳои зиёд Офтоб қариб намудор нест, бинобар ин иқлими он ҷо ниҳоят хунук аст.

Вобаста ба наздик ё дур будани баҳру уқёнус иқлим баҳрӣ ва континенталӣ мешавад.

Зарурати донистани хусусиятҳои иқлим. Иқлим барои инкишофи ҳаёт дар рӯи Замин ниҳоят муҳим мебошад. Инкишоф ва ҷойгиршавии ҳамаи унсурҳон табиат – хок, наботот, олами ҳайвонот, дарё ва кӯлҳо, низоми обҳои зеризаминй ва ғайра ба иқлим зич вобаста аст. Иқлим ба релефи маҳал ҳам таъсир мерасонад. Масалан. дар шароити иқлими хушку амплитудаи калони ҳарорати шабонарӯзӣ дар Тоҷикистон ҳатто ҷинсҳои кӯҳии сахт (монанди санги хоро) нисбатан тез вайрон мешаванд, Бодҳои сахти ғарбй реги биёбонро ба масофаи хеле зиёд интиқол медиҳанд. Ғизогирии дарё, пайдоиши обхезӣ, ба вуҷуд омадани бод сс.1 ба миқдори гармӣ ва намй вобаста аст.

Дар кӯҳҳо ва водиҳои Тоҷикистон олами фаровони наботот ва ҳайвонот мавҷуд аст, ки онҳо  ҳам ба иқлим вобастаанд.

Унсурҳои муҳими иқлим – ҳарорат, боришот, бодҳо дар айни замон қувваҳои бузурге мебошанд, ки сатҳи Заминро тағйир медиҳанд (Доир ба нн масъала аз мушоҳидахоятон дар маҳали истиқомати худ далелҳо оред).

Хусусиятхои иклимро надониста ҷои сохтмони шаҳр, роҳ. сарбанду обанборҳоро интихоб кардан номумкин аст.

Аҳамияти иқлим дар хар навъи фаъолияти хоҷагӣ, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ ниҳоят калон мебошад.

Ба саломатии инсон хусусиятҳои иқлим таъсири калон мерасонанд. Онҳоро ҳангоми интихоби ҷои кор ва истироҳат ба назар гирифтан лозим аст. Махсусан. дар шароити кӯҳҳои баланд (монанди Помир, Тиёншон) на ҳар кас зиста ва кор карда метавонад, зеро организми ҳама кас ба шароити иқлими кӯҳҳои баланд ба зудй мутобиқ шуда наметавонад.

Савол ва супориш

  1. Иқлим чист?
  2. Унсурҳон асосии иқлим кадомҳоанд? Л. Хусусиятҳои иқлими маҳалатонро аз рӯн нақшаи зерин нақл кунед: а) ҳарорати миёнаи бисёрсолаи моҳҳои январ ва  июл, амплитуда: ҳарорати баландтарин ва пасттарини давраи мушоҳида: б) боршпот (миқдори миёнаи солона, моҳҳои сербориш ва камбориш); в) бод (самтҳои асосии вазидани бод дар моҳҳои январ, март, июл); г) навъҳои обу ҳавои зимистон, баҳор ва Тобистон. Маълумотро аз муаллим бигиред.
  3. Баъзан, масалан, тирамоҳ ба ҷои обу ҳавои соф, беабру хушк обу ҳавои нисбатан хунуки сербориш хос аст, ҳатто барфи тар меборад. Баьзе одамон мегӯянд: “Чӣ хел иклим тағйир ёфт!” Шарҳ диҳед, ки оё ин дурусг аст?

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …